Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Корнома* 17 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАФДАҲУМ Барпо шудани калисо дар Таслӯникӣ.

1 Аз Амфипӯлис ва Аполония гузашта, ба Таслӯникӣ омаданд, ки дар он ҷо куништи яҳудиён буд.

2 Павлус, аз рӯи одати худ, назди онҳо дохил шуд, ва се рӯзи шанбе бо онҳо аз Навиштаҳо гуфтугӯ мекард

3 Ва ошкор карда ва исбот намуда, мегуфт, ки лозим буд Масеҳ азобу уқубат кашад ва аз мурдагон эҳьё шавад, ва Ҳамин Исо, ки ман Ӯро ба шумо мавъиза мекунам, Масеҳ аст.

4 Баъзе аз онҳо ва ҳамчунин бисьёре аз юнониҳои ҳудотарс ва шумораи зиёде аз занони ашроф имон оварданд ва ба Павлус ва Сило ҳамроҳ шуданд.


Ба шӯр омадани яҳудиён дар Таслӯникӣ.

5 Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, ҳасад бурданд ва чанд нафар нобакоронро аз бозор гирифта, издиҳоме ҷамъ карданд ва шаҳрро ба шӯр оварданд ва ба ҳонаи Ёсӯн тоҳта, ҳостанд онҳоро назди ҷамоат берун оваранд.

6 Чун онҳоро наёфтанд, Ёсӯн ва чанд нафар бародаронро назди сардорони шаҳр кашиданд ва дод зада мегуфтанд, ки онҳое ки тамоми оламро зеру забар карданд, ба ин ҷо низ омадаанд,

7 Ва Ёсӯн онҳоро пазироӣ кардааст, ва ҳамаи онҳо бар хилофи фармоишоти қайсар амал мекунанд ва шахси дигарро, ки Исо ном дорад, подшоҳ медонанд.

8 Аз шунидани ин суханон мардум ва сардорони шаҳр ба ташвиш афтоданд,

9 Ва аз Ёсӯн ва дигарон замонат гирифта, онҳоро ҷавоб доданд.


Павлус ва Сило дар Бирия.

10 Бародарон фавран Павлус ва Силоро шабона ба Бирия равона карданд, ва онҳо ба он ҷо расида, ба куништи яҳудиён даромаданд.

11 Яҳудиёни он ҷо назар ба аҳли Таслӯникӣ равшанфикртар буданд: бо иштиёқи комил каломро гӯш мекарданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд, то бидонанд, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё не;

12 Бисьёре аз онҳо, ҳам аз занони ашрофи юнонӣ ва ҳам шумораи зиёде аз мардон имон оварданд.

13 Лекин чун яҳудиёни Таслӯникӣ фаҳмиданд, ки Павлус дар Бирия низ каломи Худоро мавъиза намудааст, ба он ҷо омада, мардумро ба шӯр оварданд.

14 Дарҳол бародарон Павлусро сӯи баҳр равона карданд, вале Сило ва Тимотиюс дар он ҷо монданд.


Павлус дар Атино.

15 Ҳамроҳони Павлус ӯро то Атино гуселониданд, ва ӯ ба онҳо фармуд, ки гашта рафта, ҳар чи зудтар Сило ва Тимотиюсро назди ӯ равона кунанд.

16 Ҳангоме ки Павлус дар Атино ба онҳо интизорӣ дошт, чун дид, ки ин шаҳр аз бутҳо пур аст, рӯҳаш дар дарунаш музтариб шуд.

17 Бинобар ин дар куништ бо яхудиён ва худотарсон ва дар бозор ҳар рӯз бо ҳар кӣ вомехӯрд, гуфтугӯ мекард.

18 Баъзе аз файласуфони эпикурӣ ва истоӣ бо ӯ мунозира мекарданд; як хелашон мегуфтанд: «Ин лаққӣ чӣ мехоҳад бигӯяд?»; дигарҳо мегуфтанд: «Зоҳиран, ӯ худоҳои бегонаро мавъиза мекунад»; зеро ки ӯ ба онҳо аз Исо ва эҳьё башорат медод.

19 Ӯро дастгир карда, ба Арьюпогус, ки кӯҳи доварон аст, оварданд ва гуфтанд: «Оё мумкин аст мо бидонем, ки ин тариқати наве ки ту мавъиза менамоӣ, чист?

20 Азбаски суханонат ба гӯши мо аҷиб мерасад, бинобар ин меҳоҳем бидонем, ки онҳо чӣ маъно доранд».

21 Зеро ки тамоми аҳли Атино ва аҷнабиёни сокини он ҷо вақти худро аз ҳама зиёдтар дар гуфтану шунидани ягон гапи тоза мегузаронданд.


Мавъизаи Павлус дар Арьюпогуси Атино.

22 Он гоҳ Павлус дар миёнаҷои Арьюпогус истода, гуфт: «Эй мардони Атино! Шуморо аз ҳар ҷиҳат бисьёр диндор ёфтаам;

23 Зеро ки, чун гаштгузор карда, ибодатгоҳҳои шуморо аз назар мегузарондам, мазбаҳе дидам, ки бар он навишта шудааст: „Ба Худои ношинос“. Пас, Ҳамонро, ки шумо мепарастед, вале намешиносед, ман ба шумо мавъиза менамоям:

24 Худое ки олам ва тамоми мавҷудоти онро офаридааст, Худованди осмону замин аст ва дар маъбадҳои сохтаи дасти инсон сокин нест

25 Ва ба хизмати дастҳои одамӣ эҳтиёҷ надорад, зеро ки Худаш ҳаёт ва нафас ва ҳар чизро ба ҳама мебахшад;

26 Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст, то ки бар тамоми рӯи замин сокин шаванд, ва барои сукунати онҳо мӯҳлатҳо ва ҳудуди муайяне пешакӣ муқаррар кардааст,

27 То ки онҳо Худоро ҷустуҷӯ кунанд ва, шояд Ӯро ёбем гӯён, кӯр‐кӯрона даст‐даст карда нагарданд, гарчанде ки Ӯ аз ҳеҷ яке аз мо дур нест:

28 Зеро ки мо дар Ӯ зиндагӣ ва ҳаракат мекунем ва вуҷуд дорем, чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтаанд: „Мо фарзандони Ӯ ҳастем“.

29 Пас, модоме ки ҳамаи мо фарзандони Худо ҳастем, набояд гумон кунем, ки Илоҳият монанд аст ба тилло ё нуқра ё санге ки аз санъат ва хаёли инсон сурате гирифтааст.

30 Хуллас, ҳоло Худо аз замонҳои ҷаҳолат сарфи назар карда, дар ҳар ҷо ба ҳамаи одамон амр мефармояд, ки тавба кунанд;

31 Зеро ки Ӯ рӯзеро муқаррар намудааст, ки аҳли ҷаҳонро ба василаи Марде ки баргузидаи Ӯст, аз рӯи инсоф доварӣ кунад, ва барои он ки инро ба ҳама исбот намояд, Ӯро аз мурдагон эҳьё кард».

32 Вақте ки зикри эҳьёи мурдагонро шуниданд, баъзе касон тамасхур карданд ва баъзеи дигарон гуфтанд: «Дар ин бора дафъаи дигар ба сухани ту гӯш хоҳем дод».

33 Бо ҳамин, Павлус аз миёни онҳо берун омад.

34 Вале якчанд кас ба ӯ ҳамроҳ шуда, имон оварданд; дар байни онҳо Диёнисиюси арьюпогӣ ва Домарис ном зане ва дигарон буданд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan