Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Корнома* 25 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ Павлус ба ҳузури Фестус.

1 Чун Фестус ба вилоят омад, баъд аз се рӯз аз Қайсария ба Ерусалим рафт.

2 Саркоҳин ва бузургони яҳудиён даъвои худро нисбат ба Павлус ба вай фаҳмонданд ва гапи худро маъқул карданд.

3 Ва илтимос карданд, ки ба онҳо илтифот намуда, ӯро ба Ерусалим биёрад; онҳо қасд доштанд, ки ӯро дар роҳ ба қатл расонанд.

4 Аммо Фестус ба ҷавоб гуфт, ки «Павлус дар Қайсария маҳбус аст, ва худи ман ба қарибӣ ба он ҷо бармегардам».

5 «Бинобар ин», гуфт вай, «онҳое ки аз шумо метавонанд, ҳамроҳи ман биёянд, ва агар ин шахс айбе дошта бошад, бар ӯ даъво кунанд».

6 Дар миёни онҳо аз ҳашт ё даҳ рӯз зиёд намонда, ба Қайсария баргашт, ва рӯзи дигар бар курсии доварӣ нишаста, амр фармуд, ки Павлусро биёранд.

7 Вақте ки ӯ ҳозир шуд, яҳудиёне ки аз Ерусалим омада буданд, даври ӯро гирифта, бисьёр айбҳои гаронро ба гардани ӯ бор карданд, ки онҳоро исбот карда наметавонистанд.

8 Вале ӯ худро муҳофизат намуда, гуфт: «Ман на бар зидди шариати яҳудиён, на бар зидди маъбад ва на бар зидди қайсар ҳеҷ ҷинояте накардаам».

9 Фестус, ки мехост дили яҳудиёнро ёбад, дар ҷавоби Павлус гуфт: «Оё мехоҳӣ ба Ерусалим биравӣ, то ки ман туро дар он ҷо дар ин бобат доварӣ намоям?»


Павлус доварии қайсарро талаб мекунад.

10 Павлус гуфт: «Ман дар маҳкамаи қайсар истодаам, ва муҳокимаи ман бояд дар ҳамин ҷо ба амал ояд; ман ба яҳудиён ҳеҷ бадӣ накардаам, чунон ки худат ҳам инро ба хубӣ медонӣ;

11 Агар бадие ё ягон кори сазовори марг карда бошам, аз мурдан ибое надорам; лекин агар аз он айбҳое ки инҳо ба гардани ман мемонанд, дар ман ҳеҷ чизе набошад, касе ҳақ надорад маро ба дасти онҳо бисупорад; ман доварии қайсарро талаб мекунам».

12 Фестус бо мушовиронаш маслиҳат карда, дар ҷавоби ӯ гуфт: «Модоме ки доварии қайсарро талаб мекунӣ, назди қайсар хоҳӣ рафт».


Павлус ба ҳузури подшоҳ Ағрипос. Беайб донистани Павлус.

13 Баъд аз чанд рӯз подшоҳ Ағрипос ва Бернико ба Қайсария омаданд, то ки Фестусро муборакбод кунанд.

14 Чун рӯзҳои зиёде дар он ҷо истоданд, Фестус ба подшоҳ кори Павлусро ҳикоят карда, гуфт: «Шахсе ҳаст, ки Феликс ӯро дар зиндон нигоҳ доштааст,

15 Ва ҳангоме ки дар Ерусалим будам, саркоҳинон ва пирони яҳудӣ дар бораи ӯ ба ман гап заданд ва маҳкумияти ӯро талаб карданд.

16 Дар ҷавоби онҳо гуфтам, ки расму таомули румиён ин нест, ки касеро ба марг таслим кунанд, бе он ки аввал айбдорро бо даъвогаронаш рӯ ба рӯ карда, ба вай имконият диҳанд, ки худро аз айбҳо сафед кунад.

17 Бинобар ин, вақте ки онҳо ба ин ҷо омаданд, ман бе таъхир, фардои он, бар курсии доварӣ нишастам ва амр фармудам, ки он шахсро биёранд.

18 Аммо даъвогарон бархоста, аз он чи ман гумон доштам, ҳеҷ як айберо ба гардани ӯ монда натавонистанд,

19 Балки бо ӯ фақат дар бораи парастиши Худои худ ва дар бораи Исо ном шахсе ки мурдааст, вале Павлус мегуфт, ки Ӯ зинда аст, ихтилофи ақида доштанд.

20 Чун дар ҳалли ин масъала душворӣ кашидам, ман гуфтам: „Оё ӯ мехоҳад ба Ерусалим биравад, то ки муҳокимаи ӯ дар он ҷо ба амал ояд?“

21 Аммо Павлус талаб кард, ки ӯро барои доварии Авғустус маҳфуз дорам, бинобар ин ман амр фармудам, ки то вақте ки ӯро назди қайсар бифиристам, ӯ дар ҳабс нигоҳ дошта шавад».

22 Ағрипос ба Фестус гуфт: «Ман ҳам мехостам суханони ин шахсро бишнавам». Дар ҷавоб гуфт: «Фардо хоҳӣ шунид».

23 Рӯзи дигар, вақте ки Ағрипос ва Бернико бо ҳашамати бузурге омада, бо мириҳазорон ва бузургони шаҳр ба маҳкама дохил шуданд, бо фармони Фестус Павлусро оварданд.

24 Фестус гуфт: «Эй подшоҳ Ағрипос ва эй ҳамаи мардумоне ки дар ин ҷо ҳузур доред! Инак, шумо ҳамон шахсро мебинед, ки тамоми ҷамоати яҳудиён, чи дар Ерусалим ва чи дар ин ҷо, ба ман аз ӯ шикоят қардаанд ва фарьёд зада гуфтаанд, ки ӯ набояд дигар зинда бимонад;

25 Лекин ман, чун дидам, ки ӯ ҳеҷ кори сазовори марг накардааст ва худаш низ доварии Авғустусро талаб намуд, ба ин сабаб қарор додам, ки ӯро ба он ҷо бифиристам;

26 Азбаски ҳеҷ чизи дурусте надорам, ки дар ҳаққи ӯ ба олиҳазрат бинависам, бинобар ин ӯро назди шумо ва алалхусус назди ту, подшоҳ Ағрипос, овардам, то ки дар натиҷаи таҳқиқ чизе барои навиштанам пайдо кунам;

27 Зеро ба назарам хилофи ақл менамояд, ки бандиеро фиристонаму айбҳои ба гарданаш мондашударо нишон надиҳам».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan