Корнома* 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Таъқиботи панҷум дар подшоҳии Ҳиродуси Ағрипоси 1. Ҳабс шудани Петрус. 1 Дар он замон подшоҳ Ҳиродус дасти тааддӣ бар баъзе аз аҳли калисо дароз кард, то ки онҳоро азоб диҳад. 2 Ва Яъқуб, бародари Юҳанноро ба шамшер кушт; 3 Чун дид, ки ин ба яҳудиён писанд афтод, Петрусро низ дастгир кард, ки ин дар айёми иди фатир буд, 4 Ва ӯро гирифта, ба зиндон андохт ва ба чор дастаи чоргонаи сарбозон супурд, ки ӯро посбонӣ кунанд, зеро ният дошт, ки баъд аз иди фисҳ ӯро назди қавм берун оварад. Дуои калисо дар бораи Петрус. Фариштаи Худо. 5 Пас, Петрусро дар зиндон нигоҳ медоштанд, аммо аҳли калисо барои ӯ назди Худо пайваста дуо мегуфтанд. 6 Дар ҳамон шабе ки Ҳиродус касди берун овардани ӯро дошт, Петрус, бастаи ду занҷир, дар миёни ду сарбоз ҳобида буд, ва дарбонон зиндонро посбонӣ мекарданд. 7 Ва инак, фариштаи Худованд назди ӯ ҳозир шуд, ва рӯшноӣ дар он ҳона дурахшид; ба паҳлуи Петрус зада, ӯро бедор кард ва гуфт: «Зуд барҳез». Дарҳол занҷирҳо аз дастҳояш афтод. 8 Фаришта ба ӯ гуфт: «Камари худро бибанд ва кафш бар пой кун». Ва чунин кард. Сонӣ ба ӯ гуфт: «Ҷомаи худро бипӯш ва аз қафои ман биё». 9 Берун омада, аз қафои вай равона шуд, ва надонист, ки он чи аз фаришта содир шуд, воқеист, балки гумон мекард, ки ин рӯъёест. 10 Аз пеши посбонони аввал ва дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине ки ба сӯи шаҳр мебурд, расиданд, ва он худ аз худ пеши рӯи онҳо кушода шуд; онҳо берун рафта, аз як кӯча гузаштанд, ки ногаҳон фаришта аз пеши ӯ нопадид шуд. 11 Петрус ба худ омада, гуфт: «Акнун яқин донистам, ки Худованд фариштаи Худро фиристода, маро аз дасти Ҳиродус ва аз он чи қавми яҳудӣ чашм доштанд, раҳо кард». 12 Инро аз фикри худ гузаронда, ба ҳонаи Марьям, модари Юҳанно, ки лақабаш Марқӯс буд, омад, ки дар он ҷо касони бисьёре ҷамъ шуда, дуо мегуфтанд. 13 Вақте ки дарвозаро кӯфт, Рудо ном канизе баромад, то ки воз кунад, 14 Ва овози Петрусро шиноҳта, ба ҷои он ки дарвозаро кушояд, аз шодӣ ба ҳона давида даромад ва хабар дод, ки Петрус назди дарвоза истодааст. 15 Ба вай гуфтанд: «Магар девона шудаӣ?» Аммо вай ба гапаш исрор кард. Гуфтанд: «Ин фариштаи ӯст». 16 Аммо Петрус пайваста тақ‐тақ мекард; вақте ки кушоданд, ӯро дида, дар ҳайрат афтоданд. 17 Ӯ бо дасташ ишорат кард, ки хомӯш бошанд, ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худованд ӯро аз зиндон берун овард; ва гуфт: «Инро ба Яъқуб ва ба бародарон ҳабар диҳед». Сонӣ берун баромада, ба ҷои дигар рафт. 18 Чун субҳ дамид, изтироби бузурге дар байни сарбозон афтод, ки Петрусро чӣ шуд, 19 Ва Ҳиродус, чун ӯро талабида наёфт, посбононро истинтоқ карда, фармуд, ки онҳоро ба қатл расонанд, ва худаш аз Яҳудо ба Қайсария рафта, дар он ҷо иқомат кард. Заволи Ҳиродус. 20 Ҳиродус ба мардуми Сӯр ва Сидӯн бисьёр ҳашмгин буд, ва онҳо, маслиҳатро ба як ҷо монда, назди ӯ омаданд ва Блостусро, ки нозири ҳобгоҳи подшоҳ буд, ба тарафи худ кашида, талаби сулҳ карданд, чунки диёрашон аз кишвари подшоҳ асбоби маишат меёфт. 21 Дар рӯзи таъиншуда Ҳиродус либоси шоҳона дар бар кард ва бар маснади хукумат нишаста, ба онҳо нутқ кард, 22 Ва мардум нидо карда гуфтанд, ки ин овози Худост, на овози инсон. 23 Лекин баногоҳ фариштаи Худованд ӯро зад, зеро ки ӯ Худоро ҷалол надод, ва кирмҳо ӯро хӯрданд, ва ӯ мурд. 24 Аммо каломи Худо торафт бештар интишор меёфт. 25 Барнаббо ва Шоул, баъд аз иҷрои хизматашон, аз Ерусалим баргаштанд, ва Юҳанноро, ки лақабаш Марқӯс буд, ҳамроҳи худ оварданд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden