Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Корнома* 22 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ДУЮМ Ба ҳузури мардуми бисьёр худро ҳимоят кардани Павлус.

1 «Эй бародарон ва эй падарон! Он чиро, ки пеши шумо барои муҳофизати худ арз менамоям, гӯш кунед».

2 Чун шуниданд, ки ба онҳо ба забони ибронӣ сухан мекунад, боз зиёдтар хомӯш шуданд. Ӯ гуфт:

3 «Ман яҳудӣ ҳастам, ки дар Тарсуси Қилиқия таваллуд шудаам ва дар ин шаҳр дар хизмати Ҷамлиил тарбият ёфтаам ва шариати падаронро бодиққат омӯхтаам ва дар роҳи Худо ғаюр будам, чунон ки ҳамаи шумо имрӯз ҳастед;

4 Ва ин тариқатро то ба дараҷаи марг таъқиб менамудам ва мардону занонро побанд карда, дар зиндон меандохтам;

5 Дар бораи ман саркоҳин ва ҳамаи пирон низ шаҳодат хоҳанд дод, ки ман аз онҳо номаҳо гирифта, ба Димишқ назди бародарон рафта будам, то ки дар он ҷо масеҳиёнро бандӣ карда, барои ҷазо ба Ерусалим биёрам;

6 Аммо дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик меомадам, қариби пешин баногоҳ нури азиме аз осмон давродаври ман дурахшид;

7 Бар замин афтодам ва овозе шунидам, ки ба ман мегуфт: „Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ?“

8 Ба ҷавоб гуфтам: „Худовандо, Ту кистӣ?“ Ӯ ба ман гуфт: „Ман он Исои Носирӣ ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ“.

9 Онҳое ки ҳамроҳи ман буданд, нурро дида, ҳаросон шуданд, вале овози Он Касро, ки бо ман сухан мегуфт, намешуниданд.

10 Он гоҳ ман гуфтам: „Худовандо! Чӣ кунам!“ Худованд ба ман гуфт: „Бархез ва ба Димишқ бирав, ва дар он ҷо ҳар коре ки бояд бикунӣ, ба ту гуфта ҳоҳад шуд“.

11 Азбаски ман аз дурахши он нур нобино шуда будам, ҳамроҳонам аз дастам гирифта, маро ба Димишқ бурданд.

12 Ҳанониё ном марди порсои мутеи шариат, ки дар миёни ҳамаи яҳудиёни сокини Димишқ некном буд,

13 Назди ман омада, истоду ба ман гуфт: „Эй бародар Шоул! Бино шав“. Дарҳол чашмонам кушода шуду ман ӯро дидам.

14 Ӯ гуфт: „Худои падарони мо туро баргузидааст, то ки иродаи Ӯро дарк намоӣ ва Он Одилро бубинӣ ва аз забонаш сухане бишнавӣ,

15 Чунки аз он чи дидаӣ ва шунидаӣ, дар пеши тамоми мардум шоҳиди Ӯ хоҳӣ шуд;

16 Пас, чаро таъхир мекунӣ? Бархез ва таъмид бигир ва исми Ӯро хонда, аз гуноҳҳои ҳуд пок шав“.

17 Вақте ки ба Ерусалим баргашта, дар маъбад дуо мегуфтам, дар ҳолати бехудӣ афтодам

18 Ва Ӯро дидам, ки мегуфт: „Шитоб намо ва аз Ерусалим зудтар равона шав, чунки шаҳодати туро дар ҳаққи Ман қабул нахоҳанд кард“.

19 Гуфтам: „Худовандо! Онҳо медонанд, ки ман мӯъминони Туро дар зиндон меандохтам ва дар куништҳо шаллоқ мезадам,

20 Ва ҳангоме ки хуни шоҳиди Ту Истефанусро мерехтанд, ман дар он ҷо истода, қатли ӯро таҳсин менамудам ва либосҳои қотилони ӯро посбонӣ мекардам“.

21 Аммо Ӯ ба ман гуфт: „Равона шав, зеро ки Ман туро ба ҷойҳои дур сӯи ғайрияҳудиён хоҳам фиристод“».

22 о ҳамин суханаш ба ӯ гӯш доданд; сонӣ фарьёд зада, гуфтанд: «Чунин шахсро аз рӯи замин маҳв кунед! Зеро ки набояд ӯ зинда бимонад».

23 Дар ҳамон вақте ки онҳо дод мезаданд, ҷомаҳои худро мепартофтанд ва чангу ғубор ба ҳаво мебардоштанд,

24 Мириҳазор амр фармуд, ки ӯро ба қалъа дароварда, тозиёна зананд, то фаҳманд, ки аз чӣ сабаб бар ӯ ин қадар фарьёд мезананд.

25 Вақте ки ӯро бо тасмаҳо мебастанд, ба мирисаде ки наздаш истода буд, гуфт: «Оё бар шумо ҷоиз аст, ки табааи Румро, бе он ки маҳкум шуда бошад, тозиёна занед?»

26 Чун мирисад инро шунид, назди мириҳазор рафта, хабар дод ва гуфт: «Оё медонӣ, чӣ мекунӣ? Ин шахс табааи Рум аст».

27 Мириҳазор назди ӯ омада, пурсид: «Ба ман бигӯй, ки оё ту табааи Рум ҳастӣ?» Гуфт: «Оре».

28 Мириҳазор гуфт: «Ман ин табаиятро ба бадали маблағи калон ба даст овардаам». Павлус гуфт: «Аммо ман бо он ба дуньё омадаам».

29 Дарҳол онҳое ки ӯро шиканҷа карданӣ буданд, аз ӯ даст кашиданд; мириҳазор низ, румӣ будани ӯро фаҳмида, ҳаросон шуд, ки ӯро занҷир зада буд.

30 Рӯзи дигар, бо мақсади донистани он ки барои чӣ яҳудиён ӯро айбдор мекунанд, ӯро аз завлона озод кард ва амр фармуд, ки саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон ҷамъ шаванд, ва Павлусро бароварда, назди онҳо ба по хезонд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan