Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Корнома* 13 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЗДАҲУМ Рӯҳулқудс Павлус ва Барнабборо даъват менамояд.

1 Дар калисои Антиёҳия якчанд нафар анбиё ва муаллимон буданд, чунончи: Барнаббо ва Шимъӯн, ки лақабаш Ниҷар буд, ва Лукюси Қуринӣ ва Маноҳим, ки бо тетрарҳ Ҳиродус дар як ҷо тарбият ёфта калон шуда буд, ва Шоул.

2 Вақте ки онҳо ба ибодати Худованд ва рӯзадорӣ машғул буданд, Рӯҳулқудс гуфт: «Барнаббо ва Шоулро аз баҳри коре ки барояш онҳоро даъват намудаам, ба Ман ҷудо кунед».


Сафари якуми Павлус ба ҷазираи Қаприс.

3 Баъд аз рӯза гирифтан ва дуо гуфтан даст бар сари онҳо гузоштанд ва онҳоро равона карданд.

4 Онҳо, ки фиристодагони Рӯҳулқудс буданд, ба Салукия омаданд ва аз он ҷо бо киштӣ ба Қаприс рафтанд

5 Ва вориди Саломис шуда, дар куништҳои яҳудиён каломи Худоро мавъиза карданд; Юҳанно низ мулозими онҳо буд.


Муқобилияти Алимои ҷодугар.

6 Чун тамоми ҷазираро то ба Пофус тай карданд, як ҷодугари яҳудиро ёфтанд, ки набии козиб буд ва Барюшаъ ном дошт;

7 Ӯ бо волӣ Сарҷиюс Павлус ҳамнишин буд. Волӣ, ки марди бофаҳм буд, Барнаббо ва Шоулро даъват намуда, хост каломи Худоро бишнавад.

8 Аммо Алимои чодугар, ки тарҷимаи номаш чунин аст, ба онҳо мухолифат карда, хост волиро аз имон овардан боздорад.

9 Вале Шоул, ки Павлус низ ном дошт, аз Рӯҳулқудс пур шуда, ба ӯ назар дӯхт

10 Ва гуфт: «Эй манбаи ҳар макру шарорат, эй фарзанди иблис ва душмани ҳама гуна адолат! Оё аз роҳи рости Худованд баровардани мардумро бас намекунӣ?

11 Ҳоло дасти Худованд туро хоҳад зад, ва нобино гашта, нури офтобро то муддате нахоҳӣ дид». Ногаҳон дуньё дар назараш тираву тор шуд, ва ӯ ба ҳар сӯ рӯ оварда, асокаше меҷуст.

12 Чун волӣ ин ҳодисаро дид, аз таълими Худованд мутаҳайир шуда, имон овард.

13 Павлус ва ҳамроҳонаш Пофусро тарк карда, бо киштӣ ба Пирҷаи Памфилия омаданд, аммо Юҳанно аз онҳо ҷудо шуда, ба Ерусалим баргашт.


Мавъизаи Павлус дар куништи Писидия.

14 Онҳо аз Пирҷа гузашта, ба Антиёҳияи Писидия расиданд ва рӯзи шанбе ба куништ даромада, нишастанд.

15 Баъд аз қироати Таврот ва суҳафи анбиё, сардорони куништ назди онҳо кас фиристода, гуфтанд: «Эй бародарони азиз! Агар каломи насиҳатомезе барои қавм дошта бошед, бигӯед».

16 Павлус барҳоста ва бо дасташ ишора карда, гуфт: «Эй мардони исроилӣ ва худотарсон! Гӯш диҳед:

17 Худои қавми Исроил падарони моро баргузид ва ин қавмро, ҳангоме ки дар ғурбати замини Миср буданд, сарафроз кард, ва онҳоро бо бозуи зӯрманд аз он ҷо берун овард;

18 Қариб чиҳил сол онҳоро дар биёбон ғизо дод;

19 Ҳафт қавмро дар замини Канъон несту нобуд карда, заминашонро ҳамчун мерос ба онҳо тақсим кард,

20 Дар давоми тақрибан чорсаду панҷоҳ сол. Пас аз он, то замони Самуили набӣ, доваронро ба онҳо бахшид;

21 Сонӣ барои худ подшоҳ талабиданд, ва Худо Шоул ибни Кисро аз сибти Биньёмин ба онҳо дод, ки муддати чиҳил сол салтанат ронд;

22 Вақте ки ӯро аз миён бардошт, Довудро бар онҳо подшоҳ таъин кард ва дар ҳаққи ӯ шаҳодат дода, гуфт: „Довуд ибни Йисойро мувофиқи табъи дили Худ ёфтам, ки ӯ тамоми хостаи Маро ба ҷо хоҳад овард“.

23 Ин ҳамон касест, ки Худо аз насли ӯ, мувофиқи ваъдаи Худ, барои Исроил Наҷотдиҳандае, яъне Исоро ба миён овард;

24 Пеш аз омадани Ӯ Яҳьё ба тамоми қавми Исроил таъмиди тавбаро мавъиза кард.

25 Чун Яҳьё ҳизмати худро анҷом дод, гуфт: „Ман он касе ки шумо гумон мекунед, нестам; лекин баъд аз ман Касе меояд, ки ман сазовори он нестам, ки банди пойафзоли Ӯро воз кунам“.

26 Эй бародарон, эй фарзандони насли Иброҳим ва касоне ки аз байни шумо худотарс ҳастанд! Каломи ин наҷот ба шумо фиристода шудааст.

27 Зеро ки сокинони Ерусалим ва сардорони онҳо Ӯро нашинохта ва маҳкум карда, гуфтаҳои анбиёро, ки ҳар рӯзи шанбе қироат мешавад, ба иҷро расонданд,

28 Ва гарчанде ки аз Ӯ ҳеҷ айби сазовори марг наёфта буданд, аз Пилотус хоҳиш карданд, ки Ӯро бикушад;

29 Пас аз он ки ҳар чизи дар бораи Ӯ навишташударо ба иҷро расонданд, Ӯро аз салиб фуроварда, ба қабр супурданд.

30 Лекин Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард,

31 Ва Ӯ рӯзҳои бисьёр ба касоне зоҳир шуд, ки ҳамроҳи Ӯ аз Ҷалил ба Ерусалим омада буданд ва ҳоло дар пеши қавм шоҳидони Ӯ мебошанд.

32 Мо ба шумо башорат медиҳем, ки Худо ваъдаеро, ки ба падарони мо дода буд, барои мо, фарзандони онҳо, ба иҷро расонда, Исоро эҳьё кард,

33 Чунон ки дар таронаи дуюми Забур навишта шудааст: „Ту Писари Ман ҳастӣ, Ман имрӯз Падари Ту шудаам“.

34 Дар бораи он ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, то ки дигар ба фано дучор нашавад, чунин гуфт: „Марҳаматҳои боэътимоди Довудро ба шумо хоҳам бахшид“.

35 Бинобар ин дар ҷои дигар низ мегӯяд: „Нахоҳӣ гузошт, ки Қуддуси Ту фаноро бубинад“.

36 Довуд дар замони худ бо иродати Худо хизмат карда, вафот ёфт ва ба падарони худ пайваст ва фаноро дид;

37 Аммо Он Касе ки Худо Ӯро эҳьё кард, фаноро надид.

38 Пас, эй бародарон, ба шумо маълум бод, ки ба воситаи Ӯ ба шумо омурзиши гуноҳҳо эълон мешавад,

39 а аз ҳар чизе ки ба василаи шариати Мусо сафед шуда натавонистед, ҳар имондор ба василаи Ӯ сафед хоҳад шуд.

40 Пас эҳтиёт бошед, мабодо он чи дар суҳафи анбиё гуфта шудааст, ба шумо рӯй диҳад:

41 „Эй мутанаффирон, бингаред ва тааҷҷуб намоед ва маҳв шавед, зеро ки Ман амалеро дар айёми шумо содир менамоям, амале ки агар касе онро ба шумо нақл мекард, бовар намекардед“».

42 Вақте ки яҳудиён аз куништ баромаданд, гайрияҳудиён хоҳиш карданд, ки рӯзи шанбеи оянда низ ин суҳанонро ба онҳо бигӯянд;

43 Чун аҳли куништ пароканда шуданд, бисьёре аз яҳудиён ва онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул карда буданд, аз паи Павлус ва Барнаббо рафтанд, ва ин ду нафар ба онҳо сухан гуфта, тарғиб менамуданд, ки дар файзи Худо устувор бошанд.

44 Рӯзи шанбеи дигар қариб тамоми аҳли шаҳр ҷамъ омаданд, то ки каломи Худоро бишнаванд;

45 Вале чун яҳудиён издиҳоми мардумро диданд, аз ҳасад пур гаштанд ва куфр гуфта, ба суханони Павлус мухолифат карданд.


Павлус ва Барнаббо назди халқҳо мераванд.

46 Он гоҳ Павлус ва Барнаббо далер шуда, гуфтанд: «Воҷиб буд, ки каломи Худо аввал ба шумо мавъиза карда шавад, лекин азбаски шумо онро рад кардед ва худро шоистаи ҳаёти ҷовидонӣ надонистед, бинобар ин мо ба гайрияҳудиён рӯ меоварем;

47 Зеро ки Худованд ба мо чунин амр фармудааст: „Туро нури халқҳо гардондам, то ки Ту то ақсои замин василаи наҷот бошӣ“».

48 Вақте ки гайрияҳудиён инро шуниданд, шод шуда, каломи Худовандро ҳамду сано хонданд, ва ҳамаи онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ пешакӣ таъин шуда буданд, имон оварданд,

49 Ва каломи Худованд дар тамоми он сарзамин интишор ёфт.

50 Яҳудиён занони диндору иззатманд ва акобири шаҳрро ба шӯр оварда, барои таъқиб кардани Павлус ва Барнаббо барангехтанд ва онҳоро аз он ноҳия ронданд.

51 Аммо ин ду нафар, ғубори пойҳои худро бар онҳо афшонда, ба Иқуния равона шуданд,

52 Ва шогирдон аз шодӣ ва Рӯҳулқудс пур шуданд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan