Корнома* 24 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ЧОРУМ Павлус ба ҳузури Феликс. 1 Баъд аз панҷ рӯз саркоҳин Ҳанониё бо пирон ва Тартуллӯс ном нотиқе омад, ва онҳо шикояти худро дар ҳаққи Павлус ба ҳоким супурданд. 2 Вақте ки Павлусро даъват карданд, Тартуллӯс ба айбдор кардани ӯ шурӯъ намуда, гуфт: 3 «Эй Феликси мӯҳтарам, мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо камоли миннатдорӣ зътироф менамоем, ки дар сояи ту осоиши комил дорем, ва ба туфайли ғамҳӯрии ту ин қавм ба некӯаҳволӣ расидааст; 4 Вале, барои он ки туро бисьёр заҳмат надиҳам, аз ту хоҳишмандам, ки илтифот намуда, мухтасаран арзи моро бишнавӣ: 5 Зеро ки ин одамро фасодангез ёфтаем, ки ӯ дар миёни ҳамаи яҳудиёни рӯи олам ошӯб меандозад ва сардастаи бидъати носирӣ мебошад, 6 Ва ҳатто саъю кӯшиш намудааст, ки маъбадро палид гардонад, ва мо ӯро дастгир кардем, то ки аз рӯи шариати худ бар ӯ доварӣ намоем, 7 Аммо Лисиёси мириҳазор омада, ӯро бо зӯрӣ аз дасти мо гирифт 8 Ва амр фармуд, ки даъвогарони ӯ назди ту биёянд; худат метавонӣ тафтиш намуда, ҳар он чиро, ки мо бар ӯ даъво дорем, аз худи ӯ бифаҳмӣ». 9 Яҳудиён суханони ӯро тасдиқ карда, гуфтанд, ки чунин аст. Худро сафед кардани Павлус. 10 Чун ҳоким ба Павлус ишора кард, ки сухан гӯяд, ӯ ба ҷавоб гуфт: «Азбаски медонам, ки ту чандин сол боз довари ин қавм ҳастӣ, ман кори худро дилпурона муҳофизат менамоям; 11 Ту метавонӣ бифаҳмӣ, ки аз дувоздаҳ рӯз зиёд нагузаштааст, ки ман барои ибодат ба Ерусалим рафта будам; 12 Ва маро ҳеҷ кас надидааст, ки дар маъбад, ё дар куништҳо ва ё дар шаҳр бо касе мубоҳиса карда бошам ё ки дар байни мардум ошӯб андохта бошам; 13 Низ он чиро, ки ҳоло бар ман даъво менамоянд, исбот карда наметавонанд; 14 Лекин инро назди ту иқрор мекунам, ки аз рӯи тариқате ки онҳо бидъат меноманд, ман дар ҳақиқат Худои падаронро ибодат менамоям, дар ҳолате ки ба ҳар чи дар Таврот ва дар суҳафи анбиё навишта шудааст, эътиқод дорам 15 Ва аз Худо умед дорам, чунон ки инҳо низ интизорӣ доранд, ки ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳьёи мурдагон дар пеш аст; 16 Бинобар ин худам низ саъю кӯшиш менамоям, ки виҷдонам назди Худо ва одамон ҳамеша пок бошад; 17 Баъд аз чандин сол ман омадам, то ки ба халқи худ садақот биёрам ва ҳадия пешкаш бикунам, 18 Ва дар ҳолате ки таҳорат ёфта будам, ва дар гирду пешам на мардуме буд, на ғавғое, маро дар маъбад чанд нафар яҳудиёни вилояти Осиё диданд, 19 Ки онҳо низ мебоист дар ин ҷо назди ту меистоданд ва, агар чизе бар зидди ман дошта бошанд, даъво мекарданд; 20 Ё худи инҳо бигӯянд, ки аз ман, вақте ки назди шӯрои пирон истода будам, чӣ хатое дидаанд, 21 Чуз он як сухан, ки дар миёни онҳо истода, бо овози баланд гуфтам, ки аз барои эҳьёи мурдагон имрӯз пеши шумо муҳокима карда мешавам». 22 Феликс, ки аз ин тариқат ба ҳубӣ огоҳӣ дошт, муҳокимаро ба таъхир андохта, гуфт: «Вақте ки Лисиёси мириҳазор биёяд, кори шуморо тафтиш хоҳам кард». 23 Ва ба мирисад амр фармуд, ки Павлусро дар бандиҳона нигоҳ дорад, лекин ба ӯ сабукӣ диҳад ва ба ҳеҷ касе аз наздиконаш, ки барои ҳизмат ё мулоқоти ӯ меоянд, монеъ нашавад. Павлус бори дуюм ба ҳузури Феликс. 24 Баъд аз чанд рӯз Феликс бо ҳамсари ҳуд Друсила, ки занаки яҳудӣ буд, омад ва Павлусро даъват намуда, суханони ӯро дар бораи имон ба Масеҳ гӯш кард. 25 Аммо вақте ки ӯ дар бораи адолат, парҳезгорӣ ва доварии оянда сухан меронд, Феликс ба ҳарос афтода, ҷавоб дод: «Алҳол бирав, ва ҳар гоҳ фурсат ёбам, боз туро даъват хоҳам кард». 26 Дар айни ҳол вай умедвор буд, ки Павлус ба вай пул медиҳад, то ки ӯро озод кунад; бинобар ин ӯро дам ба дам даъват намуда, бо ӯ мусоҳиба мекард. Ду соли оромӣ дар Қайсария. 27 Лекин баъд аз гузаштани ду сол Поркиюс Фестус ба ҷои Феликс таъин шуд, ва Феликс, ки мехост яҳудиёнро хурсанд созад, Павлусро дар зиндон нигоҳ дошт. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden