Корнома* 26 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ШАШУМ Ба ҳузури Ағрипос худро ҳимоят кардани Павлус. 1 Ағрипос ба Павлус гуфт: «Ба ту иҷозат дода мешавад, ки барои ҳимояти худ сухан гуӣ». Он гоҳ Павлус дасти худро дароз карда, барои муҳофизати худ гуфт: 2 «Эй подшоҳ Ағрипос! Барои худ камоли хушбахтӣ медонам, ки имрӯз имконият дорам дар ҳузури ту худро аз ҳамаи айбҳое ки яҳудиён ба гардани ман бастаанд, муҳофизат намоям, 3 Хусусан ки ту аз ҳамаи расму таомулҳо ва ихтилофоти байни яҳудиён ба хубӣ воқиф ҳастӣ. Бинобар ин аз ту хоҳишмандам, ки ҳиммат намуда, суханони маро бишнавӣ. 4 Зиндагии маро, ки аз аввали ҷавониам онро дар миёни қавми худам ва дар Ерусалим гузарондаам, ҳамаи яҳудиён медонанд; 5 Онҳо аз рӯзҳои аввал маро мешиносанд ва, агар бихоҳанд, метавонанд гувоҳӣ диҳанд, ки ман мувофиқи порсотарин тариқати мазҳаби мо фарисӣ шуда рафтор мекардам. 6 Ва ҳоло барои умед бастанам ба он ваъдае, ки Худо ба падарони мо додааст, ман муҳокима карда мешавам, 7 Дар сурате ки дувоздаҳ сибти мо шабу рӯз бо ҷидду ҷаҳд ибодат мекунанд ба умеди он ки иҷрои ҳамон ваъдаро бубинанд: аз барои ҳамин умед, эй подшоҳ Ағрипос, яҳудиён маро айбдор мекунанд. 8 Чаро ба назари шумо аз ақл берун менамояд, ки Худо мурдагонро эҳьё мекунад? 9 Оре, ман ҳам пештар барои худ воҷиб медонистам, ки бар зидди исми Исои Носирӣ ҳар чи зиёдтар амал кунам, 10 Чӣ тавре ки дар Ерусалим мекардам: аз саркоҳинон изн гирифта, бисьёр муқаддасонро дар зиндон меандоҳтам, ва ҳангоме ки онҳоро мекуштанд, бар зиддашон фатво медодам; 11 Дар ҳамаи куништҳо ҳар дам онҳоро азоб медодам ва маҷбур мекардам, ки куфр бигӯянд, ва азбаски хашму ғазабам нисбат ба онҳо пурзӯр буд, ҳатто дар шаҳрҳои бегона онҳоро таъқиб менамудам. 12 Боре барои чунин амалиёт бо изн ва супориши саркоҳинон ба Димишқ мерафтам; 13 Ва инак, эй подшоҳ, дар нисфи рӯз дар роҳ нуреро аз осмон дидам, ки равшантар аз офтоб буд, ва давродаври ман ва ҳамроҳонам дураҳшид. 14 Ҳамаамон бар замин афтодем, ва ман овозе шунидам, ки ба забони ибронӣ ба ман мегуфт: „Шоул, Шоул! Барои чӣ маро таъқиб мекунӣ? Лагад заданат ба сиҳак душвор аст“. 15 Ман гуфтам: „Худовандо, Ту кистӣ?“ Гуфт: „Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ; 16 Аммо бархез ва бар пои худ биист; зеро барои он ба ту зоҳир шудаам, ки туро ҳодим ва шоҳид таъин намоям бар он чи дидаӣ ва бар он чи ба ту ошкор ҳоҳам кард; 17 Ва туро раҳоӣ ҳоҳам дод аз дасти ин қавм ва аз дасти ҳалқҳое ки холо туро назди онҳо мефиристам, 18 То ки чашмони онҳоро воз кунӣ, ва онҳо аз зулмот ба рӯшноӣ бароянд ва аз чанголи шайтон раҳо шуда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва ба василаи имоне ки ба Ман меоваранд, омурзиши гуноҳҳо ва насибе дар миёни муқаддасон пайдо кунанд“. 19 Бинобар ин, эй подшоҳ Ағрипос, ба рӯъёи осмонӣ беимонӣ накардам, 20 Балки дар навбати аввал ба сокинони Димишқ ва Ерусалим ва тамоми сарзамини Яҳудо ва низ ба ғайрияҳудиён мавъиза менамудам, ки тавба карда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошад. 21 Аз барои ҳамин маро яҳудиён дар маъбад дастгир карданд ва куштанӣ шуданд. 22 Аммо Худо ба ман ёр шуд, ва ман то имрӯз зинда мондаам ва ба хурду калон шаҳодат медиҳам ва гапе намезанам ҷуз он чи анбиё ва Мусо гуфтаанд, ки бояд ба вуқӯъ ояд, 23 Яъне Масеҳ бояд азобу уқубат кашад ва аввалин касе бошад, ки аз мурдагон эҳьё шуда, ба ин қавм ва ба халқҳо аз тулӯи нур хабар расонад». 24 Чун ӯ ба ин тарз худро муҳофизат мекард, Фестус бо овози баланд гуфт: «Эй Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ! Дониши бисьёр туро девона кардааст». 25 Гуфт: «Эй Фестуси мӯҳтарам, ман аз ақл бегона нашудаам, балки суханони ҳақиқатро бо ақли солим баён менамоям: 26 Зеро подшоҳе ки дар ҳузураш далерона сухан меронам, аз ин воқиф аст; ман яқин дорам, ки чизе дар ин бора аз ӯ пӯшида нест, зеро ки ин дар хилватгоҳе воқеъ нашудааст; 27 Эй подшоҳ Ағрипос, оё ба анбиё имон дорӣ? Медонам, ки имон дорӣ». 28 Ағрипос ба Павлус гуфт: «Кам мондааст маро тарғиб намоӣ, ки масеҳӣ шавам». 29 Павлус гуфт: «Аз Худо мехостам, ки ба андозаи кам ё зиёд на танҳо ту, балки ҳамаи онҳое ки сухани маро мешунаванд, мисли ман гарданд, чуз аз ин занҷирҳо». 30 Чун инро гуфт, подшоҳ ва ҳоким, Бернико ва дигар касоне ки бо онҳо нишаста буданд, бархостанд. 31 Ва онсӯтар рафта, ба якдигар гуфтанд: «Ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад». 32 Ағрипос ба Фестус гуфт: «Агар ин одам доварии қайсарро талаб намекард, метавонист озод шавад». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden