Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Корнома* 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАШТУМ Таъқиботи чорум. Шоул — таъқибкунандаи асосӣ.

1 Шоул низ ба қатли ӯ розӣ буд. Дар он рӯз таъқиботи шадиде бар зидди аҳли калисои Ерусалим ба амал омад, ва ҳама, ғайр аз ҳаввориён, ба ноҳияи Яҳудо ва Сомария пароканда шуданд;

2 Мардуми некӯкор Истефанусро дафн карда, барои ӯ мотами азиме гирифтанд.

3 Аммо Шоул аҳли калисоро азоб медод ва хона ба хона гашта, мардон ва занонро кашола карда мебурду дар зиндон меандохт.

4 Дар ин миён онҳое ки пароканда шуда буданд, ба ҳар ҷое ки мерафтанд, аз калом башорат медоданд.


Хизматгузории Филиппус. Инҷил дар Сомария.

5 Чунончи, Филиппус ба як шаҳри Сомария омада, ба онҳо Масеҳро мавъиза мекард;

6 Мардум ба суҳанони Филиппус якдилона гӯш медоданд ва мӯъҷизотеро, ки ба амал меовард, мешуниданд ва медиданд;

7 Зеро ки арвоҳи палид аз бисьёр мубталоён наъра кашида берун мешуданд, ва мафлуҷону лангони бисьёре шифо меёфтанд,

8 Ва шодии азиме дар он шаҳр падид омад.


Шимъӯни ҷодугар.

9 Шимъӯн ном марде дар он шаҳр буд, ки пештар ҷодугарӣ мекард ва мардуми Сомарияро дар ҳайрат меандохт ва худро шахси бузурге вонамуд месохт;

10 Ҳама, аз хурд то калон, ба ӯ гӯш андохта, мегуфтанд: «Ин шахс қуввати азими Худост».

11 Аз он сабаб ба ӯ гӯш меандохтанд, ки ӯ муддати дарозе онҳоро бо ҷодугарии худ ба ҳайрат меовард.

12 Лекин вақте ки ба башорати Филиппус дар бораи Малакути Худо ва исми Исои Масеҳ имон оварданд, мардон ва занон таъмид гирифтанд.

13 Худи Шимъӯн низ имон овард ва таъмид гирифт ва ҳамеша ҳамроҳи Филиппус буд; ва аз дидани аломот ва мӯъҷизоти азиме ки ба амал меомад, дар ҳайрат мемонд.

14 Ҳаввориёне ки дар Ерусалим буданд, чун шуниданд, ки аҳли Сомария каломи Худоро қабул кардаанд, Петрус ва Юҳанноро назди онҳо фиристоданд,

15 Ва чун омаданд, барои онҳо дуо гуфтанд, то ки Рӯҳулқудсро қабул кунанд:

16 Зеро ки Рӯҳ ҳанӯз бар ҳеҷ кадоме аз онҳо нозил нашуда буд, балки фақат ба исми Исои Худованд таъмид ёфта буданд;

17 Пас, дастҳои худро бар сари онҳо гузоштанд, ва онҳо Рӯҳулқудсро қабул карданд.

18 Шимъӯн, чун дид, ки бо дастгузории ҳаввориён Рӯҳулқудс ато мешавад, ба онҳо пул овард

19 Ва гуфт: «Ин қудратро ба ман низ бидиҳед, то ки ба ҳар кас даст гузорам, Рӯҳулқудсро қабул кунад».

20 Аммо Петрус ба вай гуфт: «Бигзор пулат бо ту нест шавад, чунки ту гумон кардаӣ, ки атои Худоро ба бадали пул биҳарӣ;

21 Туро аз ин чиз насибе ва баҳрае нест, зеро ки дилат дар ҳузури Худо рост намебошад;

22 Акнун аз ин шарорати ҳуд тавба кун ва ба Худо дуо гӯй: шояд, ин қасди дилат омурзида шавад;

23 Зеро мебинам, ки пур аз заҳраи талх ва гирифтори қайди шарорат ҳастӣ».

24 Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Шумо барои ман ба Худованд дуо гӯед, то ки чизе аз он чи гуфтед, ба ман рӯй надиҳад».

25 Онҳо, пас аз он ки шаҳодат доданд ва каломи Худовандро мавъиза карданд, ба Ерусалим баргаштанд ва дар бисьёре аз деҳоти Сомария аз Инҷил башорат доданд.


Филиппус ва ҳабашӣ.

26 Фариштаи Худованд ба Филиппус гуфт: «Бархез ва ба тарафи ҷануб, ба роҳе ки аз Ерусалим сӯи Ғазза меравад, ва роҳи биёбон аст, равона шав».

27 Бархост ва равона шуд. Ва инак, шаҳси ҳабашӣ, хоҷасаро ва кабири Кандока маликаи Ҳабаш, нигаҳбони тамоми хазинаи вай, ки ба Ерусалим барои ибодат омада буд,

28 Ба ватан бармегашт ва бар аробаи худ нишаста, китоби Ишаъёи набиро мехонд.

29 Рӯҳ ба Филиппус гуфт: «Наздик биё ва ба он ароба ҳамроҳ шав».

30 Филиппус ба он ҷо давида, шунид, ки китоби Ишаъёи набиро меҳонад. Гуфт: «Оё мефаҳмӣ он чиро, ки мехонӣ?»

31 Гуфт: «Чӣ гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамоӣ накунад?» Ва аз Филиппус хоҳиш кард, ки ба ароба савор шуда, бо ӯ бинишинад.

32 Порчае ки аз Навиштаҳо мехонд, ин буд: «Мисли гӯсфанде Ӯро ба забҳ бурданд, ва мисли баррае ки назди пашмтарошаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард;

33 Дар таҳқири Ӯ инсофро аз Ӯ гирифтанд, ва насли Ӯро кӣ шарҳ хоҳад дод? Зеро ки ҳаёти Ӯ аз замин қатъ карда шуд».

34 Он хоҷасаро ба Филиппус гуфт: «Аз ту саволе дорам, ки набӣ инро дар ҳаққи кӣ мегӯяд? Оё дар ҳаққи худаш ё дар ҳаққи каси дигаре?»

35 Он гоҳ Филиппус даҳони худро кушод ва аз ҳамон Навишта сар карда, ба ӯ аз Исо башорат дод.

36 Дар ин миён, дар аснои роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: «Инак, об; ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?»

37 Филиппус гуфт: «Агар аз таҳти дил имон оварда бошӣ, ҷоиз аст». Вай дар ҷавоб гуфт: «Имон дорам, ки Исои Масеҳ Писари Худост».

38 Сонӣ фармон дод, ки аробаро нигоҳ дорад, ва ҳар ду, Филиппус ва хоҷасаро, ба об фуромаданд, ва ӯро таъмид дод.

39 Вақте ки аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро даррабуд, ва хоҷасаро дигар ӯро надида, роҳи худро бо хурсандӣ давом дод.

40 Аммо Филиппус дар Ашдӯд пайдо шуд ва дар ҳамаи шаҳрҳо гашта, башорат медод, то даме ки ба Қайсария расид.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan