Марқӯс* 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЁЗДАҲУМ Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо. 1 Чун наздики Ерусалим, ба Байт‐Фоҷӣ ва Байт‐Ҳинӣ, бар кӯҳи Зайтун расиданд, Ӯ ду шогирди Худро фиристода, 2 Ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, биравед; чун даромадед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, ин ҷо биёред; 3 Ва агар касе ба шумо гӯяд: „Чаро чунин мекунед?“, ба ҷавобаш бигӯед, ки Худованд ба он эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онро ба ин ҷо мефиристад». 4 Онҳо рафта, курраро ёфтанд, ки дар кӯча назди дарвозае бастагӣ буд; ва онро воз карданд. 5 Баъзе касоне ки дар он ҷо истода буданд, ба онҳо гуфтанд: «Чӣ кор доред, ки курраро воз мекунед?» 6 Ба ҷавоби онҳо он чиро гуфтанд, ки Исо фармуда буд; ва онҳоро ба ҳоли худ гузоштанд. 7 Ва курраро назди Исо оварда, ҷомаҳои худро бар он афканданд, то бар он савор шуд. 8 Бисьёр касон ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд. 9 Ва онҳое ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд; «Ҳӯшаъно! Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд! 10 Муборак аст малакути падари мо Довуд, ки ба исми Худованд меояд! Ҳӯшаъно дар арши аъло!» 11 Ва Исо вориди Ерусалим шуда, ба маъбад даромад; ва ҳама чизро аз назар гузаронд, ва чун рӯз бевақт шуда буд, бо он дувоздаҳ ба Байт‐Ҳинӣ рафт. Дарахти анҷири бемева. 12 Рӯзи дигар, чун аз Байт‐Ҳинӣ берун омаданд, гурусна монд; 13 Ва аз дур дарахти анҷирро, ки барг дошт, дида, омад, то шояд чизе бар он биёбад; чун наздик шуд, ҷуз баргҳо чизе наёфт, зеро ки мавсими анҷир ҳанӯз нарасида буд. 14 Ва Исо ба он гуфт: «Пас аз ин то абад касе аз ту мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инро шуниданд. Пок кардани маъбад. 15 Ба Ерусалим омаданд. Исо ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳое ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, оғоз намуд; мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард; 16 Ва нагузошт, ки касе чизеро аз миёни маъбад бардошта гузарад. 17 Ва онҳоро таълим дода, мегуфт: «Оё навишта нашудааст, ки „хонаи Ман хонаи ибодати ҳамаи халқҳо номида хоҳад шуд“? Аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед». 18 Чун китобдонон ва саркоҳинон шуниданд, дар тараддуди он шуданд, ки чӣ тавр Ӯро ба ҳалокат расонанд; зеро аз Ӯ метарсиданд, чунки тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат буданд. 19 Чун рӯз бевақт шуд, Ӯ аз шаҳр берун рафт. 20 Бомдодон, вақте ки мегузаштанд, дарахти анҷирро диданд, ки то реша хушк шудааст. 21 Ва Петрус ба ёд оварда, гуфт: «Эй Устод! Инак дарахти анҷире ки нафрин кардаӣ, хушк шудааст». Дуои имон. 22 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: 23 «Ба Худо имон оваред. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба ин кӯх гӯяд: „Бархоста, худро дар баҳр афкан“, ва дар дили худ шак надошта бошад, балки яқин дорад, ки он чи гӯяд мешавад, — ҳар чӣ гӯяд ба вай ато хоҳад шуд. 24 Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард, — ва ба шумо ато хоҳад шуд. 25 Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе ранҷу озоре кашида бошед, гуноҳи вайро афв намоед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо биомурзад; 26 Аммо агар афв накунед, Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо наомурзад». Масъалаи қудрати Исо. 27 Боз ба Ерусалим омаданд. Ва ҳангоме ки Ӯ дар маъбад мегашт, саркоҳинон, китобдонон ва пирон назди Ӯ омада, 28 Гуфтанд: «Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин қудратро ба Ту додааст, то ин корҳоро кунӣ?» 29 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ба Ман ҷавоб диҳед; он гоҳ Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам; 30 Таъмиди Яҳьё аз осмон буд, ё аз инсон? Ба Ман ҷавоб диҳед». 31 Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд: «Агар гӯем, ки „аз осмон буд“, Ӯ бигӯяд: „Пас чаро ба вай имон наовардед?“ 32 Ва агар гӯем, ки „аз инсон буд“» — аз мардум метарсиданд; зеро ки ҳама Яҳьёро набии барҳақ медонистанд. 33 Ба Исо ҷавоб дода гуфтанд: «Намедонем». Исо ҳам ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом кудрат ин корҳоро мекунам». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden