Корнома* 21 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ЯКУМ Аз Милитус ба Сӯр. 1 Бо онҳо хайру маъзур карда, бо киштӣ равона шудем ва рост ба Кос омадем; рӯзи дигар ба Рудс ва аз он ҷо ба Потра расидем; 2 Дар он ҷо киштие ёфтем, ки ба Финиқия рафтанӣ буд, ва ба он савор шуда, ҳаракат кардем. 3 Қаприсро, ки аз дур намоён шуд, ба тарафи чап монда, сӯи Сурия равона шудем ва дар Сӯр лангар андохтем, зеро ки дар он ҷо мебоист бори киштиро мефуроварданд; Рӯҳулқудс Павлусро аз сафари Ерусалим нигоҳ медорад. 4 Дар он ҷо шогирдонро пайдо карда, ҳафт рӯз истодем; онҳо аз Рӯҳ илҳом ёфта, ба Павлус гуфтанд, ки ба Ерусалим наравад. 5 Чун вақти мо ба охир расид, боз ба роҳ даромадем, ва ҳама бо занону бачаҳошон моро то беруни шаҳр гусел карданд; мо дар соҳили баҳр зону зада, дуо гуфтем 6 Ва бо ҳамдигар хайру хуш карда, ба киштӣ даромадем, ва онҳо ба хонаҳои худ баргаштанд. 7 Аз Сӯр сафари худро бо киштӣ давом дода, ба Птолимус расидем ва дар он ҷо бо бародарон мулоқот карда, як рӯз дар наздашон истодем. Павлус дар Қайсария. 8 Рӯзи дигар Павлус ва мо, ки ҳамроҳаш будем, он ҷоро тарк карда, ба Қайсария омадем ва ба хонаи Филиппуси башоратдиҳанда, ки яке аз ҳафт нафар буд, даромада, назди ӯ мондем. 9 Ӯ чор дуҳтари бокира дошт, ки нубувват мекарданд. 10 Баъд аз чандин рӯзе ки дар он ҷо будем, Оғобус ном набие аз Яҳудо омад 11 Ва назди мо даромада, камарбанди Павлусро гирифту дастҳо ва пойҳои худро бо он баст ва гуфт: «Рӯҳулқудс мегӯяд, ки яҳудиён дар Ерусалим соҳиби ин камарбандро ҳамин тавр баста, ба дасти ғайрияҳудиён хоҳанд супурд». 12 Вақте ки инро шунидем, мо ва аҳли он ҷо илтимос кардем, ки ӯ ба Ерусалим наравад. 13 Аммо Павлус дар ҷавоб гуфт: «Ин чӣ корест, ки шумо мекунед? Чаро бо гирьяи худ дили маро мешиканед? Зеро ки ман тайёрам на танҳо бандӣ шавам, балки дар Ерусалим ба хотири исми Исои Худованд бимирам». Павлус дар Ерусалим. 14 Чун ба гапи мо надаромад, ба ҷуз ин сухан: «Он чи хости Худованд аст, бишавад!» — чизи дигар нагуфтем. 15 Баъд аз он рӯзҳо мо тадоруки сафарро дида, сӯи Ерусалим равона шудем; 16 Баъзе аз шогирдони сокини Қайсария низ ҳамроҳи мо омада, моро ба хонаи Маносӯн ном шаҳсе ки аз аҳли Қаприс ва шогирди дерина буд, оварданд, то ки назди ӯ манзил кунем. 17 Вақте ки вориди Ерусалим шудем, бародарон моро бо хурсандӣ пазироӣ карданд. Павлус мувофиқи шариати яҳудиён назр мекунад ва ҳадияи таҳоратро меоварад. 18 Рӯзи дигар Павлус ҳамроҳи мо назди Яъқуб омад; ҳамаи пирон низ ҳозир шуданд. 19 Пас аз салому аҳволпурсӣ аз он чи Худо ба василаи хизмати ӯ дар миёни ғайрияҳудиён ба амал оварда буд, муфассал нақл кард. 20 Чун шуниданд, Худоро ҳамду сано хонданд ва ба ӯ гуфтанд: «Эй бародар, чунон ки мебинӣ, чандин ҳазор яҳудиён имон овардаанд ва ҳамаашон ғаюрони шариат мебошанд; 21 Онҳо дар бораи ту шунидаанд, ки ба ҳамаи яҳудиёне ки дар миёни халқҳо умр ба сар мебаранд, таълим медиҳӣ, ки аз Мусо дур шаванд, ва мегӯӣ, ки писарони худро хатна накунанд ва қоидаҳои шариатро ба ҷо наоваранд. 22 Пас, чӣ бояд кард? Албатта мардум ҷамъ хоҳанд шуд, зеро ки аз омаданат хабар хоҳанд ёфт. 23 Бинобар ин он чи ба ту мегӯем, ба ҷо овар: назди мо чор одам ҳастанд, ки назре кардаанд; 24 Онҳоро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намо ва харҷашонро ба гарданат бигир, то ки онҳо мӯйсари худро битарошанд, — ва ҳама хоҳанд фаҳмид, ки он чи дар бораи ту шунидаанд, асосе надорад, балки худат ҳам мувофиқи шариат рафтор мекунӣ. 25 Лекин дар хусуси онҳое ки аз байни ғайрияҳудиён имон овардаанд, мо навишта ва амр фармуда будем, ки ба чизе риоя накунанд, балки фақат аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез намоянд». 26 Павлус он одамонро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намуд ва рӯзи дигар ба маъбад даромад ва анҷоми рӯзҳои таҳоратро, ки бояд барои ҳар яке аз онҳо ҳадияе пешкаш карда шавад, эълон кард. Павлусро яҳудиён дар маъбад дастгир карданд. 27 Вақте ки ҳафт рӯз ба охир мерасид, яҳудиёни аҳли вилояти Осиё ӯро дар маъбад дида, тамоми мардумро ба шӯр оварданд ва ба ӯ дасти тааддӣ дароз карданд 28 Ва фарьёд зада, гуфтанд: «Эй мардони Исроил, мадад кунед! Ин ҳамон касест, ки ҳамаро дар ҳар ҷо бар зидди қавм ва шариат ва бар зидди ин макон таълим медиҳад, дар айни ҳол юнониҳоро низ ба маъбад дароварда, ин макони муқаддасро палид кардаст». 29 Зеро ки пеш аз ин онҳо Трофимуси эфсӯсиро бо ӯ дар шаҳр дида буданд ва гумон карданд, ки Павлус вайро ба маъбад овардааст. 30 Тамоми шаҳр ба ҷунбиш омад, мардуми бисьёре ҷамъ шуданд ва Павлусро дастгир карда, аз маъбад берун бароварданд ва дарҳол дарҳоро бастанд. 31 Вақте ки онҳо қасди ҷони ӯ мекарданд, ба мириҳазори сипоҳ ҳабар расид, ки тамоми Ерусалим ба ошӯб омадааст; 32 Вай дарҳол сарбозон ва мирисад ҳоро бо худ гирифта, сӯи онҳо шитофт, ва ҳангоме ки онҳо мириҳазор ва сарбозонро диданд, аз задани Павлус даст кашиданд. Павлусро бо ду занҷир мебанданд. 33 Мириҳазор наздик омада, ӯро дастгир кард ва амр фармуд, ки ӯро бо ду занҷир бибанданд, ва пурсид, ки ин кист ва чӣ гуноҳе кардааст? 34 Аз байни издиҳом дод зада, баъзеҳо як чиз ва баъзеҳо чизи дигар мегуфтанд, ва азбаски вай аз боиси шӯру ғавғо ҳақиқати ҳолро фаҳмида натавонист, фармон дод, ки ӯро ба қалъа баранд. 35 Вақте ки ӯ ба зинапоя расид, сарбозонро лозим омад, ки ба сабаби хашми мардум ӯро бардошта баранд, 36 Зеро ки мардуми бисьёре аз қафо омада, фарьёд мезаданд, ки «ӯро бикушед!» 37 Пеш аз он ки вориди қалъа шаванд, Павлус ба мириҳазор гуфт: «Оё ҷоиз аст ба ту чизе бигӯям?» Гуфт: «Оё забони юнониро медонӣ? 38 Оё ту ҳамон мисрие нестӣ, ки якчанд рӯз пеш аз ин, фитнае барангехта, чор ҳазор одамкушро бо худ ба биёбон бурд?» 39 Павлус гуфт: «Ман яҳудӣ ҳастам, аз Тарсус, табааи Қилиқия, ки шаҳри машҳур аст; хоҳишмандам иҷозат бидеҳ, то ки ба мардум суҳане гӯям». 40 Вақте ки иҷозат дод, Павлус дар болои зина истода, бо дасташ ба мардум ишора кард, ва ҳамин ки хомӯшии том барқарор гашт, ба забони ибронӣ ба сухан шурӯъ намуда, чунин гуфт: |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden