Корнома* 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФТУМ Нутқи Истефанус ба ҳузури шӯрои пирон. 1 Он гоҳ саркоҳин пурсид: «Оё инҳо рост мегӯянд?» 2 Ба ҷавоб гуфт: «Эй бародарон ва эй падарон, гӯш кунед! Худои Зулҷалол ба падари мо Иброҳим, вақте ки ӯ дар Байнаннаҳрайн буд, яъне пеш аз он ки ба Ҳоррон муҳоҷират кунад, зоҳир шуд 3 Ва ба ӯ гуфт: „Замини худ ва ақрабои худро тарк намо ва сӯи замине ки ба ту нишон медиҳам, равона шав“. 4 Аз замини калдониён берун омада, дар Ҳоррон маскан гирифт; баъд аз вафоти падараш, Худо ӯро аз он ҷо ба замине ки шумо дар он иқомат доред, кӯчонид 5 Ва аз он ба андозаи як кафи пой ҳам ба тасарруфи ӯ надод, вале дар ҳамон вақте ки ӯ ҳанӯз фарзанде надошт, ваъда кард, ки ӯро ва баъд аз ӯ наслашро молики он гардонад. 6 Ва Худо ба ӯ гуфт, ки насли ӯ дар замини бегона монанди ғарибон зиндагӣ ҳоҳанд кард, ва муддати чорсад сол онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дошта, азоб ҳоҳанд дод. 7 „Аммо Ман“, гуфт Худо, „бар он ҳалқе ки онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дорад, доварӣ хоҳам кард, ва баъд аз он онҳо берун омада, дар ин макон ба Ман ибодат хоҳанд кард“. 8 Ва аҳди ҳатнаро ба ӯ дод. Пас аз ин Иброҳим падари Исҳоқ шуда, дар рӯзи ҳаштум ӯро хатна кард; ва Исҳоқ падари Яъқуб ва Яъқуб падари дувоздаҳ сарқабила гардид. 9 Сарқабилаҳо аз Юсуф ҳасад бурда, ӯро ба Миср фурӯхтанд; лекин Худо бо ӯ буд 10 Ва ӯро аз ҳамаи мусибатҳояш халосӣ дод, ва ба ӯ ҳикмат ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар назари фиръавн подшоҳи Миср баҳшид, то ӯро бар Миср ва бар тамоми ҳонаи худ ҳукмфармо таъин кард. 11 Дар тамоми замини Миср ва Канъон қаҳтӣ рӯй дода, боиси кулфати бузурге гардид, ва падарони мо қуте наёфтанд. 12 Чун Яъқуб шунид, ки дар Миср ғалла ёфт мешавад, бори аввал падарони моро ба он ҷо фиристод; 13 Дар сафари дуюм Юсуф ҳудро ба бародаронаш шиносонид, ва аслу насаби Юсуф ба фиръавн маълум шуд. 14 Юсуф кас фиристода, падари ҳуд Яъкуб ва тамоми хешу таборашро, ки ҳафтоду панҷ нафар буданд, даъват намуд. 15 Яъқуб ба Миср омад, ва ҳудаш ва падарони мо вафот ёфтанд; 16 Онҳоро ба Шакем бурда, дар мақбарае ки Иброҳим аз банӣ‐Ҳамӯри шакемӣ ба нуқраи худ харида буд, дафн карданд. 17 Баробари наздик омадани вақти ваъдае ки Худо дар бораи он ба Иброҳим қасам ёд карда буд, қавм дар Миср меафзуд ва бузург мешуд, 18 То даме ки подшоҳи дигаре ба тахт нишаст, ки Юсуфро намешиноҳт; 19 Ӯ бар зидди нажоди мо найрангбозӣ карда, падарони моро ба танг овард ва амр фармуд, ки кӯдакони навзоди худро бароварда партоянд, то ки зинда намонанд. 20 Дар он вақт Мусо таваллуд шуд, ки дар назди Худо бағоят ҷамил буд, ва муддати се моҳ дар ҳонаи падари худ парвариш ёфт; 21 Ҳангоме ки ӯро бароварда партофтанд, дуҳтари фиръавн ӯро гирифта, ҳамчун фарзанди худ калон кард; 22 Мусо тамоми ҳикмати Мисрро таълим гирифта, дар сухан ва амал қавӣ шуд. 23 Вақте ки ӯ чиҳилсола шуд, ба дилаш омад, ки бародарони худ, банӣ‐Исроилро тафаққуди ҳол кунад; 24 Чун якеро мазлум дид, ӯро ҳимоят кард ва интиқоми он ситамкашро гирифта, мисриро кушт. 25 Ӯ гумон мекард, ки бародаронаш ҳоҳанд фаҳмид, ки Худо ба василаи ӯ онҳоро наҷот медиҳад, аммо онҳо нафаҳмиданд. 26 Рӯзи дигар назди онҳо омада дид, ки муноқиша мекунанд, ва онҳоро оштӣ доданӣ шуда, гуфт: „Эй мардумон, шумо бародар ҳастед, чаро яқдигарро меранҷонед?“ 27 Вале он касе ки ба ёри ҳуд тааддӣ мекард, ӯро тела дода, гуфт: „Кӣ туро бар мо ҳоким ва қозӣ таъин кардааст? 28 Оё меҳоҳӣ маро низ бикушӣ, чунон ки дирӯз он мисриро куштӣ?“ 29 Мусо, ҳамин ки ин суханонро шунид, гурехта рафт ва дар замини Мидьён ғурбат ихтиёр кард, ва дар он ҷо аз ӯ ду писар таваллуд шуд. 30 Чун чиҳил сол гузашт, дар биёбони атрофи кӯҳи Сино фариштаи Худованд дар шӯълаи буттаи фурӯзон ба ӯ зоҳир шуд. 31 Мусо, чун дид, аз ин рӯъё дар ҳайрат афтод, ва ҳангоме ки наздик меомад, то ки назар андозад, садои Худованд ба гӯшаш расид: 32 „Ман Худои падарони ту, Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам“. Мусо ба ларза даромада, ҷуръат накард, ки назар андозад. 33 Худованд ба ӯ гуфт: „Кафшҳоятро аз пойҳоят бикаш, зеро ҷое ки дар он истодаӣ, замини муқаддас аст; 34 Ситамеро, ки қавми Ман дар Миср мекашанд, дидаам ва оҳу нолаи онҳоро шунидаам ва барои наҷот додани онҳо фуромадаам; акнун биё, то ки туро ба Миср бифиристам“. 35 Ҳамон Мусоро, ки рад карда, гуфта буданд: „Кӣ туро ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?“, Худо ба василаи фариштае ки дар бутта ба ӯ зоҳир шуд, ҳоким ва раҳокунанда таъин намуда, фиристод; 36 Ӯ онҳоро берун оварда, дар давоми чиҳил сол дар замини Миср ва дар баҳри Қулзум ва дар биёбон мӯъҷизоту аломот ба амал овард. 37 Ин ҳамон Мусост, ки ба банӣ‐Исроил гуфт: „Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён ҳоҳад овард; ба суҳанони Ӯ гӯш диҳед“. 38 Ин ҳамон аст, ки дар ҷамоат дар биёбон бо фариштае ки дар кӯҳи Сино бо ӯ суҳан гуфт, ва бо падарони мо буд, ва калимоти зиндаро қабул кард, то ки ба мо бирасонад, 39 Вале падарони мо нахостанд ба ӯ итоат намоянд, балки ӯро рад карданд, ва дилҳои онҳо сӯи Миср моил шуд 40 Ва ба Ҳорун гуфтанд: „Барои мо ҳудоёне бисоз, ки пешопеши мо равона бошанд, зеро намедонем, бар сари Мусо, ки моро аз замини Миср берун овард, чӣ омадааст“. 41 Дар он айём гӯсолае соҳтанд ва ба он бут курбониҳо карданд ва аз аъмоли дастҳои худ ҳеле шод гаштанд. 42 Аммо Худо аз онҳо рӯй гардонда, вогузор кард, ки сипоҳи осмонро парастиш намоянд, чунон ки дар китоби анбиё навишта шудааст: „Эй ҳонадони Исроил! Оё дар давоми чиҳил сол дар биёбон барои Ман қурбониҳо ва ҳадияҳо такдим кардед? 43 Хаймаи Малук ва кавкаби ҳудои ҳуд Римфонро бардошта мегаштед, ки ин санамҳоро барои парастиш сохта будед; пас, шуморо ба он тарафи Бобил бадарға хоҳам кард“. 44 Падарони мо дар биёбон хаймаи шаҳодат доштанд, чунон ки Худо ба Мусо амр фармуда гуфта буд, ки онро мувофиқи намунае ки дидааст, бисозад. 45 Онро падарони мо гирифта, ҳамроҳи Еҳушаъ ба мулки қавмҳо оварданд, вақте ки Худо онҳоро аз сари роҳи падарони мо бадар ронд, ва ҳайма то замони Довуд дар он ҷо монд, 46 Ки ӯ дар ҳузури Худо илтифот ёфт ва дарҳост намуд, ки маскане барои Худои Яъқуб омода кунад. 47 Вале Сулаймон барои Ӯ хонае соҳт. 48 Аммо Ҳаққи Таоло дар маъбадҳои соҳтаи дасти инсон маскан намегирад, чунон ки набӣ гуфтааст: 49 „Осмон, мегӯяд Худованд, курсии Ман аст, ва замин пойандози Ман; чӣ гуна хонае барои Ман бино хоҳед кард ва чӣ гуна маконе барои оромиши Ман? 50 Магар ҳамаи ин чизҳоро дасти Ман наофаридааст?“ 51 Эй гарданкашон! Эй соҳибони дилҳо ва гӯшҳои номахтун! Шумо ҳамеша ба Рӯҳулқудс муқобилат мекунед, шумо низ монанди падарони худ ҳастед: 52 Кист аз анбиё, ки падарони шумо ӯро таъқиб накарда бошанд? Онҳо касонеро куштанд, ки аз омадани Он Одил пешакӣ ҳабар дода буданд, ва алҳол шумо худи Ӯро таслим кардед ва ба қатл расондед, 53 Оре, шумо Тавротро, ки ба василаи фариштагон барқарор шуд, қабул кардед, вале аз риояи он гардан тофтед». Риёзаткаши аввалин. Қайди якум дар бораи Павлус. 54 Чун инро шуниданд, он қадар дарғазаб шуданд, ки дандонҳои худро ба ҳам месоиданд. 55 Аммо ӯ, ки пур аз Рӯҳулқудс буд, сӯи осмон нигариста, ҷалоли Худо ва Исоро, ки ба ямини Худо истода буд, дид 56 Ва гуфт: «Инак, осмонро кушода ва Писари Одамро ба ямини Худо истода мебинам». 57 Вале онҳо бо овози баланд фарьёд зада ва гӯшҳои худро маҳкам карда, якдилона ба ӯ ҳамла оварданд 58 Ва аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд, ва шоҳидон ҷомаҳои худро назди пойҳои ҷавоне ки Шоул ном дошт, гузоштанд. 59 Вақте ки Истефанусро сангсор мекарданд, ӯ дуо меҳонду мегуфт: «Эй Исои Худованд! Рӯҳи маро қабул кун». 60 Сонӣ зону зада, бо овози баланд нидо кард: «Худовандо! Ин гуноҳро ба ҳисоби онҳо дохил накун». Инро гуфту ҷон дод. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden