Корнома* 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ НӮҲУМ Имон овардани Шоул. 1 Шоул, ки ҳанӯз таҳдид ва қатл бар шогирдони Худованд меангехт, назди саркоҳин рафт 2 Ва аз ӯ номаҳо барои куништҳои Димишқ пурсида гирифт, то ки агар марде ё занеро аз пайравони ин тариқат биёбад, бандӣ карда, ба Ерусалим оварад. 3 Дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик омад, баногоҳ нуре аз осмон давродаври ӯ дурахшид; 4 Ӯ бар замин афтод ва овозе шунид, ки мегуфт: «Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ?» 5 Гуфт: «Худовандо, Ту кистӣ?» Худованд гуфт: «Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ; лагад заданат ба сихак душвор аст». 6 Ва ӯ ба ларза ва даҳшат афтода, гуфт: «Худовандо! Чӣ амр мефармоӣ, то ба ҷо оварам?» Ва Худованд дар ҷавоб гуфт: «Бархез ва ба шаҳр бирав, ва дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ». 7 Аммо онҳое ки ҳамсафари ӯ буданд, моту мабҳут меистоданд, зеро ки он садоро шуниданд, лекин ҳеҷ касро надиданд. 8 Шоул аз замин бархост, ва чашмонаш кушода бошад ҳам, ҳеҷ касро намедид; аз дасташ гирифта, ӯро ба Димишқ бурданд; 9 Дар он ҷо се рӯз нобино монд, ва чизе нахӯрд ва нанӯшид. 10 Дар Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд; Худованд дар рӯъё ба ӯ гуфт: «Эй Ханониё!» Ҷавоб дод: «Лаббай, Худовандо!» 11 Худованд ба ӯ гуфт: «Бархез ва ба кӯчае ки Рост ном дорад, бирав ва Шоул ном тарсусиро дар ҳонаи Яҳудо суроғ кун, ки ӯ ҳоло ба дуо машғул аст 12 Ва Ханониё ном шахсеро дар рӯъё дидааст, ки омада, бар ӯ даст гузоштааст, то ки бино шавад». 13 Ҳанониё дар ҷавоб гуфт: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисьёр касон шунидаам, ки дар Ерусалим ба муқаддасони Ту чӣ қадар бадиҳо кардааст; 14 Дар ин ҷо низ аз саркоҳинон изн дорад, ки ҳамаи касонеро, ки исми Туро мехонанд, бандӣ кунад». 15 Аммо Худованд ба вай гуфт: «Ту бояд биравӣ, зеро ки ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқхо ва подшоҳон ва банӣ‐Исроил эълон намояд; 16 Зеро ки Ман ба ӯ нишон хоҳам дод, ки барои исми Ман ӯ чӣ қадар азобу уқубат бояд бикашад». 17 Ҳанониё рафта, ба он хона даромад ва даст бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй бародар Шоул! Исои Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то ки боз бино гардӣ ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ». 18 Дарҳол аз чашмони ӯ чизе монанди пулакча афтода, бино шуд, ва бархоста, таъмид гирифт 19 Ва ҳӯрок ҳӯрда, қувват гирифт. Якчанд рӯз Шоул бо шогирдон дар Димишқ монд; 20 Дарҳол дар куништҳо дар ҳаққи Исо мавъиза кардан гирифт ва гуфт, ки Ӯ Писари Худост. 21 Ҳар кӣ суханонашро мешунид, дар ҳайрат афтода, мегуфт: «Магар ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим касонеро, ки ин исмро ба забон меоварданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ ӯ барои он наомада буд, ки онҳоро бандӣ карда, назди саркоҳинон барад?» 22 Аммо Шоул дар мавъизаи худ торафт бештар қувват мегирифт ва яҳудиёни сокини Димишқро дар ҳайрат андохта, исбот мекард, ки Ҳамин Исо Масеҳ аст. 23 Баъд аз гузаштани якчанд вақт яҳудиён қасд карданд, ки ӯро бикушанд. 24 Шоул аз қасди онҳо хабардор шуд; вале онҳо шабу рӯз назди дарвозаи шахр поида меистоданд, то ки ӯро бикушанд. 25 Шогирдон ӯро шабона гирифта, дар сабаде гузоштанд ва аз девори шаҳр поён фуроварданд. Павлус ба Ерусалим меояд. 26 Вақте ки Шоул ба Ерусалим расид, ҳост ба шогирдон ҳамроҳ шавад, лекин ҳама аз ӯ метарсиданд ва бовар намекарданд, ки ӯ шогирд аст. 27 Он гоҳ Барнаббо ӯро гирифта, назди ҳаввориён овард ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худовандро дар роҳ дидааст, ва Худованд ба ӯ сухан гуфтааст, ва чӣ гуна ӯ дар Димишқ ба исми Исо далерона мавъиза намудааст. 28 Пас аз он ӯ дар Ерусалим бо онҳо омаду рафт мекард ва ба исми Исои Худованд далерона мавъиза менамуд. 29 Бо яҳудиёни юнонизабон низ гуфтугӯ ва мубоҳиса мекард, ва онҳо қасд карданд, ки ӯро бикушанд. Павлус ба Тарсус бармегардад. 30 Чун бародарон аз ин хабардор шуданд, ӯро ба Қайсария фиристоданд ва аз он ҷо ба Тарсус гусел карданд. 31 Он вақт аҳли калисоҳо дар сар то сари Яҳудо, Ҷалил ва Сомария дар оромӣ буда, обод мешуданд ва модоме ки дар тарси Худованд ва тасаллои Рӯҳулқудс рафтор мекарданд, меафзуданд. Петрус дар Лидда. Шифо ёфтани Аниёс. 32 Ва воқеъ шуд, ки Петрус дар тамоми ноҳия гашта, назди муқаддасони сокини Лидда низ омад; 33 Дар он ҷо Аниёс ном шаҳсеро дид, ки ҳашт сол боз фалаҷ шуда, болои бистар хобида буд. 34 Петрус ба ӯ гуфт: «Эй Аниёс! Исои Масеҳ туро шифо медиҳад; аз бистарат бархез». Ӯ дарҳол бархост, 35 Ва ҳамаи сокинони Лидда ва Сорӯн ӯро дида, ба Худованд рӯй оварданд. Петрус дар Ёфо. Тобито аз мурдагон эҳьё шуд. 36 Дар Ёфо шогирде буд, зане ба номи Тобито, ки маънояш Ғизол аст, ва ӯ хеле некӯкор буд ва садақоти бисьёре медод. 37 Ва воқеъ шуд дар он айём, ки ӯ касал шуда, мурд, ва ӯро ғусл дода, дар болоҳонае гузоштанд. 38 Азбаски Лидда ба Ёфо наздик буд, ва шогирдон шунида буданд, ки Петрус дар он ҷост, ду касро назди ӯ фиристода, хоҳиш карданд, ки бо зудӣ назди онҳо биёяд. 39 Петрус бархоста, бо онҳо рафт, ва чун расид, ӯро ба он болоҳона бароварданд, ва ҳамаи бевазанон гирьякунон назди ӯ меистоданд ва куртаю ҷомаҳоеро, ки Ғизол дар зиндагии худ дӯхта буд, ба ӯ нишон медоданд. 40 Петрус ҳамаро берун карда, зону зад ва дуо гуфт ва ба ҷасад рӯй оварда, гуфт: «Эй Тобито! Барҳез!» Вай дарҳол чашмонашро кушод ва Петрусро дида, бинишаст. 41 Аз дасташ гирифта, ба по хезонд ва муқаддасону бевазанонро даъват намуда, ӯро ба онҳо зинда супурд. 42 Ин ҳодиса дар тамоми Ёфо овоза шуд, ва бисьёр касон ба Худованд имон оварданд. 43 Чандин рӯз ӯ дар Ёфо назди Шимъӯн ном даббоғе монд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden