Малокӣ 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Мазаммат кардани гуноҳҳои коҳинон ва тамоми қавм. 1 Ва акнун барои шумо, эй коҳинон, чунин ҳукме ҳаст: 2 Агар нашнавед, ва агар дар дили худ ҷо накунед, ки бояд исми Маро ҷалол диҳед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Ман бар шумо лаънат хоҳам фиристод, ва баракоти шуморо лаънат хоҳам гуфт, ва аллакай лаънат гуфтаам, чунки шумо инро дар дили худ ҷо накардаед. 3 Инак, Ман аз боиси шумо зироатро лаънат хоҳам хонд, ва саргинро, яъне саргини идҳои шуморо бар рӯйҳои шумо хоҳам пошид, ва бо ахлот дур карда хоҳед шуд. 4 Ва хоҳед донист, ки Ман ин ҳукмро ба шумо фиристодаам, то ки аҳди Ман бо Левӣ қоим бошад, мегӯяд Худованди лашкарҳо. 5 Аҳди Ман бо ӯ аҳди ҳаёт ва осоиштагӣ буд, ва Ман онҳоро ба хотири тарси ӯ ба ӯ додам, ва ӯ аз Ман метарсид, ва аз исми Ман ларзон буд. 6 Шариати ҳақиқат дар даҳони ӯ буд, ва ноинсофӣ бар лабҳояш ёфт намешуд; дар осоиштагӣ ва ростӣ ба хузури Ман рафтор менамуд, ва касони бисьёрро аз гуноҳ боздошт. 7 Зеро ки лабҳои коҳин донишро маҳфуз медорад, ва шариатро аз даҳони ӯ металабанд, зеро ки ӯ элчии Худованди лашкарҳост. 8 Вале шумо аз роҳ дур шуда, касони бисьёрро дар масъалаҳои шариат дар иштибоҳ андохтед, ва аҳди Левиро шикастед, мегӯяд Худованди лашкарҳо. 9 Бинобар ин Ман низ шуморо пеши тамоми қавм мутанаффир ва залил хоҳам гардонид, чунон ки шумо роҳҳои Маро риоя накардед ва дар масъалаҳои шариат бо рӯбинӣ рафтор намудед. 10 Ҳамаи мо, охир, як падар дорем, ва ҳамаи моро, охир, як Худо офаридааст! Пас чаро дар ҳаққи якдигар хиёнат карда, аҳди падарони худро беҳурмат созем? Гуноҳи заношӯӣ бо завҷаи аҷнабӣ; аҳдшиканӣ нисбат ба Худо ва нисбат ба ёри худ. 11 Яҳудо хиёнат кардааст, ва дар Исроил ва Ерусалим қабоҳат ба амал омадааст, зеро ки Яҳудо қудси Худовандро, ки Ӯ дӯст медошт, беҳурмат сохта, духтари худои бегонаро ба никоҳи худ даровардааст. 12 Худованд ҳар касро, ки чунин амал менамояд, ҳам касеро, ки дар посгоҳаш бедор истода нидо мекунад, ҳам касеро, ки ба он нидо ҷавоб мегардонад, ва ҳам касеро, ки барои Худованди лашкарҳо ҳадия меоварад, аз хаймаҳои Яъқуб маҳв хоҳад кард. 13 Ва ин аст амали дуюме ки шумо кардаед: курбонгоҳи Худовандро бо ашк ва гирья ва нола пӯшонидаед, дар сурате ки Ӯ дигар ба ҳадия назар намеандозад ва онро аз дасти шумо бо хусни таваҷҷӯҳ қабул намекунад. 14 Ва мегӯед: «Аз чӣ сабаб?» Аз он сабаб, ки Худованд дар миёни ту ва завҷаи ҷавонии ту шоҳид буд, ва ту дар ҳаққи вай хиёнат кардаӣ, ва ҳол он ки вай дӯсти ту ва завҷаи ҳамаҳди ту буд. 15 Ва оё онҳоро Худои Ягона, ки ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳ ба Ӯ тааллуқ дорад, наофаридааст? Ва Он Ягона чиро хоҳон аст? Насли Худоро хоҳон аст. Пас, рӯҳи худро нигоҳдорӣ намоед, ва зинҳор касе дар ҳаққи завҷаи ҷавонин худ хиёнат накунад. 16 «Зеро ки Ман аз талоқ нафрат дорам, мегӯяд Худованд Худои Исроил, ва аз касе низ, ки зулмро бар либоси худ мепӯшад, мегӯяд Худованди лашкарҳо; пас, рӯҳи худро нигохдорӣ намоед ва хиёнат накунед». 17 Шумо Худовандро бо суханони худ заҳмат медиҳед, ва мегӯед: «Бо чӣ Ӯро заҳмат додаем?» Бо ин ки шумо мегӯед: «Ҳар бадкирдор дар назари Худованд хуб аст, ва Ӯ ба онҳо таваҷҷӯҳ мекунад», ё ки: «Худои адлу инсоф куҷост?» |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden