Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Корнома* 23 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ СЕЮМ Павлус ба ҳузури шӯрои пирон.

1 Павлус ба шӯрои пирон назар дӯхта, гуфт: «Эй бародарон! Ман то имрӯз дар хузури Худо бо виҷдони пок рафтор кардаам».

2 Саркоҳин Ҳанониё ба онҳое ки назди ӯ истода буданд, фармон дод, ки ба даҳонаш як торсакӣ зананд.

3 Павлус ба вай гуфт: «Худо туро хоҳад зад, эй девори сафедшуда! Ту нишастаӣ, ки маро аз рӯи шариат доварӣ кунӣ, вале бар хилофи шариат амр медиҳӣ, ки маро бизананд».

4 Онҳое ки назди ӯ истода буданд, гуфтанд: «Саркоҳини Худоро дашном медиҳӣ?»

5 Павлус гуфт: «Эй бародарон, ман надонистам, ки вай саркоҳин аст; зеро ки навишта шудааст: „Ба пешвои қавми худ носазо нагӯй“».

6 Вақте ки Павлус фаҳмид, ки як қисми онҳо саддуқиён ва қисми дигарашон фарисиён мебошанд, дар шӯрои пирон нидокунон гуфт: «Эй бародарон! Ман фарисӣ ва фарзанди фарисӣ ҳастам, ва аз барои умеди эҳьёи мурдагон дар ин ҷо муҳокима карда мешавам».

7 Ҳамин ки ин суханонро гуфт, дар миёни фарисиён ва саддуқиён низоъ афтод, ва аҳли ҷамъомад ду тақсим шуданд;

8 Зеро саддуқиён мегӯянд, ки на эҳьё вуҷуд дорад, на фаришта ё рӯҳ, аммо фарисиён ин ҳар дуро зътироф менамоянд.

9 Ғавғои азиме ба амал омад, ва китобдонони фирқаи фарисиён бархоста, баҳскунон гуфтанд: «Мо дар ин шахс ҳеҷ бадӣ намебинем; ва агар рӯҳе ё фариштае ба вай сухан гуфта бошад, ба Худо муқобилат нахоҳем кард».

10 Аммо азбаски ихтилофот қувват гирифт, мириҳазор аз хавфи он ки Павлусро тикка‐тикка кунанд, ба сарбозон фармон дод, ки ӯро аз миёни онҳо гирифта, ба қалъа дароранд.

11 Ҳамон шаб Худованд ба ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Устувор бош, Павлус, ва чӣ тавре ки дар Ерусалим дар ҳаққи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр шаҳодат диҳӣ».


Суиқасди яҳудиён ба муқобили Павлус.

12 Чун чашми рӯз кушода шуд, баъзе аз яҳудиён забон як карда, қасам хӯрданд, ки то Павлусро накушанд, ба ҳеҷ хӯрданӣ ва нӯшиданӣ лаб назананд;

13 Шумораи онҳое ки чунин аҳд карда буданд, бештар аз чиҳил нафар буд;

14 Онҳо назди саркоҳинон ва пирон рафта, гуфтанд: «Мо савганд ёд кардем, ки то Павлусро накушем, чизе начашем;

15 Акнун шумо ва шӯрои пирон ба мириҳазор ҳабар диҳед, ки фардо ӯро назди шумо бароварад, гӯё ки меҳоҳед кори ӯро аниқтар дида бароед; ва мо тайёр ҳастем, ки ӯро, пеш аз наздик омаданаш, бикушем».

16 Аммо ҳоҳарзодаи Павлус аз қасди онхо воқиф шуд ва рафта, ба қалъа даромад ва Павлусро хабардор кард.

17 Павлус яке аз мирисадҳоро даъват намуда, гуфт: «Ин ҷавонро назди мириҳазор бибар, зеро чизе дорад, ки ба ӯ бигӯяд».

18 Вайро гирифта, назди мириҳазор бурд ва гуфт: «Павлуси бандӣ маро даъват намуда, ҳоҳиш кард, ки ин ҷавонро назди ту биёрам, зеро чизе дорад, ки ба ту бигӯяд».

19 Мириҳазор дасти вайро гирифта, ба ҳилватгоҳе бурд ва пурсид: «Чӣ чиз аст, ки меҳоҳӣ ба ман бигӯӣ?»

20 Гуфт: «Яҳудиён маслиҳатро ба як ҷо мондаанд, ки аз ту хоҳиш кунанд, то Павлусро фардо назди шӯрои пирон барорӣ, гӯё ки онҳо меҳоҳанд кори ӯро аниқтар тафтиш намоянд;

21 Аммо ту ба онҳо гӯш надеҳ, зеро ки бештар аз чиҳил нафарашон дар сари роҳи ӯ камин сохтаанд ва савганд ёд кардаанд, ки то ӯро накушанд, чизе нахӯранд ва нанӯшанд; ва ҳоло онҳо тайёр шуда, мунтазири фармоиши ту истодаанд».

22 Мириҳазор ҷавонро ҷавоб дода, гуфт: «Ба ҳеҷ кас нагӯ, ки маро аз ин роз ҳабардор кардаӣ».


Павлус ба Қайсария назди Феликс фиристода шуд.

23 Сонӣ ду мирисадро даъват намуда, гуфт: «Дусад сарбоз ва ҳафтод савора ва дусад найзаандозро омода кунед, то ки имшаб соати сеюм ба Қайсария бираванд.

24 Инчунин маркабҳо ҳозир созед, то ки Павлусро савор карда, ба саломатӣ назди Феликси ҳоким равона намоед».

25 Ӯ номае ба ин мазмун навишт:

26 «Клавдиюс Лисиёс ба мӯҳтарам Феликси ҳоким салом мерасонад;

27 Ин одамро яҳудиён дастгир карда буданд ва қасди куштани ӯро доштанд; чун фаҳмидам, ки фуқарои Рум аст, бо сарбозон рафта, аз дасташон раҳонидам;

28 Азбаски ҳостам бидонам, ки бар ӯ чӣ даъво доранд, ӯро ба шӯрои пирони онҳо овардам

29 Ва донистам, ки ӯро дар ақидаҳои баҳсноки оид ба шариаташон айбдор мекунанд, вале ӯ ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад;

30 Чун ба гӯшам расид, ки яҳудиён қасди ҷони ин одам доранд, фавран ӯро назди ту фиристодам ва ба даъвогаронаш низ амр фармудам, ки даъвоҳои худро дар ҳаққи ӯ дар ҳузури ту баён кунанд; вассалом».

31 Сарбозон мувофиқи дастуре ки ба онҳо дода шуд, Павлусро гирифта, шабона ба Антипотрис бурданд.

32 Ва рӯзи дигар ба саворон вогузор карданд, ки бо ӯ бираванд, ва худашон ба қалъа баргаштанд.

33 Ҳамин ки онҳо ба Қайсария расиданд, номаро ба дасти ҳоким супурда, Павлусро низ назди ӯ ҳозир сохтанд.

34 Ҳоким номаро ҳонда, пурсид, ки ӯ аз кадом вилоят аст, ва чун фаҳмид, ки аз Қилиқия аст, гуфт:

35 «Вақте ки даъвогарони ту ҳозир шаванд, сухани туро ҳоҳам шунид». Ва амр фармуд, ки ӯро дар сарбозхонаи Ҳиродус нигоҳ доранд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan