Корнома* 15 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПОНЗДАҲУМ Ҷамъомад дар Ерусалим. Масъалаи хатна. 1 Баъзе касон аз Яҳудо омада ва бародаронро таълим дода, мегуфтанд: «Агар мувофиқи оини Мусо махтун нашавед, наҷот ёфта наметавонед». 2 Пас аз он ки Павлус ва Барнаббо бо онҳо мунозира ва мубоҳисаи бисьёре карданд, қарор дода шуд, ки Павлус ва Барнаббо ва чанд нафари дигар аз онҳо барои ҳалли ин масъала назди ҳаввориён ва пирон ба Ерусалим бираванд. 3 Аҳли калисо онҳоро гуселониданд, ва ҳангоме ки онҳо аз Финиқия ва Сомария мегузаштанд, имон овардани ғайрияҳудиёнро ҳикоят карданд, ва ин хабар ҳамаи бародаронро бағоят шод гардонд. 4 Чун ба Ерусалим расиданд, аҳли калисо, ҳаввориён ва пирон онҳоро пазироӣ карданд, ва онҳо аз он чи Худо бо онҳо ба амал оварда буд, нақл карданд. 5 Баъзе аз фарисиён, ки имон оварда буданд, бархоста, гуфтанд, ки онҳоро бояд хатна карда, амр фармоянд, ки шариати Мусоро риоя кунанд. 6 Ҳаввориён ва пирон ҷамъ шуданд, то ки ин масъаларо муҳокима намоянд. 7 Баъд аз муҳокимаи бисьёр Петрус бархоста, ба онҳо гуфт: «Эй бародарон! Шумо медонед, ки аз рӯзҳои аввал Худо аз миёни ҳамаи мо маро баргузид, то ки гайрияҳудиён каломи Инҷилро аз забони ман бишнаванд ва имон оваранд; 8 Худои Орифулқалб ба онҳо бо чунин васила шаҳодат дод, ки Рӯҳулқудсро ба онҳо низ бахшид, чунон ки ба мо бахшидааст, 9 Ва дар байни мо ва онҳо ҳеҷ фарқе нагузошта, дилҳои онҳоро бо имон пок сохт. 10 Пас чаро акнун Худоро озмуда, бар гардани шогирдон юғе меандозед, ки онро ҳам падарони мо ва ҳам мо бардошта натавониста будем? 11 Лекин мо ба файзи Исои Масеҳи Худованд зътиқод дорем ва наҷот меёбем, ҳамчунон ки онҳо низ». 12 н гоҳ тамоми аҳли маҷлис сокит шуда, ба ҳикояти Барнаббо ва Павлус дар бораи аломоту мӯъҷизоте ки Худо дар миёни гайрияҳудиён ба василаи онҳо ба амал оварда буд, гӯш доданд. 13 Ҳамин ки нутқи онҳо ба охир расид, Яъқуб ба сухан оғоз карда, гуфт: «Эй бародарон! Ба ман гӯш диҳед: 14 Шимъӯн фаҳмонда дод, ки чӣ гуна Худо аввал ба гайрияҳудиён назар андохт, то ки аз миёни онҳо қавме ба исми Худ бигирад; 15 Гуфтаҳои анбиё низ ба ин мутобиқ аст, чунон ки навишта шудааст: 16 „Баъд аз ин руҷӯъ намуда, хаймаи Довудро, ки фурӯ ғалтидааст, аз нав барқарор мекунам ва харобаҳои онро обод мегардонам ва барпо менамоям, 17 То ки бақияи мардум ва ҳамаи халқҳое ки исми Ман дар байни онҳо хонда мешавад, толиби Худованд гарданд, мегӯяд Худованде ки ҳамаи инро ба амал меоварад“. 18 Ба Худо ҳамаи корҳояш абадан маълум аст. Халқҳо ба Таврот тобеъ нестанд. 19 Пас, фикри ман ин аст, ки касонеро, ки аз миёни ҳалқҳо ба Худо руҷӯъ менамоянд, ба душворӣ наандозем, 20 Балки ба онҳо фақат дастуре бинависем, ки аз наҷосати бутҳо, аз зино, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз хун парҳез кунанд; 21 Зеро ки Мусо аз наслҳои қадим дар ҳамаи шаҳрҳо воизони худро дорад, ва дар куништҳо ҳар рӯзи шанбе қироат мешавад». 22 Он гоҳ ҳаввориён ва пирон бо тамоми аҳли калисо ба қароре омаданд, ки чанд касро аз миёни худ интихоб карда, ҳамроҳи Павлус ва Барнаббо ба Антиёхия фиристонанд; онҳо Яҳудоро, ки лақабаш Барсаббо буд, ва Силоро интихоб карданд, ки ин ду нафар аз пешвоёни бародарон буданд; 23 Ва номае ба ин мазмун навишта, ба дасти онҳо супурданд: «Ҳаввориён ва пирон ва бародарон ба бародароне ки аз байни гайрияҳудиён дар Антиёҳия, Сурия ва Қилиқия ҳастанд, салом мерасонанд. 24 Чун шунидем, ки аз миёни мо баъзе касон шуморо бо суханони худ мушавваш соҳтаанд ва дилҳои шуморо ба шакку шубҳа андохтаанд ва гуфтаанд, ки „бояд хатна кунед ва шариатро риоя намоед“, ва ҳол он ки мо ба онҳо чунин дастуре надодаем, 25 Бинобар ин мо якдилона ба қароре омадем, ки чанд нафарро интихоб намуда, назди шумо равона кунем, ҳамроҳи азизони худ Барнаббо ва Павлус, 26 Ки ҷонҳои худро аз барои исми Худованди мо Исои Масеҳ нисор кардаанд. 27 Пас, Яҳудо ва Силоро фиристодаем, ки онҳо низ ҳамин чизҳоро ба шумо даҳанакӣ баён хоҳанд кард. 28 Зеро ки Рӯҳулқудс ва мо савоб дидем, ки ба зиммаи шумо боре нагузорем, ҷуз воҷиботи зерин: 29 Аз қурбониҳои бутҳо, аз ҳун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез кунед; ҳар гоҳ аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед. Саломат бошед». 30 Вақте ки фиристодагон ба Антиёхия омаданд, мардумро ҷамъ карда, номаро супурданд. 31 Онро ҳонда, аз мазмуни тасаллибахшаш шодмон шуданд. 32 Яҳудо ва Сило, ки низ набӣ буданд, бародаронро бо суханони бисьёр насиҳат ва тақвият доданд. 33 Баъд аз он ки муддате дар он ҷо монданд, бародарон онҳоро ба саломатӣ назди ҳаввориён равона карданд; 34 Вале Сило дар он ҷо монданӣ шуд. 35 Павлус ва Барнаббо дар Антиёхия иқомат намуда, бо ҳамроҳии бисьёр касони дигар каломи Худовандро таълим ва башорат медоданд. Сафари дуюми Павлус. Ҷудоӣ аз Барнаббо. 36 Чун якчанд рӯз гузашт, Павлус ба Барнаббо гуфт: «Акнун гашта равем ва дар ҳар шаҳре ки каломи Худовандро мавъиза карда будем, бародарони худро бубинем, ки аҳволашон чӣ гуна аст». 37 Барнаббо меҳост Юҳанноро, ки лақабаш Марқӯс буд, ҳамроҳашон бибаранд, 38 Аммо Павлус салоҳ надонист, ки шахсеро, ки дар Памфилия аз онҳо ҷудо шуда, дар корашон то ба охир ҳамроҳӣ накарда буд, бо худ бибаранд. 39 Ба ин сабаб низое ба миён омада, то ба ҳадде расид, ки онҳо аз якдигар чудо шуданд, ва Барнаббо Марқӯсро ҳамроҳи худ гирифта, бо киштӣ ба Қаприс рафт, 40 Ва Павлус барои худ Силоро интиҳоб кард, ва ҳамин ки бародарон ӯро ба файзи Худо супурданд, рӯ ба сафар ниҳод 41 Ва ба Сурия ва Қилиқия гузашта, калисоҳоро тақвият мекард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden