Корнома* 16 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ШОНЗДАҲУМ Павлус дар Осиёи Сағир. Тимотиюс. 1 Ба Дарба ва Лустра омад. Ва инак, Тимотиюс ном шогирде дар он ҷо буд, ки модараш яҳудизани имондор, лекин падараш юнонӣ буд, 2 Ва бародарони сокини Лустра ва Иқуния ӯро таъриф мекарданд. 3 Павлус майл дошт ӯро ҳамроҳи худ бибарад, ва ӯро гирифта, ба хотири яҳудиёне ки дар он ноҳия буданд, хатна кард, зеро ки ҳама падарашро мешинохтанд, ки вай юнонӣ буд. 4 Онҳо дар ҳар шаҳре ки мегаштанд, дастурҳоеро, ки ҳаввориён ва пирон дар Ерусалим қарор дода буданд, ба онҳо месупурданд, то ки аз рӯи он дастурҳо амал кунанд. 5 Калисоҳо дар имон мустаҳкам мешуданд, ва шумораашон рӯз ба рӯз меафзуд. Павлус дар Трӯос. Рӯҳулқудс идора мекунад. 6 Вақте ки аз Фриҷия ва кишвари Ғалотия мегузаштанд, Рӯҳулқудс онҳоро нагузошт, ки каломро дар вилояти Осиё мавъиза намоянд. 7 Ба Мисия расида, аз он ҷо ба Битуния рафтанӣ шуданд, лекин Рӯҳ ба онҳо иҷозат надод. 8 Он гоҳ аз Мисия гузашта, ба Трӯос фуромаданд. 9 Ҳамон шаб ба Павлус рӯъёе аён шуд, ки инак шахсе аз аҳли Мақдуния назди ӯ истода буд ва илтимос карда, мегуфт: «Ба Мақдуния омада, ба мо мадад расон». 10 Ҳамин ки ӯ ин рӯъёро дид, мо дарҳол ба Мақдуния рафтанӣ шудем, зеро яқин донистем, ки Худованд моро даъват намудааст, ки дар он ҷо башорат диҳем. 11 Аз Трӯос бо киштӣ рафта, рост ба Сомӯтрокӣ расидем ва рӯзи дигар ба Ниёпӯлис равона шудем; Павлус ва Сило дар Филиппӣ. 12 Аз он ҷо ба Филиппӣ рафтем, ки шаҳри аввали вилояти Мақдуния, қасабаи муҳоҷирнишин буд; дар он шаҳр якчанд рӯз истодем. 13 Рӯзи шанбе аз шаҳр берун шуда, дар соҳили дарьё, ки он ҷо одатан ибодатгоҳ буд, нишастем ва бо заноне ки дар он ҷо ҷамъ омада буданд, гуфтугӯ кардем. Имон овардани Лидия. 14 Лидия ном занаки худопарасти арғувонфурӯш, ки аз шаҳри Тиётира буд, гуфтугӯи моро гӯш мекард; Худованд дили ӯро кушода буд, то ки суҳанони Павлусро бишнавад. 15 Вақте ки ӯ ва аҳли байташ таъмид гирифтанд, хоҳиш карда, гуфт: «Агар шумо яқин дониста бошед, ки ман ба Худованд имон овардаам, ба хонаи ман омада, иқомат кунед». Ӯ он қадар исрор кард, ки мо розӣ шудем. Берун кардани рӯҳи ғайбгӯй. Задани Павлус ва Сило. 16 Як рӯз, ки мо ба ибодатгоҳ мерафтем, ба мо канизе вохӯрд, ки рӯҳи ғайбгӯй дошт ва аз ғайбгӯӣ ба оғоёни худ даромади калоне меовард. 17 Вай аз қафон мо ва Павлус омада, фарьёд зад, ки ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо хабар медиҳанд. 18 Азбаски чандин рӯз вай ҳамин тавр рафтор кард, Павлус дарғазаб шуд ва ба вай рӯ гардонда, ба он рӯҳ гуфт: «Ба исми Исои Масеҳ туро амр мефармоям, ки аз вай берун баро». Ва дарҳол аз вай берун омад. 19 Чун оғоёни вай диданд, ки умеди даромадашон аз даст рафт, Павлус ва Силоро дастгир карда, ба майдони шаҳр назди сардорон кашида бурданд; 20 Вақте ки онҳоро назди волиён оварданд, гуфтанд: «Ин одамон, ки яҳудӣ ҳастанд, шаҳри моро ба шӯр овардаанд 21 Ва расму таомулеро мавъиза мекунанд, ки қабул кардан ва ба ҷо овардани он ба мо, румиён, чоиз нест». 22 Мардум низ бар онҳо қиём карданд, ва волиён ҷомаҳои онҳоро канда партофта, фармуданд, ки онҳоро калтаккорӣ кунанд; 23 Пас аз задани шаттаи бисьёр, онҳоро дар зиндон андохтанд ва ба зиндонбон амр фармуданд, ки онҳоро дурустакак нигаҳбонӣ кунад; 24 Чун вай ин тавр амре гирифт, онҳоро дар зиндони дохилӣ маҳбус кард ва ба пойҳошон кунда зад. Имон овардани зиндонбон дар Филиппӣ. 25 Дар қарибии нисфи шаб Павлус ва Сило дуо гуфта, Худоро ҳамду сано мехонданд, ва бандиён онҳоро мешуниданд. 26 Ногаҳон заминҷунбии азиме рӯй дод, то ба ҳадде ки таҳкурсии зиндон ба ларза даромад; дарҳол ҳамаи дарҳо кушода шуд, ва ҳама завлонаҳо ба замин афтод. 27 Зиндонбон бедор шуда, дарҳои зиндонро кушода дид ва шамшери худро кашида, мехост худро бикушад, ба гумони он ки бандиён гурехта рафтаанд. 28 Аммо Павлус бо овози баланд гуфт: «Ба худ осебе нарасон, зеро ки ҳамаи мо дар ин ҷо ҳастем». 29 Зиндонбон чароғе талаб карда, ба дарун давида даромад ва ларзон шуда, пеши пои Павлус ва Сило афтод; 30 Сонӣ онҳоро берун оварда, гуфт: «Эй оғоён! Чӣ бояд бикунам, то ки наҷот ёбам?» 31 Гуфтанд: «Ба Исои Масеҳи Худованд имон овар, ва ту бо аҳли байти худ наҷот хоҳӣ ёфт». 32 Он гоҳ каломи Худовандро ба вай ва тамоми аҳли байташ мавъиза карданд. 33 Дар ҳамон соати шаб зиндонбон онҳоро берун оварда, захмҳошонро шуст, ва фавран худаш ва тамоми аҳли байташ таъмид гирифтанд, 34 Ва онҳоро ба хонаи худ оварда, дар пешашон хӯрок монд, ва бо тамоми аҳли байти худ шод шуд, ки ба Худо имон овард. Павлус намехоҳад пинҳонӣ биравад. 35 Вақте ки субҳ дамид, волиён мулозимонро фиристоданд, ки бигӯянд: «Он шахсонро ҷавоб деҳ». 36 Зиндонбон инро ба Павлус хабар дода, гуфт: «Волиён кас фиристодаанд, ки шуморо ҷавоб диҳам; пас, берун омада, ба саломатӣ биравед». 37 Вале Павлус ба онҳо гуфт: «Моро, ки румӣ ҳастем, бе муҳокима дар пеши назари тамоми мардум калтаккорӣ карда, дар зиндон андохтанд, ва акнун мехоҳанд пинҳонӣ ҷавоб диҳанд? Не, бигзор худашон омада, моро берун оваранд». 38 Мулозимон ин суханонро ба волиён расонданд, ва чун шуниданд, ки румӣ ҳастанд, ба ҳарос афтоданд 39 Ва омада, аз онҳо узр пурсиданд ва берун оварда, хоҳиш карданд, ки аз шаҳр бираванд. 40 Онҳо аз зиндон берун омада, ба хонаи Лидия шитофтанд ва бо бародарон вохӯрда ва онҳоро насиҳат карда, равона шуданд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden