Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Қӯлассиён* 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Салом ва дуои ҳавворӣ.

1 Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Тимотиюс

2 Ба муқаддасон ва бародарони амин дар Исои Масеҳ, ки дар Қӯлассо мебошанд: файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.

3 Худо, Падари Худованди мо Исои Масеҳро шукргузорӣ мекунем дар ҳар вақте ки дар ҳаққи шумо дуо мегӯем,

4 Баъд аз шунидани овозаи он имоне ки шумо ба Исои Масеҳ ва он муҳаббате ки ба ҳамаи муқаддасон доред,

5 Ба хотири умеде ки бароятон дар осмон муҳайёст, ки дар бораи он шумо пештар дар каломи ростӣ, яъне дар башорат шунидаед,

6 Ки он ба шумо, чунон ки ба тамоми ҷаҳон низ расидааст, ва он самара мебахшад ва афзоиш меёбад, чунон ки дар миёни шумо низ аз он рӯзе ки файзи Худоро дар ростӣ шунидаед ва донистаед,

7 Чӣ тавре ки аз Эпафрос таълим гирифтаед, ки ӯ ҳамкори маҳбуби мо ва хизматгузори амине барои шумо дар Масеҳ аст,

8 Ва ӯ моро аз муҳаббати шумо, ки дар Рӯҳ аст, огоҳ кардааст.

9 Бинобар ин мо низ аз он рӯзе ки инро шунидаем, дар ҳаққи шумо дуо ва илтимосро бас намекунем, то ки шумо аз дониши иродаи Ӯ дар ҳар ҳикмат ва фаҳми рӯҳонӣ пур шавед,

10 Ба тавре ки муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самара диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед,

11 Ва бар тибқи иқтидори ҷалоли Ӯ бо тамоми қувват мустаҳкам шавед, то ки бо шодӣ дорои ҳар сабот ва сабр бошед,

12 Ва Падарро шукргузорӣ намоед, ки Ӯ моро ба мероси муқаддасон дар нур шарик гардонидааст,

13 Ва Ӯ моро аз салтанати зулмот халосӣ дода, ба Малакути Писари маҳбуби Худ дохил кардааст,

14 Ки дар Ӯ мо фидияе ба воситаи Хуни Ӯ ва омурзиши гуноҳҳоро пайдо кардаем,


Ҷалоли беқиёси шахсият ва корнамоии Масеҳ.

15 Ки Ӯ сурати Худои нонамоён ва нахустзодаи тамоми махлуқот аст;

16 Чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар Ӯ офарида шудааст: хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ ҳукуматдориҳо, — ҳамааш ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ ба вуҷуд оварда шудааст;

17 Ва Ӯ пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар Ӯ вуҷуд дорад.

18 Ва Ӯ сари бадан, яъне Калисост; Ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад,

19 Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар Ӯ сокин бошад,

20 Ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи Ӯ оштӣ диҳад.

21 Ва шуморо, ки як вақте, ба сабаби майл доштанатон ба аъмоли бад, бегона ва душман будед,

22 Ҳоло дар ҷисми башарии Ӯ ба воситаи мамоти Ӯ оштӣ додааст, то ки шуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад,

23 Фақат ба шарте ки шумо дар имон матин ва устувор бошед ва аз умеди башорате ки шунидаед, ҷудо нашавед, ки он ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда шудааст, ва ман, Павлус, хизматгузори он гардидаам.


Вазифаи мубораки ҳавворӣ дар бобати ба халқҳо мавъиза кардани сирри таъиноти Худо.

24 Алҳол дар уқубатҳои худ барои шумо шодмонам ва камии андӯҳҳои Масеҳро дар ҷисми худ барои Бадани Ӯ, ки Калисост, пур мекунам,

25 Ки ман хизматгузори он гардидаам мувофиқи ваколати Худо, ки барои шумо ба ман ато шудааст, то ки мавъизаи каломи Худоро ба ҷо оварам,

26 Яъне он сирро, ки асрҳои аср аз наслҳо ниҳон буд ва ҳоло ба муқаддасони Ӯ ошкор шудааст,

27 Ки ба онҳо Худо таваҷҷӯҳ намуда огоҳӣ дод, ки сарвати ҷалоли ин сирро барои халқҳо огоҳӣ диҳам, ва он сир ин аст, ки Масеҳ дар шумо умеди ҷалол аст,

28 Ва Ӯро мо мавъиза намуда, ба ҳар кас мефаҳмонем ва ба ҳар кас ҳар ҳикматро ёд медиҳем, то ки ҳар касро дар Исои Масеҳ комил гардонда ҳозир кунем;

29 Барои ҳамин ҳам ман меҳнат мекунам ва бо таъсири куввати Ӯ, ки дар ман қодирона амал мекунад, ҷидду ҷаҳд менамоям.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan