Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Корнома* 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДАҲУМ Аз ҷиҳати рӯҳӣ бедор шудани Корнилюси мирисад.

1 Дар Қайсария Корнилюс ном марде мирисади фавҷи ба ном Итолиявӣ буд

2 Ва бо тамоми аҳли байташ парҳезгор ва ҳудотарс буда, ба қавм садақоти бисьёре медод ва ҳамеша назди Худо дуо мегуфт.

3 Рӯзе, тақрибан соати нӯҳ, фариштаи Худоро ошкоро дар рӯъё дид, ки назди ӯ омада, гуфт: «Эй Корнилюс!»

4 Ӯ бар вай нигариста ва ба ҳарос афтода, гуфт: «Худовандо, чӣ мефармоӣ?» Ба ҷавоби ӯ гуфт: «Дуоҳо ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфтаанд;

5 Акнун ба Ёфо кас фиристода, Шимъӯнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо:

6 Ӯ назди Шимъӯн ном даббоғе ки хонааш дар соҳили баҳр аст, меҳмон аст; ӯ ба ту хоҳад гуфт, ки туро чӣ бояд кард».

7 Чун он фариштае ки бо Корнилюс сухан гуфт, нопадид шуд, ӯ ду нафар аз навкарони худ ва як сарбози парҳезгорро, аз онҳое ки дар хизматаш буданд, даъват намуд

8 Ва тамоми ҳодисаро ба онҳо нақл карда, онҳоро ба Ёфо фиристод.


Рӯъёи Петрус.

9 Фардои он, ки онҳо роҳ паймуда, ба шаҳр наздик мешуданд, Петрус тақрибан соати шаш ба боми хона баромад, то ки дуо гӯяд.

10 Дар он ҷо гурусна монда, хост чизе бихӯрад, ва ҳангоме ки барои ӯ муҳайё мекарданд, ҳолати бехудӣ ӯро фаро гирифт,

11 Ва осмонро кушода дид, ва инак зарфе сӯи ӯ нозил мешуд, монанди суфраи калоне ки аз чор гӯшааш овезон ба замин мефуромада бошад;

12 Дар дохили он ҳар гуна чорвои замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳазандагон ва мурғони ҳаво буданд.

13 Хитобе ба гӯшаш расид, ки мегуфт: «Эй Петрус, бархоста, забҳ кун ва бихӯр!»

14 Аммо Петрус гуфт: «Ҳошо, Худовандо, зеро ки ҳаргиз чизе ҳаром ё палид нахӯрдаам».

15 Бори дигар хитобе ба гӯшаш расид, ки мегуфт: «Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нахон».

16 Ин ҳодиса се бор такрор ёфт, ва он зарф ба осмон баромад.


Фиристодагони Корнилюс назди Петрус.

17 Чун Петрус бисьёр мутаҳайир шуда, фикр мекард, ки ин рӯъё чӣ маънӣ дошта бошад, фиристодагони Корнилюс ҳонаи Шимъӯнро суроғ карда, назди дарвозаи он омаданд

18 Ва нидо карда, пурсиданд: «Оё Шимъӯне ки лақабаш Петрус аст, дар ин ҷост?»

19 Дар сурате ки Петрус ҳанӯз дар бораи рӯъё андеша мекард, Рӯҳ ба ӯ гуфт: «Инак, се мард туро суроғ мекунанд;

20 Пас, барҳоста, фуруд ой ва ҳеҷ шубҳа накарда, ҳамроҳи онҳо бирав, зеро ки Ман онҳоро фиристодаам».

21 Петрус назди одамоне ки аз ҷониби Корнилюс сӯи ӯ фиристода шуда буданд, фуромада, гуфт: «Манам он касе ки суроғ мекунед; ба чӣ кор омадаед?»

22 Гуфтанд: «Корнилюси мирисад, ки марди некӯкор ва худотарс ва назди тамоми қавми яҳудӣ некном аст, аз фариштаи муқаддас фармон гирифтааст, ки туро ба хонаи худ даъват намояд ва суханонатро бишнавад».


Петрус ба Қайсария меравад.

23 Онҳоро ба хона таклиф карда, зиёфат дод, ва рӯзи дигар бархоста, ҳамроҳашон равона шуд, ва чанд нафар аз бародарон, ки аҳли Ёфо буданд, бо ӯ рафтанд.

24 Фардои он ба Қайсария расиданд. Корнилюс, ки хешу табор ва дӯстони наздикашро даъват карда буд, ба онҳо интизорӣ дошт.

25 Вақте ки Петрус дохили хона мешуд, Корнилюс ӯро пешвоз гирифт ва бар пойҳояш афтода, таъзим кард.

26 Аммо Петрус ӯро ба по хезонда, гуфт: «Бархез, зеро ки ман низ инсон ҳастам».

27 Бо ӯ сӯҳбаткунон ба хона даромада, дид, ки мардуми бисьёре ҷамъ омадаанд;

28 Ба онҳо гуфт: «Шумо ҳуб медонед, ки ба яҳудӣ бо шахси бегона муошират доштан ё наздик шудан мамнӯъ аст, вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё наҷис надонам;

29 Бинобар ин, вақте ки даъват шудам, бечуну чаро омадам, ва акнун мепурсам: аз барои чӣ маро даъват намудаед?»

30 Корнилюс гуфт: «Чор рӯз пеш аз ин ман то ҳамин соат рӯза доштам ва дар соати нӯҳум дар хонаи худ дуо мегуфтам, ки ногоҳ шахсе бо либоси нуронӣ пеши ман пайдо шуд

31 Ва гуфт: „Эй Корнилюс! Дуоҳои ту мустаҷоб шуд ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфт;

32 Акнун ба Ёфо фиристода, Шимъӯнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо: ӯ дар хонаи Шимъӯн ном даббоғе дар соҳили баҳр меҳмон аст; ӯ чун биёяд, бо ту сухан хоҳад ронд“.

33 Дарҳол назди ту фиристодам, ва ту ҳуб кардӣ, ки омадӣ; алҳол ҳамаамон дар ҳузури Худо ҳозирем, то ҳар он чиро, ки Худо ба ту фармудааст, бишнавем».


Петрус дар хонаи Корнилюс ба халқҳо мавъиза менамояд.

34 Петрус ба сухан оғоз карда, гуфт: «Акнун яқин донистам, ки Худо рӯйбинӣ надорад.

35 Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст.

36 Ӯ каломи Худро ба банӣ‐Исроил фиристода, ба василаи Исои Масеҳ, ки Худованди ҳама аст, башорати сулҳу осоиштагӣ дод.

37 Шумо аз воқеае ки дар сар то сари Яҳудо рӯй дод, хабардор ҳастед, ки он баъд аз таъмиде ки Яҳьё мавъиза намуд, аз Ҷалил оғоз шуда буд:

38 Исои Носириро Худо бо Рӯҳулқудс ва қуввати Худ тадҳин кард, ва Ӯ ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва ба ҳамаи онҳое ки дар қайди иблис буданд, шифо мебахшид, зеро ки Худо бо Ӯ буд;

39 Мо шоҳидони ҳамаи он корҳое ҳастем, ки Ӯ дар кишвари яҳудиён ва дар Ерусалим ба ҷо овард, ва онҳо Ӯро ба салиб овехта, куштанд.

40 Худо Ӯро дар рӯзи сеюм эҳьё кард, ва Ӯро зоҳир сохт.

41 Аммо на бар тамоми қавм, балки ба шохидоне ки Худо пешакӣ баргузида буд, яъне ба моён, ки баъд аз эҳьё шуданаш аз мурдагон, бо Ӯ хӯрдаем ва нӯшидаем,

42 Ва Ӯ ба мо фармуд, ки ба мардум мавъиза намоем ва шаҳодат диҳем, ки Худо Ӯро Довари зиндагон ва мурдагон таъин кардааст.

43 Тамоми анбиё бар Ӯ шаҳодат медиҳанд, ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ба василаи исми Ӯ гуноҳҳояш омурзида ҳоҳад шуд».

44 Ин суханон ҳанӯз бар забони Петрус буд, ки Рӯҳулқудс бар ҳамаи шунавандагони калом нозил шуд,

45 Ва имондорони махтун, ки ҳамроҳи Петрус омада буданд, дар ҳайрат афтоданд, ки атои Рӯҳулқудс ба гайрияҳудиён низ ҷорӣ шудааст,

46 Зеро шуниданд, ки онҳо ба забонҳо суҳан ронда, Худоро ҳамду сано мехонанд. Он гоҳ Петрус гуфт:

47 «Оё касе метавонад ба онҳое ки Рӯҳулқудсро мисли мо низ ёфтаанд, бо об таъмид гирифтанро манъ кунад?»

48 Ва фармуд, ки онҳоро ба исми Исои Масеҳ таъмид диҳанд. Ва аз ӯ хоҳиш карданд, ки якчанд рӯз назди онҳо бимонад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan