Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Корнома* 20 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУМ Павлус дар Мақдуния ва Юнон.

1 Пас аз он ки ин шӯру ғавғо ҳотима ёфт, Павлус шогирдонро даъват намуда, хайру маъзур кард ва ба Мақдуния равона шуд.

2 Дар он ноҳия гашта, бисьёр насиҳат дод ва ба Юнон омад;

3 Дар он ҷо се моҳ истод; азбаски яҳудиён ба муқобили ӯ ошӯб бардоштанд, ӯ азми сафари Сурия кард ва ба фикре омад, ки бо роҳи Мақдуния гашта равад.

4 То ба вилояти Осиё ҳамроҳи ӯ инҳо рафтанд: Супотрус аз аҳли Бирия, Ористархус ва Секундус аз аҳли Таслӯникӣ, Ғоюс аз Дарба, Тимотиюс ва аз мардуми Осиё Тӯхиқӯс ва Трофимус.

5 Инҳо аз мо пештар рафта, дар Трӯос мунтазири мо шуданд.


Павлус дар Трӯос.

6 Лекин мо пас аз айёми иди фатир аз Филиппӣ бо киштӣ рафтем ва баъд аз панҷ рӯз ба Трӯос назди онҳо расидем ва дар он ҷо ҳафт рӯз истодем.

7 Рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон барои нон шикастан ҷамъ шуданд, Павлус, ки фардояш аз он ҷо рафтанӣ буд, бо онҳо мусоҳиба намуд, ва суханаш то нисфи шаб давом кард.

8 Дар болохонае ки мо ҷамъ шуда будем, чароғҳои бисьёре месӯхт.

9 Офтихӯс ном чавоне ки бар остонаи тиреза нишаста буд, ба пинак рафт, ва ҳангоме ки мусоҳибаи Павлус тӯл мекашид, хоби сахташ бурда, баногоҳ аз ошьёнаи сеюм ба зер афтод, ва чун ӯро бардоштанд, мурда буд.

10 Павлус поён фуромада, худро болои ӯ партофт ва ӯро дар оғӯш гирифта, гуфт: «Хавотир накашед, зеро ки ҷони ӯ дар ӯст».

11 Баъд боло баромад ва нонро шикаста, хӯрд ва то субҳ гуфтугӯи бисьёре карда, ба роҳи худ равона шуд.

12 Дар ин миён он ҷавонро зинда оварданд, ва ҳотирашон хеле осуда шуд.


Аз Трӯос ба Милитус.

13 Мо зуд ба киштӣ савор шуда, ба Асӯс рафтем, то ки аз он ҷо Павлусро ҳамроҳи худ бигирем, зеро ки ҳамин тавр амр фармуда буд, ва ӯ ният дошт ба он ҷо пиёда равад.

14 Вақте ки дар Асӯс бо мо вохӯрд, ӯро ҳамроҳи худ гирифта, ба Митилинӣ омадем.

15 Аз он ҷо бо киштӣ равона шуда, рӯзи дигар дар рӯ ба рӯи Хиюс бозистодем; рӯзи сеюм ба Сомӯс расидем ва дар Труҷилиюн истода, фардои он вориди Милитус шудем,

16 Зеро ки Павлус ният дошт аз паҳлуи Эфсӯс гузашта равад, то ки дар вилояти Осиё даранг накунад, чунки ӯ таъҷил менамуд, ки ба қадри имкон дар арафаи иди Пантикост дар Ерусалим бошад.


Павлус дар Милитус. Видоъ бо пирони калисои Эфсӯс.

17 Аз Милитус ба Эфсӯс кас фиристода, пирони калисоро даъват намуд,

18 Ва ҳангоме ки назди ӯ омаданд, ба онҳо гуфт: «Шумо медонед, ки аз рӯзи аввали ба Осиё қадам монданам, дар тамоми вақте ки бо шумо будам, ман чӣ гуна рафтор кардам,

19 Дар ҳолате ки бо камоли фурӯтанӣ, бо ашкҳои бисьёр ва бо машаққатҳое ки ба туфайли дасисаҳои яҳудиён ба сарам меомад, ба Худованд ҳизмат кардам,

20 Ва чӣ гуна ман ҳар чизеро, ки фоиданок буд, аз шумо дареғ надоштам, балки дар пеши тамоми мардум ва хона ба ҳона гашта, ба шумо мавъиза намудам ва таълим додам

21 Ва ба яҳудиён ва юнониён ҳотирнишон мекардам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон оваранд.

22 Ва инак, ҳоло бо тақозои Рӯҳ ба Ерусалим меравам ва аз он чи дар он ҷо ба сарам ҳоҳад омад, чизе намедонам,

23 Ҷуз ин ки Рӯҳулқудс дар ҳар шаҳр шаҳодат дода, мегӯяд, ки занҷирҳои асорат ва уқубатҳо барои ман муҳайёст.

24 Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он ҳизматеро, ки Исои Худованд ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам.

25 Ва алҳол инро медонам, ки ҳамаи шумо, ки дар байнатон гашта, Малакути Худоро мавъиза намудаам, дигар рӯи маро нахоҳед дид.

26 Бинобар ин имрӯз ба шумо шаҳодат медиҳам, ки ман аз хуни ҳамаатон мубарро ҳастам,

27 Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам.

28 Пас, нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулқудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо Хуни Худ харидааст, бичаронед.

29 Зеро ман медонам, ки баъд аз рафтани ман гургҳои дарранда ба миёни шумо ҳоҳанд омад, ки ба рама раҳме наҳоҳанд кард;

30 Аз миёни ҳудатон низ шахсоне пайдо ҳоҳанд шуд, ки суханони каҷ ҳоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд.

31 Бинобар ин ҳушьёр бошед ва дар ҳотир нигоҳ доред, ки чӣ гуна ман дар давоми се сол, рӯзонаю шабона ашк реҳта, ҳар яке аз шуморо таълим додам.

32 Акнун, эй бародарон, шуморо ба Худо ва ба каломи файзи Ӯ месупорам, ки қодир аст шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи муқаддасон ба шумо меросе бибахшад.

33 Ман ба симу зар ё пероҳани касе чашм надӯхтаам:

34 Худатон медонед, ки ҳамин дастҳои ман барои таъмини эҳтиёҷоти худам ва ҳамроҳонам хизмат кардааст.

35 Бо тамоми рафтори худ ман ба шумо нишон додаам, ки мо бояд ҳамин тавр меҳнат карда, нотавононро дастгирӣ намоем ва суханони Исои Худовандро дар хотир нигоҳ дорем, ки Ӯ гуфтааст: „Додан аз гирифтан беҳтар аст“».

36 Баъд аз гуфтани ин суханон зону зада, бо ҳамаашон дуо гуфт.

37 Ҳама гирьяи бисьёр карданд ва Павлусро ба оғӯш кашида, мебӯсиданд.

38 Алалхусус аз чунин сухани ӯ хеле ғамгин шуданд, ки гуфта буд: «Рӯи маро дигар нахоҳед дид». Ва ӯро то киштӣ гуселониданд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan