Корнома* 19 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ НУЗДАҲУМ Павлус дар Эфсӯс. Шогирдони Яҳьё масеҳӣ мешаванд. 1 Дар он замоне ки Апӯллӯс дар Қӯринтус буд, Павлус дар кишварҳои боло гардиш карда, ба Эфсӯс расид ва дар он ҷо шогирдонро ёфта, 2 Ба онҳо гуфт: «Оё вақте ки имон овардед, Рӯҳулқудсро қабул кардед?» Ба ӯ гуфтанд: «Ҳатто нашунидаем, ки Рӯҳулқудс вуҷуд дорад». 3 Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ навъ таъмид гирифтед?» Гуфтанд: «Таъмиди Яҳьё». 4 Павлус гуфт: «Таъмиде ки Яҳьё медод, таъмиди тавба буд, ва ӯ ба мардум мегуфт: „Ба Он Касе ки баъд аз ман меояд, яъне ба Исои Масеҳ имон оваред“». 5 Чун инро шуниданд, ба исми Исои Худованд таъмид гирифтанд, 6 Ва ҳангоме ки Павлус дастҳои худро бар сари онҳо ниҳод, Рӯҳулқудс бар онҳо нозил шуд, ва ба забонҳо сухан ронда, нубувват карданд. 7 Онҳо тақрибан дувоздаҳ нафар буданд. Павлус дар куништ ва дар мадрасаи Тиронус дар Эфсӯс. 8 Муддати се моҳ ӯ ба куништ даромада, нотарс мавъиза менамуд ва дар бораи Малакути Худо мусоҳиба мекард ва далелҳо меовард. 9 Вале азбаски баъзе касон саҳтдил буданд ва имон намеоварданд ва дар ҳаққи ин тариқат дар пеши мардум бадзабонӣ мекарданд, бинобар ин аз онҳо худро канор гирифта, шогирдонро ҷудо кард ва ҳар рӯз дар мадрасаи Тиронус ном шаҳсе мавъиза менамуд. 10 Ин тақрибан ду сол давом кард, ба тавре ки ҳамаи сокинони вилояти Осиё, ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, каломи Исои Худовандро шуниданд. Мӯъҷизоте ки Павлус ба амал овардааст. 11 Худо ба василаи Павлус мӯъҷизоти бузурге ба амал меовард, 12 То ба ҳадде ки дастмолҳо ва фӯтаҳои ба бадани ӯ расидаро бурда, бар беморҳо мегузоштанд, ва бемории онҳо нест мешуд, ва арвоҳи хабис аз онҳо берун мерафт. 13 Ҳатто баъзе аз азоимхонҳои оворагарди яҳудӣ ҳам бар онҳое ки мубталои рӯҳи хабис буданд, исми Исои Худовандро зикр карда, мегуфтанд: «Шуморо ба Исое ки Павлус мавъиза менамояд, қасам медиҳем». 14 Ҳафт нафар писарони Искиво ном шахсе ки яке аз саркоҳинони яҳудӣ буд, ҳамин тавр амал мекарданд. 15 Аммо рӯҳи хабис дар ҷавоби онҳо гуфт: «Исоро мешиносам, Павлусро низ медонам, лекин шумо кистед?» 16 Марде ки рӯҳи хабис дошт, бо чунон куввате ба онҳо дарафтод, ки ҳама мағлуб шуданд ва дар ҳолате ки бараҳна ва маҷрӯҳ буданд, аз он хона гурехтанд. 17 Ин вокеа ба гӯши ҳамаи яҳудиён ва юнониёни сокини Эфсӯс расида, ҳамаро ба ҳарос андохт, ва исми Исои Худованд дар миёни онҳо бештар иззату икром пайдо кард; 18 Бисьёре аз имондорон омада, аъмоли худро иқрор ва ошкор мекарданд; 19 Бисьёре аз онҳое ки ба ҷодугарӣ машғул буданд, китобҳои худро оварда, дар пеши назари ҳама сӯзонданд; вақте ки арзиши онҳоро ҳисоб карданд, маълум шуд, ки баробари панҷоҳ ҳазор дирҳам аст. 20 Каломи Худо ҳамин тавр қувват мегирифт ва интишор меёфт. 21 Пас аз анҷоми ин чизҳо, Павлус дар дили худ азм кард, ки аз Мақдуния ва Охоия гузашта, ба Ерусалим биравад, ва гуфт: «Баъд аз рафтанам ба он ҷо, Румро низ бояд бубинам». 22 Аз мулозимонаш ду нафарро, яъне Тимотиюс ва Арастусро, ба Мақдуния равона карда, худаш муддате дар вилояти Осиё бимонд. Ба шӯр омадани нуқрагарон дар Эфсӯс. 23 Дар он замон исьёни азиме бар зидди тариқи Худованд рӯй дод; 24 Зеро ки Димитриюс ном нуқрагаре ки тасвирҳои нуқрагини маъбади Артамисро месохт ва ба ин васила ба санъатгарон фоидаи калоне мерасонд, 25 Онҳоро, ҳамчунин ҳунармандони дигарро ҷамъ оварда, гуфт: «Эй мардумон! Шумо медонед, ки некӯаҳволии мо аз пушти ҳамин ҳунар аст, 26 Ва шумо дида ва шунида истодаед, ки на танҳо дар Эфсӯс, балки қариб дар тамоми вилояти Осиё ин Павлус мардуми бисьёрро иғво андохта, гумроҳ кардааст, ва мегӯяд: „Чизҳои соҳтаи дасти инсон ҳудо нестанд“. 27 Пас, хавфи он аст, ки на танҳо ҳунари мо аз байн равад, балки ин маъбади олиҳаи бузурги мо Артамис низ беэътибор шавад, ва ҳашамати вай, ки тамоми вилояти Осиё ва аҳли олам парастишаш мекунанд, беқурб гардад». 28 Вақте ки ин суҳанонро шуниданд, онҳо хеле ба хашм омада, фарьёд заданд: «Бузург аст Артамиси эфсӯсиён!» 29 Тамоми шаҳр ба шӯр омада, ҳама якдилона сӯи тамошохона тохтанд ва Ғоюс ва Ористархусро, ки аз аҳли Мақдуния ва ҳамроҳони Павлус буданд, дастгир карда, бо худ кашида бурданд. 30 Павлус мехост, ки ба миёни мардум дарояд, аммо шогирдон ӯро намонданд; 31 Ҳамчунин баъзе аз сардорони вилояти Осиё, ки дӯстонаш буданд, назди ӯ кас фиристода, таъкид карданд, ки ба тамошохона набиёяд. 32 Дар ин миён баъзе касон дод зада, чизе мегуфтанд, касони дигар — чизи дигаре; зеро ки ҷамоат ошуфтаҳол буданд ва аксари онҳо намедонистанд, ки барои чӣ ҷамъ шудаанд. 33 Аз миёни издиҳом Искандарро кашола карданд, чунки яҳудиён ӯро пеш андохта буданд, ва Искандар бо дасташ ишора намуда, хост барои муҳофизати худ ба мардум сухане бигӯяд. 34 Аммо, чун яҳудӣ буданашро донистанд, ҳама бо як овоз дод заданд ва қариб ду соат нидо мекарданд: «Бузург аст Артамиси эфсӯсиён!» 35 Нозири низом мардумро сокит карда, гуфт: «Эй мардони Эфсӯс! Кӣ намедонад, ки шаҳри Эфсӯс парастандаи маъбади Артамиси олиҳаи бузург ва ҳайкали аз осмон нозилшудаи вай мебошад? 36 Модоме ки ин баҳснопазир аст, шуморо лозим аст, ки ором бошед ва рафтори бемулоҳизае накунед; 37 Эеро ин шахсоне ки шумо овардаед, на тороҷкунандагони маъбаданд ва на дар ҳаққи олиҳаи шумо сухани куфромез гуфтаанд; 38 Агар Димитриюс ва ҳамкоронаш даъвое бар касе дошта бошанд, инак дари маҳкамаҳо кушода, волиён низ ҳозиранд: бигзор ба онҳо шикоятҳои худро оварда супоранд; 39 Вале агар талаби дигаре дошта бошед, он бояд дар маҳкамаи шаръӣ яктарафа шавад; 40 Зеро ҳавфи он аст, ки мо барои рафтори имрӯза ба балвогарӣ айбдор шавем, ва мо ҳеҷ далеле надорем, ки барои чунин ҷамъомад онро сабаб нишон диҳем». Инро гуфта, издиҳомро пароканда кард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden