Корнома* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Нозил шудани Рӯҳулқудс. 1 Вақте ки рӯзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд; 2 Баногоҳ ғулғулае, мисли садои тундбод, аз осмон баромад ва тамоми ҳонаро пур кард, 3 Ва забонаҳои аз ҳам чудое, мисли забонаҳои оташ, ба онҳо зоҳир шуда, якто‐якто бар ҳар яке аз онҳо қарор гирифт. 4 Ҳамаашон аз Рӯҳулқудс пур шуданд, ва чун Рӯҳ ба онҳо қудрати такаллум баҳшид, ба забонҳои дигар‐дигар ба сухан гуфтан шурӯъ карданд. 5 Дар Ерусалим яҳудиён, одамони худотарсе ки аз ҳар халқи зери осмон буданд, сукунат доштанд. 6 Ҳангоме ки он ғулғула баланд шуд, мардуми бисьёре ҷамъ омада, дар ҳайрат афтоданд, зеро ки ҳар кас ба забони ҳудаш сухани онҳоро мешунид. 7 Ва ҳама моту мабҳут ва мутааҷҷиб шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Оё ҳамаи инҳо, ки гап мезананд, ҷалилӣ нестанд? 8 Пас чӣ гуна ҳар яке аз мо сухани онҳоро ба забони зодгоҳи худ мешунавем? 9 Мо, ки портиён ва модиён ва эломиён, ва сокинони байнаннаҳрайн, Яҳудо ва Қаппадукия, Понтус ва вилояти Осиё, 10 Фриҷия ва Памфилия, Миср ва ноҳияи Либия, ки дар наздикии Қурин аст, ва зиёратчиёни румӣ, ҳам яҳудиён ва ҳам онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул кардаанд, 11 Ва аҳли Крит ва Арабистон ҳастем, суханони инҳоро аз кибриёи Худо ба забонҳои худамон мешунавем». 12 Ҳама мутааҷҷиб шуда ва дар ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ маъно дорад?» 13 Вале баъзе касон истеҳзокунон мегуфтанд: «Инҳо май хӯрда, маст шудаанд». Мавъизаи Пемрус. 14 Он гоҳ Петрус, бо он ёздаҳ нафар, бархоста ва овози худро баланд карда, ба онҳо гуфт: «Эй мардони Яҳудо ва ҳамаи сокинони Ерусалим! Инро бидонед ва суханони маро гӯш кунед: 1. Ба амал омадани нубуввати Юил. 15 Инҳо маст нестанд, чунон ки шумо гумон мекунед, зеро ки ҳоло соати сеи рӯз аст, 16 Балки ин ҳамон чиз аст, ки Юили набӣ гуфтааст: 17 „Ва дар рӯзҳои охир, мегӯяд Худо, чунин хоҳам кард: Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт, ва писарону духтарони шумо нубувват хоҳанд кард, ва ҷавонони шумо рӯъёҳо ва пирони шумо хобҳо хоҳанд дид; 18 Ва ҳатто бар ғуломону канизони Худ дар он рӯзҳо Рӯҳи Худро хоҳам рехт, ва онҳо нубувват хоҳанд кард; 19 Ва аз боло дар осмон мӯъҷизот ва аз поён дар замин аломот: хун ва оташ ва буҳороти дуд ба зуҳур ҳоҳам овард: 20 Пеш аз он ки рӯзи азиму пуршукӯҳи Худованд фаро расад, офтоб ба зулмот ва моҳ ба хун мубаддал ҳоҳад шуд; 21 Ва чунин ҳоҳад шуд, ки ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот ҳоҳад ёфт“. 2. Аъмоли Исо исбот менамояд, ки Ӯ Ҳудованд Худост. 22 Эй мардони Исроил! Ба ин суханон гӯш диҳед: Исои Носирӣ Марде буд, ки назди шумо аз ҷониби Худо бо кувваҳо ва мӯъҷизот ва аломоте ки Худо дар миёни шумо ба василаи Ӯ содир кард, ба субут расид, чунон ки ҳудатон низ медонед; 23 Ӯро, ки аз рӯи маслиҳати муайян ва огоҳии пешакии Худо таслим карда шуд, шумо бо дасти бадкирдорон бар салиб мехкӯб карда, куштед; 24 Вале Худо завлонаи маргро шикаста, Ӯро эҳьё кард, зеро ғайриимкон буд, ки марг Ӯро дар қайдаш нигоҳ дорад. 3. Довуд пешгӯӣ кардааст, ки Масеҳ баъд аз эҳьё Подшоҳ хоҳад шуд. 25 Зеро ки Довуд дар ҳаққи Ӯ мегӯяд: „Худовандро ҳамеша пеши назари худ медидам, зеро ки Ӯ ба ямини ман аст, то ки фурӯ нағалтам; 26 Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва забонам ба ваҷд омад; ҳатто ҷисмам дар умед сокин хоҳад шуд, 27 Зеро ки ҷони маро дар дӯзах нахоҳӣ андохт, ва нахоҳӣ гузошт, ки қуддуси Ту фаноро бубинад. 28 Тариқи ҳаётро ба ман омӯхтаӣ ва бо хузури Худ маро аз шодӣ пур хоҳӣ кард“. 29 Эй бародарон! Изн мехоҳам, то ки ҷуръат намуда, ба шумо дар бораи падари мо Довуд бигӯям, ки ӯ вафот ёфта, дафн карда шудааст, ва қабраш то имрӯз дар миёни мо боқист; 30 Азбаски ӯ пайғамбар буд ва медонист, ки Худо барои ӯ қасам ёд кардааст, ки аз насли ӯ Масеҳро ба миён оварад, то ки бар тахти ӯ бинишонад, 31 Бинобар ин дар бораи эҳьёи Масеҳ пешбинӣ карда, гуфт, ки ҷони Ӯ дар дӯзах намонд, ва ҷисми Ӯ фаноро надид. 4. Исои маслубшуда Худованд ва Масеҳ аст. 32 Ҳамин Исоро Худо эҳьё кард, ва ҳамаи мо шоҳидони он ҳастем. 33 Акнун, ки Ӯ ба ямини Худо боло бурда шудааст, ваъдаи Рӯҳулқудсро аз Падар ёфта, он чиро, ки шумо дида ва шунида истодаед, фурӯ рехтааст. 34 Зеро ки Довуд ба осмон набаромад, вале худаш мегӯяд: „Худованд ба Худованди ман гуфт: ба ямини Ман бинишин, 35 То ки душманонатро зери пои Ту андозам“. 36 Пас, эй тамоми хонадони Исроил, яқинан бидонед, ки Худо Ҳамин Исоро, ки шумо маслуб кардед, Худованд ва Масеҳ гардондааст». Калисои нахустин. 37 Чун шуниданд, дилреш шуда, ба Петрус ва ҳаввориёни дигар гуфтанд: «Эй бародарон, мо акнун чӣ кунем?» 38 Петрус ба онҳо гуфт: «Тавба кунед, ва хар яке аз шумо ба исми Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳҳо таъмид бигиред, ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед ёфт; 39 Зеро ки ин ваъда барои шумо ва фарзандони шумо ва барои ҳамаи онҳоест, ки дур ҳастанд, яъне барои ҳар касе ки Худованд Худои мо ӯро бихонад». 40 Ӯ бо бисьёр суханони дигар ба онҳо шаҳодат медод ва мавъиза намуда, мегуфт: «Худро аз ин насли каҷрав раҳо кунед!» 41 Пас онҳое ки каломи ӯро бо рағбат қабул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд, 42 Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушоракати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машғул буданд. 43 Ҳама саросар ба ҳарос афтода буданд, ва бисьёр мӯъҷизот ва аломот аз дасти ҳаввориён дар Ерусалим ба амал омад. 44 Ҳамаи имондорон бо ҳам муттаҳид ва дар ҳама чиз шарик буданд: 45 Молу мулки худро мефурӯхтанд ва ба ҳама, мувофиқи эҳтиёҷоти ҳар кас, тақсим мекарданд; 46 Ҳар рӯз якдилона дар маъбад ҷамъ мешуданд ва дар хонаҳои худ нон шикаста, бо дилхушӣ ва самимият бо ҳам хӯрок мехӯрданд, 47 Худоро ҳамду сано мехонданд ва дар миёни тамоми мардум меҳру муҳаббат пайдо мекарданд, ва Худованд ҳар рӯз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба аҳли калисо меафзуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden