Корнома* 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ШАШУМ Дьяконҳои аввалин. 1 Дар он айём, ки шогирдон зиёд мешуданд, яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни ибронизабон шикоят карданд, ки бевазанони онҳо дар тақсими ризқи ҳаррӯза бе баҳра мемонанд. 2 Он дувоздаҳ нафар ҷамоати шогирдонро даъват намуда, гуфтанд: «Шоиста нест, ки мо каломи Худоро тарк карда, ба хизмати таъмини ризқу рӯзӣ машғул шавем; 3 Пас, эй бародарон, ҳафт одами некном ва пур аз Рӯҳулқудс ва пурҳикматро аз миёни ҳуд интихоб намоед, то ки онҳоро ба ин ҳизмат таъин кунем; 4 Лекин мо бо дуо ва бо таълими каломи Худо машғул ҳоҳем шуд». 5 Ин таклиф ба тамоми ҷамоат маъқул шуд, ва Истефанусро, ки шахси пур аз имон ва Рӯҳулқудс буд, ва Филиппус ва Прохорус ва Никонӯр ва Тимӯн ва Парминос ва Николосро, ки аз аҳли Антиёхия буда, чанде пеш дини яҳудиро қабул карда буд, интихоб карданд; 6 Инҳоро дар назди ҳаввориён ба по хезонданд, ва даст бар сарашон монда, дуо карданд. 7 Каломи Худо торафт интишор меёфт, шумораи шогирдон дар Ерусалим бағоят меафзуд, ва бисьёре аз коҳинон низ ба имон тан доданд. Таъқиботи сеюм. Айбдор кардани Истефанус. 8 Истефанус, ки пур аз имон ва кувват буд, дар миёни қавм аломоту мӯъҷизоти бузурге ба амал меовард. 9 Баъзе касон аз куништи ба ном либартиниён, қуриниён ва искандариён ва аз аҳли Қилиқия ва Осиё бо Истефанус баҳсу мунозира карданд, 10 Лекин ба он ҳикмат ва Рӯҳе ки дар суҳанонаш буд, ёрои мухолифат надоштанд. 11 Бинобар ин чанд касро водор карданд, ки бигӯянд: «Мо шунидем, ки ӯ дар ҳаққи Мусо ва Худо суханони куфромез мегуфт». 12 Дар миёни қавм ва пирон ва китобдонон шӯр ангехта, ба ӯ хуҷум оварданд ва ӯро дастгир карда, ба шӯрои пирон бурданд. 13 Шоҳидони козибро пеш оварданд, ва онҳо гуфтанд: «Ин шахс ҳамеша ба муқобили ин макони муқаддас ва ба муқобили Таврот суханони куфромез мегӯяд; 14 Зеро шунидем, ки ӯ мегуфт: „Исои Носирӣ ин маконро хароб хоҳад кард ва русумеро, ки Мусо ба мо супурдааст, тағьир ҳоҳад дод“». 15 Ҳамаи касоне ки дар шӯрои пирон нишаста буданд, бар ӯ назар андохта, диданд, ки чеҳраи ӯ монанди чеҳраи фаришта буд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden