Қӯлассиён* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Имондор файзи комилро ба воситаи Писари мучассамшудаи Худо меёбад. 1 ЗЕРО мехоҳам шумо бидонед, ки ман чӣ гуна заҳмат кашидам барои шумо ва барои касоне ки дар Лудкия мебошанд, ва барои ҳамаи онҳое ки қиёфаи маро ба ҳасби ҷисм надидаанд, 2 То ки дилҳои онҳо тасаллӣ ёфта, дар муҳаббат пайванд шавад, барои ҳар сарвати фаҳми комил, то сирри Худо ва Падар ва Масеҳро бидонанд, 3 Ки дар Ӯ ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон аст. Огоҳонидан аз фалсафаи халқҳо ва таълимоти козибонаи яҳудиён. 4 Инро ман барои он мегӯям, ки ҳеҷ кас шуморо бо суханони дилфиреб дар иштибоҳ наандозад; 5 Зеро, агарчи ҷисман ғоибам, рӯҳан бо шумо мебошам, ва саранҷоми хуби шумо ва матонати имони шуморо дар Масеҳ дида, шодӣ мекунам. 6 Пас, чӣ тавре ки Исои Масеҳро ба унвони Худованд қабул кардаед, ҳамон тавр дар Ӯ рафтор намоед, 7 Ки дар Ӯ реша давонда ва бино ёфта, дар имон мустаҳкам шудаед, чунон ки таълим гирифтаед ва шукри зиёде дар он мегӯед. 8 Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фитнаи ботиле ки бар тибқи ривояти инсонӣ, бар тибқи аносири ҷаҳон, на бар тибқи Масеҳ аст, ҷазб накунад. 9 Зеро ки дар Ӯ тамоми пуррагии Илоҳият ҷисман сокин аст, 10 Шумо низ дар Ӯ пуррагӣ доред, ки Ӯ сари ҳар сарварӣ ва ҳукуматдорист; 11 Ва дар Ӯ шумо махтун шудаед, вале на ба хатнае ки бо дасти одамизод сохта шудааст, балки ба хатнаи Масеҳ, ки ҷисми башариро канор мегузорад, 12 Ки бо Ӯ дар таъмид дафн шудаед ва дар Ӯ эҳьё шудаед ба василаи имон ба қуввати Худо, ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, 13 Ва шуморо, ки дар гуноҳҳо ва дар номахтунии ҷисми худ мурда будед, бо Ӯ зинда карда, ҳамаи гуноҳҳотонро омурзид. 14 Ва он дастнависро, ки бо фароизаш моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ӯ хат зада, аз миён бардошт ва бар салиб мехкӯб кард, 15 Ва сарварону ҳукуматдоронро аз қувваташон маҳрум сохта, гирифтори шармандагӣ кард ва бар онҳо дастболо шуд. 16 Пас, бигзор касе шуморо барои хӯрок ва нӯшокӣ, ё дар масъалаи ид, ё навмоҳ, ё шанбе маҳкум накунад: 17 Инҳо сояи чизҳои оянда аст, аммо ҷисм аз они Масеҳ аст. 18 Касе шуморо ба воситаи хоксорӣ ва ибодати фариштагон аз подош маҳрум накунад, дар сурате ки вай ба чизҳое ки надидааст, мудохила менамояд, аз ақли чисмонии худ беҳуда меболад. 19 Инҳо робитаи худро аз сари бадан буридаанд, аз саре ки тамоми бадан ба воситаи буғумҳо ва бандҳо куввати ҳаётбахш гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост. 20 Агар шумо бо Масеҳ нисбат ба аносири ҷаҳон мурда бошед, пас чаро, мисли онҳое ки дар ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, фароизи: 21 «Нарас», «начаш», «даст наков» — ро пайравӣ менамоед, 22 Дар сурате ки онҳо пас аз истеъмол фано мешавад, зеро бар аҳком ва таълимоти инсонӣ бино шудааст? 23 Ҳамаи ин дар ибодати худсарона, хоксорӣ ва озори ҷисм ба назар ҳикмат менамояд, лекин дар ҷилавгирӣ кардани ҷисм фоида надорад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden