Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Корнома* 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЁЗДАҲУМ Петрус ба халқҳо хизматгузорӣ намуданашро сафед мекунад.

1 Ҳаввориён ва бародароне ки дар Яҳудо буданд, шуниданд, ки гайрияҳудиён низ каломи Худоро қабул кардаанд.

2 Вақте ки Петрус ба Ерусалим омад, махтунон бар вай таъна зада,

3 Гуфтанд: «Назди мардуми номахтун рафта, бо онҳо хӯрок хӯрдаӣ».

4 Вале Петрус ба ҳикояти муфассали ҳар он чи рӯй дода буд, шурӯъ намуда, гуфт:

5 «Ман дар шаҳри Ёфо дуо мегуфтам ва дар ҳолати бехудӣ рӯъёе дидам: зарфе нозил мешуд, мисли суфраи калоне ки аз чор гӯшааш овезон аз осмон мефуромада бошад, ва инак он назди ман фуромад;

6 Чун ба он нигариста, дурустакак аз назар гузарондам, чорвои замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, хазандагон ва мурғони ҳаворо дидам,

7 Ва овозе ба гӯшам расид, ки мегуфт: „Эй Петрус, бархоста, забҳ кун ва бихӯр“.

8 Гуфтам: „Ҳошо, Худовандо, зеро ки ҳаргиз чизе ҳаром ё палид ба даҳон набурдаам“.

9 Бори дигар хитобе аз осмон ба ҷавобам даррасид, ки мегуфт: „Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нахон“.

10 Ин ҳодиса се бор такрор ёфт, ва ҳама чиз боз ба осмон баромад.

11 Ва инак, дар ҳамон лаҳза се марде ки аз Қайсария назди ман фиристода шуда буданд, ба хонае ки иқомат доштам, расиданд,

12 Ва Рӯҳ ба ман гуфт, ки ҳеҷ шубҳа накарда, бо онҳо биравам; ин шаш бародар низ ҳамроҳи ман рафтанд, ва мо ба хонаи он шахс даромадем.

13 Вай ба мо нақл кард, ки чӣ гуна дар хонаи худ фариштаро дидааст, ки истода, ба вай гуфтааст: „Ба Ёфо фиристода, Шимъӯнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо,

14 Ва ӯ ба ту суханоне бигӯяд, ки боиси наҷоти ту ва тамоми хонадони ту хоҳанд шуд“.

15 Вақте ки ба сухан оғоз кардам, Рӯҳулқудс бар онҳо нозил шуд, мисли он ки дар ибтидо бар мо нозил шуда буд.

16 Он гоҳ ба ёд овардам, ки Худованд гуфта буд: „Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо бо Рӯхулқудс таъмид хоҳед ёфт“.

17 Пас, модоме ки Худо ба онҳо ҳамон бахшоишро ато кардааст, ки ба мо ато кард, вақте ки ба Исои Масеҳи Худованд имон овардем, ман кистам, ки тавонам ба Худо монеъ шавам?»

18 Вақте ки инро шуниданд, ором шуданд ва Худоро ҳамду сано хонда, гуфтанд: «Дар ҳақиқат Худо ба гайрияҳудиён низ тавбаи ҳаётбахшро ато кардааст».


Калисо дар Антиёхия.

19 Дар ин миён ба сабаби таъқиботе ки баъд аз Истефанус ба амал омад, бисьёр касон пароканда шуда, то Финиқия ва Қаприс ва Антиёхия расиданд, ва онҳо каломро ба ҳеҷ кас, ғайр аз яхудиён, мавъиза намекарданд.

20 Лекин баъзе аз онҳо, ки аз аҳли Қаприс ва Қурин буданд, ба Антиёхия расида, бо юнониён гуфтугӯй карданд ва аз Исои Худованд башорат доданд,

21 Ва дасти Худованд бар онҳо буд, ва шумораи бузурге имон оварда, ба Худованд руҷӯъ карданд.

22 Вақте ки овозаи ин ба гӯши аҳли калисои Ерусалим расид, Барнабборо ба Антиёхия фиристоданд.

23 Чун расид, файзи Худоро дида, шод шуд, ва ҳамаро насиҳат кард, ки аз самими қалб ба Худованд бичаспанд;

24 Зеро ки ӯ марди некӯкор ва пур аз Рӯҳулқудс ва имон буд; ва мардуми бисьёре ба Худованд имон оварданд.

25 Сонӣ Барнаббо барои ҷустуҷӯи Шоул ба Тарсус рафт ва ӯро ёфта, ба Антиёхия овард.

26 Тамоми сол онҳо дар калисо ҷамъ мешуданд ва мардуми бисьёрро таълим медоданд, ва шогирдон аввалин бор дар Антиёхия масеҳӣ номида шуданд.


Калисои Антиёхия ба бародароне ки дар Ерусалим буданд, мадад мерасонад.

27 Ва воқеъ шуд дар он айём, ки якчанд анбиё аз Ерусалим ба Антиёхия омаданд.

28 Яке аз онҳо, ки Оғобус ном дошт, бархост ва аз Рӯҳ илҳом ёфта, пешгӯӣ кард, ки дар тамоми ҷаҳон қаҳтии сахте рӯй хоҳад дод; он дар замони қайсар Клавдиюс рӯй дод;

29 Он гоҳ шогирдон қарор доданд, ки ҳар яке алоқадри дороии худ ионате барои бародарони сокини Яҳудо равона кунад;

30 Ҳамин тавр ҳам карданд, ва онро ба василаи Барнаббо ва Шоул ба пирон фиристоданд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan