Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Корнома* 27 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ Павлус дар аснои роҳи Рум. 1. Роҳ то ба Крит.

1 Чун қарор доданд, ки бо киштӣ ба Итолия равем, Павлус ва чанд бандии дигарро ба мирисади қӯшуни Авғустус, ки Юлиус ном дошт, супурданд.

2 Ба киштии Адрамит савор шуда, ба роҳ даромадем, ки он ният дошт дар наздикии соҳили вилояти Осиё шино кунад; Ористархуси мақдунӣ аз аҳли Таслӯникӣ ҳамроҳи мо буд.

3 Рӯзи дигар ба Сидӯн расидем; Юлиус ба Павлус илтифот намуда, иҷозат дод, ки назди дӯстони худ рафта, лавозимоти сафарашро аз онҳо бигирад.

4 Аз он ҷо равона шуда, дар қарибии Қаприс гузаштем, зеро ки боди мухолиф мевазид;

5 Баҳрро дар рӯ ба рӯи Қилиқия ва Памфилия тай намуда, ба Мирои Ликия расидем.

6 Дар он ҷо мирисад киштии Искандарияро, ки ба Итолия мерафт, пайдо карда, моро бар он савор кард.

7 Чандин рӯз оҳиста‐оҳиста шино карда, базӯр ба Қнидӯс наздик омадем, вале азбаски боди номусоид мевазид, сӯи Крит ба соҳили Салмӯнӣ рондем

8 Ва бо душворӣ аз пеши он гузашта, ба мавзее расидем, ки Бандари Нек ном дошт ва ба шаҳри Ласия наздик буд.

9 Баъд аз гузаштани муддати зиёд, ки сафари баҳр акнун хатарнок шуда буд, зеро ки айёми рӯзадорӣ ҳам гузашта буд, Павлус онҳоро таъкид намуда,

10 Гуфт: «Эй мардон! Мебинам, ки ин сафари мо на танҳо барои бор ва киштӣ, балки барои ҷони мо низ хеле душвор ва зарарнок хоҳад шуд».

11 Аммо мирисад аз суханони Павлус дида, бештар ба гапи суккондор ва соҳиби киштӣ боварӣ дошт.

12 Азбаски он бандар барои зимистонгузаронӣ мувофиқ набуд, бисьёр касон маслиҳат доданд, ки аз он ҷо бираванд, то ки, шояд, ба Финиқо расида, айёми зимистонро дар ин бандари Крит, ки рӯ ба самти ҷануби ғарбӣ ва шимоли ғарбӣ воқеъ аст, гузаронанд.

13 Чун боди ҷанубӣ вазид, ба гумони он ки муродашон ҳосил шуд, лангар бардошта, дар қарибии соҳили Крит равона шуданд.


2. Тундбод.

14 Вале дере нагузашта, боди сахти мухолифе бархост, ки авриклидӯн ном дорад,

15 Ва чунон бошиддат ба киштӣ омада зад, ки он ба муқобили бод истода натавонист, ва мо идораи киштиро аз даст дода, беиҳтиёр ба ҷараёни об ронда шудем

16 Ва ба ҷазирачае ки Клавдо ном дорад, бошиддат бархӯрда, қаиқи киштиро базӯр нигоҳ дошта тавонистем.

17 Онро кашида бароварда, камари киштиро бо танобҳо маҳкам бастанд ва, аз тарси он ки дар ҷои пастобе фурӯ монанд, бодбонро фуроварданд, ва мо ҳамчунон ба ҷараёни об ронда мешудем.

18 Рӯзи дигар, ба сабаби пурзӯр шудани тӯфон, бори киштиро ба об партофтан гирифтанд.

19 Дар рӯзи сеюм мо бо дастҳои худ асбобу анҷоми киштиро бароварда партофтем.

20 Чандин рӯз на офтоб аён мешуд, на ситорагон; тӯфони шадид як зайл давом мекард, ва дигар ҳеҷ умеде барои халосии мо набуд.

21 Азбаски муддати дуру дароз чизе нахӯрда буданд, Павлус дар миёни онхо истода, гуфт: «Эй мардон! Кошки ба сухани ман даромада, аз Крит намебаромадед, ки дар он сурат аз ҳамаи ин мушкилот ва зиён амон меёфтед;

22 Акнун низ шуморо насиҳат дода, мегӯям, ки қавидил бошед, чунки ҳеҷ осебе ба ҷони ҳеҷ яке аз шумо нахоҳад расид, фақат киштӣ талаф хоҳад шуд;

23 Зеро ки имшаб фариштаи Худое ки ман аз они Ӯ ҳастам ва Ӯро ибодат мекунам, ба ман зоҳир шуд

24 Ва гуфт: „Эй Павлус, натарс! Ту бояд дар ҳузури қайсар ҳозир шавӣ, ва инак, Худо ҷони ҳамаи ҳамсафаронатро ба ту бахшидааст“.

25 Бинобар ин, эй мардон, қавидил бошед, зеро ки ман ба Худо имон дорам, ва ҳамон тавре ки ба ман гуфтааст, воқеъ хоҳад шуд:

26 Лекин бар яке аз ҷазираҳо хоҳем афтод».


3. Киштӣ дар ҷои пастобе фурӯ монд.

27 Чун шаби чордаҳум фаро расид, ва мо ҳанӯз дар баҳри Адриё ба ҳар сӯ ронда мешудем, дар қарибии нисфи шаб, маллоҳон пай бурданд, ки хушкие наздик аст,

28 Ва чуқурии обро чен карданд, бист қомат баромад, андаке пеш рафта, боз чен карданд, понздаҳ қомат баромад.

29 Аз бими он ки ба санглоҳе бархӯранд, аз думи киштӣ чор лангар андохтанд ва дамидани субҳро мунтазир шуданд.

30 Маллоҳон мехостанд киштиро тарк кунанд, ва бо ин мақсад қаиқро ба об мефуроварданд, ба баҳонаи он ки гӯё мехоҳанд лангарҳоро аз бинии киштӣ биандозанд,

31 Аммо Павлус ба мирисад ва сарбозон гуфт: «Агар инҳо дар киштӣ намонанд, шумо наҷот нахоҳед ёфт».

32 Он гоҳ сарбозон танобҳои қаиқро буриданд, ва он афтод.

33 Пеш аз субҳидам Павлус аз ҳама хоҳиш кард, ки чизе бихӯранд; ӯ гуфт: «Имрӯз рӯзи чордаҳум аст, ки шумо интизорӣ кашида, чизе нахӯрдаед ва гурусна ҳастед.

34 Бинобар ин шуморо даъват менамоям, ки чизе бихӯред, зеро ки саломатии ҷони шумо ба ин вобаста аст: мӯе аз сари ҳеҷ яке аз шумо наҳоҳад афтод».

35 Бо ин суханон нонро гирифта, дар ҳузури ҳама Худоро шукргузорӣ кард ва онро шикаста, ба хӯрдан шурӯъ намуд.

36 Он гоҳ ҳама қавидил шуданд, ва онҳо низ нон хӯрданд.

37 Шумораи мо дар киштӣ ҷамъ дусаду ҳафтоду шаш нафар буд.

38 Чун аз хӯрок сер шуданд, гандумро ба об партофта, киштиро сабук карданд.

39 Вақте ки рӯз равшан шуд, заминро нашинохтанд, лекин халиҷе диданд, ки соҳили паст дошт, ва қарор доданд, ки агар мумкин шавад, киштиро сӯи он биронанд.

40 Лангарҳоро бурида, дар баҳр гузоштанд, бандҳои сукконро низ кушоданд ва бодбонро ба ҷараёни бод боло кашида, роҳи соҳилро пеш гирифтанд.

41 Ба димоғае дакка хӯрданд, ва киштӣ дар ҷои пастобе фурӯ монд: бинии он дармонда беҳаракат истод, лекин думаш аз шиддати мавҷҳо дарҳам шикаст.

42 Сарбозон қасди куштани бандиён карданд, ки мабодо касе шинокунон гурехта равад.

43 Лекин мирисад ки мехост Павлусро раҳо кунад, ба ин қасди онҳо монеъ шуд ва фармуд, ки аввал касоне ки шино карда метавонанд, худро дар об андохта, ба соҳил бирасанд,

44 Ва дигарон, баъзе бар тахтаҳо ва баъзе бар шикастапораҳои киштӣ аз дунболи онҳо бираванд. Ба ҳамин тарз ҳамаашон ба саломатӣ ба хушкӣ расиданд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan