Марқӯс* 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДАҲУМ Қонуни Исо дар бораи талоқ. 1 Аз он ҷо баромада, ба он сӯи Урдун, ба худуди Яҳудо омад. Боз мардум назди Ӯ шитофтанд; ва Ӯ, аз рӯи одаташ, боз онҳоро таълим медод. 2 Фарисиён наздик омада ва Ӯро озмуданӣ шуда, пурсиданд: «Оё ҷоиз аст, ки мард зани худро талоқ диҳад?» 3 Ба ҷавоби онҳо гуфт: «Мусо ба шумо чӣ фармудааст?» 4 Гуфтанд: «Мусо иҷозат додааст, ки талоқномае навишта ҷудо шаванд». 5 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо ин ҳукмро барои шумо навиштааст; 6 Лекин аз ибтидои офариниш Худо онҳоро марду зан офарид. 7 Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, 8 Ва ҳар ду як тан мешаванд, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. 9 Пас он чиро, ки Худо ба ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад». 10 Дар хона шогирдонаш боз дар ин бора аз Ӯ пурсиданд. 11 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро никоҳ кунад, дар ҳаққи вай зино карда бошад; 12 Ва агар зане аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба никоҳи дигаре дарояд, низ зино карда бошад». Исо кӯдаконро дуои хайр мекунад. 13 Кӯдаконро назди Ӯ меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад; лекин шогирдон ба оварандагон монеъ мешуданд. 14 Чун Исо дид, дарғазаб шуда, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад. 15 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад». 16 Ва онҳоро ба оғӯш кашид ва даст бар онҳо ниҳода, дуои хайр кард. Исо ва ҷавони сарватдор. 17 Вақте ки ба роҳ мебаромад, касе назди Ӯ шитофта, зону бар замин зад ва пурсид: «Эй Устоди некӯ, чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?» 18 Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худон ягона. 19 Аҳкомро медонӣ: „Зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; озор надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун“». 20 Вай ба ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам». 21 Исо ба вай нигариста, дӯст дошт ва гуфт: «Туро як чиз намерасад: бирав, ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва омада, салиб бардор ва Маро пайравӣ кун». 22 Лекин вай аз ин сухан ошуфта ва ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисьёр дошт. Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон душвор аст. 23 Исо ба гирду пеш нигариста, ба шогирдонаш гуфт: «Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст!» 24 Шогирдон аз суханони Ӯ дар ҳайрат шуданд. Исо боз ба ҷавоби онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Ба онҳое ки умеди сарват доранд, даромадан ба Малакути Худо чӣ гуна душвор аст! 25 Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад». 26 Онҳо бағоят дар ҳайрат шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?» 27 Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин на ба Худо; зеро ки ба Худо ҳама чиз имконпазир аст». Мукофоти шогирдон. 28 Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем». 29 Исо ба ҷавоб гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунаду 30 Алҳол, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда хаёти ҷовидонӣ наёбад; 31 Лекин басо аввалин, ки охирин хоҳанд шуд, ва охирин — аввалин». Исо бори сеюм мамот ва эҳьёи Худро пешгӯӣ мекунад. 32 Чун дар роҳи сӯи Ерусалим буданд, Исо пешопеши онҳо мерафт, ва онҳо дар ҳайрат буданд, ва чун аз ақиби Ӯ мерафтанд, ҳаросон мешуданд. Ва Ӯ он дувоздаҳро назди Худ хонда, боз ба гуфтани он чи ба сараш меояд, оғоз намуд: 33 «Инак мо сӯи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро ба марг маҳкум кунанду ба дасти ғайрияҳудиён таслим кунанд; 34 Ва Ӯро тамасхур кунанд, тозиёна зананд, туфборон кунанд, бикушанд; ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад». Хоҳиши иззатталабонаи писарони Забдой. 35 Он гоҳ Яъқуб ва Юҳанно, ду писари Забдой, назди Ӯ омада, гуфтанд: «Эй Устод! Мехоҳем, он чи аз Ту хоҳиш кунем, барои мо бикунӣ». 36 Ба онҳо гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барои шумо бикунам?» 37 Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо лутф намо, ки яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат дар ҷалоли Ту биншинем». 38 Исо ба онҳо гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, биёбед?» 39 Онҳо ба ҷавоб гуфтанд: «Метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Косаеро, ки Ман менӯшам, хоҳед нӯшид ва таъмидеро, ки Ман меёбам, хоҳед ёфт; 40 Лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам; ҷуз онҳое ки барояшон муҳайё шуда бошад». 41 Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз Яъқуб ва Юҳанно норозӣ шуданд. 42 Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда гуфт: «Шумо медонед, ононе ки мири халқҳо ба шумор мераванд, бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд; 43 Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад; 44 Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи ҳама шавад; 45 Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад». Бартимаи кӯр бино шуд. 46 Ба Ериҳӯ омаданд. Вақте ки Ӯ бо шогирдонаш ва мардуми бисьёр аз Ериҳӯ мебаромад, Бартимай ибни Тимай ном кӯре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид. 47 Чун шунид, ки ин Исои Носирист, фарьёдкунон гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман раҳм кун». 48 Бисьёр касон вайро ба хомӯш шудан водор мекарданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман раҳм кун». 49 Исо истода, фармуд, ки вайро бихонанд. Онҳо кӯрро хонда, гуфтанд: «Осуда бош, бархез, ки туро мехонад». 50 Вай ҷомаи худро кашида, бархосту назди Исо омад. 51 Исо ба вай ҷавоб гардонда, гуфт: «Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?» Кӯр ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Мехоҳам бино шавам». 52 Исо ба вай гуфт: «Бирав, ки имонат туро шифо бахшид». Вай дарҳол бино гашта, аз ақиби Исо дар роҳ равона шуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden