Қӯлассиён* 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Ҳаёти масеҳӣ хизматгузорист ба Исои Худованд. 1 Пас, модоме ки шумо бо Масеҳ эҳьё шудаед, он чиро, ки дар афроз аст, биҷӯед, ки он ҷо Масеҳ ба ямини Худо нишастааст; 2 Дар бораи он чи дар афроз аст, фикр кунед, на дар бораи он чи бар замин аст. 3 Зеро ки шумо мурдаед, ва ҳаёти шумо бо Масеҳ дар Худо ниҳон аст: 4 Вақте ки Масеҳ, ки ҳаёти шумост, зоҳир шавад, шумо низ бо Ӯ дар ҷалол зоҳир хоҳед шуд. 5 Пас, андоми заминии худро: зино, нопокӣ, ҳирс, ҳаваси бад ва тамаъкориро, ки он бутпарастист, бикушед, 6 Ки барои онҳо ғазаби Худо бар писарони исьён меояд, 7 Ки шумо низ як вақте дар онҳо рафтор мекардед, ҳангоме ки дар миёни онҳо мезистед. 8 Аммо акнун шумо ҳамаи инҳоро: хашм, ғазаб, кина, бадгӯӣ ва алфози қабеҳи забонатонро тарк намоед; 9 Ба якдигар дурӯғ нагӯед, дар ҳолате ки одами кӯҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур кардаед 10 Ва одами навро дар бар кардаед, ки вай дар дониш ба шабоҳати Офаринандаи худ нав мешавад, 11 Ки дар он ҷо на юнонӣ ҳаст, на яҳудӣ, на хатна, на номахтунӣ, на варварӣ, на скиф, на ғулом ва на озод, балки ҳама чиз ва дар ҳама чиз Масеҳ аст. 12 Пас, ҳамчун баргузидагони муқаддас ва маҳбуби Худо, марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед, 13 Ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед; 14 Ба замми ҳамаи ин шумо муҳаббатро дар бар кунед, ки он маҷмӯи камолот аст; 15 Бигзор дар дилҳои шумо осоиштагии Худо ҳукмфармо бошад, ки шумо ба он дар як Бадан даъват шудаед; ва шукргузор бошед. 16 Бигзор каломи Масеҳ андаруни шумо ба фаровонӣ сокин шавад, ва якдигарро бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед, ва бо файз дар дилҳои худ барои Худованд бисароед. 17 Ва ҳар он чи бо сухан ё амал мекунед, ҳамаашро ба исми Исои Масеҳи Худованд ба ҷо оварда, ба василаи Ӯ Худои Падарро шукр гӯед. Мушоракат дар хонаи имондорон. 18 Эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, чунон ки дар Худованд муносиб аст. 19 Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгир набошед. 20 Эй фарзандон, ба падарону модарони худ дар ҳар бобат итоат намоед, зеро ки ин писандидаи Худованд аст. 21 Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо онҳо маъюс шаванд. 22 Эй ғуломон, ба оғоёне ки ба ҳасби ҷисм доред, дар ҳар бобат итоат намоед, на бо хизматгузории зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки бо соддадилӣ ва бо тарси Худо. 23 Ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад, на барои одамон, 24 Чун медонед, ки аз Худованд меросро мукофот хоҳед гирифт, зеро ки ба Масеҳи Худованд ҳизмат мекунед. 25 Ҳар кӣ ноинсофона рафтор мекунад, мувофиқи ноинсофии худ подош ҳоҳад гирифт: Ӯ рӯйбинӣ надорад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden