Корнома* 18 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАЖДАҲУМ Павлус дар Қӯринтус. 1 Баъд аз ин Павлус Атиноро тарк карда, ба Қӯринтус омад. 2 Дар он ҷо Акило ном марди яҳудӣ, ки зодгоҳаш Понтус буда, ба қарибӣ бо ҳамсараш Прискила аз Итолия омада буд, — зеро Клавдиюс фармон дода буд, ки ҳамаи яҳудиён аз Рум бираванд, — ва Павлус бо онҳо шиносоӣ пайдо кард ва назди онҳо омад, 3 Ва азбаски монанди онҳо ҳунари хаймадӯзӣ дошт, назди онҳо монда, ба кор машғул шуд. Барпо шудани калисо дар Қӯринтус. 4 Ҳар рӯзи шанбе ӯ дар куништ сухан ронда, саъю кӯшиш менамуд, ки яҳудиён ва юнониёнро мӯътақид гардонад. 5 Вақте ки Сило ва Тимотиюс аз Мақдуния омаданд, Павлус аз Рӯҳ илҳом ёфта, ба яҳудиён шаҳодат додан гирифт, ки Исо Масеҳ аст. 6 Аммо азбаски онҳо мухолифат ва бадзабонӣ мекарданд, домани худро бар онҳо афшонда, гуфт: «Хунатон ба гарданатон; ман аз он мубарро ҳастам; минбаъд назди ғайрияҳудиён ҳоҳам рафт». 7 Аз он ҷо рафта, назди Юстус ном шаҳси ҳудотарсе омад, ки хонаи вай дар шафати куништ буд. 8 Криспус, ки сардори куништ буд, бо тамоми аҳли байташ ба Худованд имон овард, ва бисьёре аз қӯринтиён, чун шуниданд, имон оварданд ва таъмид гирифтанд. 9 Худованд як шаб дар рӯъё ба Павлус гуфт: «Натарс, балки суҳан бигӯ ва хомӯш набош, 10 Зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва ҳеҷ кас ба ту осебе нахоҳад расонд; чунки Ман дар ин шаҳр мардуми бисьёре дорам». 11 Ба ин сабаб ӯ як солу шаш моҳ дар он ҷо монда, каломи Худоро ба онҳо таълим дод. Ғолиюни бомулоҳиза. 12 Дар ин миён, вақте ки Ғолиюн волии Оҳоия буд, яҳудиён якдил шуда, ба Павлус ҳуҷум карданд ва ӯро ба маҳкама кашида оварданд 13 Ва гуфтанд: «Ин шахс мардумро иғво медиҳад, ки ибодати Худоро бар хилофи шариат ба ҷо оваранд». 14 Павлус ҳанӯз ҳарфе назада буд, ки Ғолиюн ба яҳудиён гуфт: «Эй яҳудиён! Агар озоре ё кирдори баде ба вуқӯъ меомад, барои ман асосе мебуд, ки арзи шуморо бишнавам; 15 Вале модоме ки сухан дар бораи калимот ва номҳо ва шариати шумо меравад, худатон бояд онро яктарафа кунед: ман дар ин бобат доварӣ нахоҳам кард». 16 Ва онҳоро аз маҳкама пеш кард. 17 Ҳамаи юнониён сардори куништ Сӯстинисро дастгир карда, дар назди маҳкама каллакӯбак карданд, ва Ғолиюн ба ин ҳеҷ парво накард. Павлус ба Антиёхия бармегардад ва мувофиқи шариати яҳудиён назр мекунад. 18 Павлус боз чандин рӯз дар он ҷо истод, он вақт бо бародарон хайру маъзур кард ва бо киштӣ ба Сурия равона шуд ва Прискила ва Акилоро ҳамроҳи худ бурд ва дар Канхария мӯйсар гирифт, чунки назр карда буд. 19 Вақте ки ба Эфсӯс расиданд, онҳоро дар он ҷо монда, худаш ба куништ даромад ва бо яҳудиён суханронӣ кард. 20 Аз ӯ хоҳиш карданд, ки муддате бо онҳо бимонад, лекин ӯ розӣ нашуд. 21 Ва бо онҳо хайру маъзур карда, гуфт: «Ман бояд иди дар пеш истодаро ҳатман дар Ерусалим гузаронам; баъд аз он, Худо хоҳад, боз назди шумо хоҳам баргашт». Ва Эфсӯсро тарк кард. 22 Ба Қайсария расида, ба Ерусалим рафт ва аҳли калисоро табрик ва аҳволпурсӣ карда, ба Антиёхия равона шуд. Сафари сеюми Павлус. 23 Муддате дар он ҷо истода, боз ба сафар рафт ва дар кишвари Ғалотия ва Фриҷия гашта, ҳамаи шогирдонро тақвият мекард. Апӯллӯс дар Эфсӯс. 24 Апӯллӯс ном яҳудие аз аҳли Искандария, ки шаҳси суханвар ва аз Навиштаҳо хабардор буд, ба Эфсӯс расид; 25 Ӯ дар тариқи Худованд тарбият ёфта буд ва бо ҷӯшу хурӯши Рӯҳ сухан ронда, дар бораи Исо ба хубӣ таълим медод, гарчанде ки фақат аз таъмиди Яҳьё огоҳӣ дошт. 26 Ӯ дар куништ далерона сухан рондан гирифт. Чун Акило ва Прискила суханонашро шуниданд, ӯро назди худ оварданд ва тариқи Худовандро ба ӯ дурустакак фаҳмонданд. 27 Вақте ки ӯ азми сафари Охоия кард, бародарон ба шогирдон навиштанд, ки ӯро пазироӣ кунанд; чун ба он ҷо расид, ба касоне ки ба файзи илохӣ имон оварда буданд, ёрдами бисьёр дод: 28 Зеро ки бо қуввати тамом дар пеши назари ҳама бо яҳудиён баҳсу мунозира карда, аз рӯи Навиштаҳо исбот менамуд, ки Исо Масеҳ аст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden