Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Корнома* 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Муқаддима.

1 Номаи аввалро навиштаам, эй Теофилус, дар бораи ҳар он чи Исо ба амал овард ва таълим дод аз ибтидо,

2 То ҳамон рӯзе ки ба василаи Рӯхулқудс ба ҳаввориёни баргузидаи Худ дастурҳо дод ва ба осмон бурда шуд;


Хизматгузории Исои Масеҳ баъд аз эҳьё шудан.

3 Ба онҳо низ, баъд аз азобу уқубаташ, бо далелҳои бисьёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чиҳил рӯз ба онҳо зоҳир шуда, дар бораи Малакути Худо сухан гуфт,

4 Ва онҳоро ҷамъ карда, чунин амр фармуд: «Ерусалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Ман шунидаед;

5 Зеро ки Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо, баъд аз чанд рӯз, бо Рӯҳулқудс таъмид хоҳед ёфт».

6 Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, ба Ӯ савол дода, гуфтанд: «Худовандо, оё дар ҳамин вақт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?»

7 Ба онҳо гуфт: «Кори шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо кудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед;

8 Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дуньё шоҳидони Ман хоҳед буд».


Ба осмон сууд кардани Исо.

9 Ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ӯро аз пеши назари онҳо гирифта бурд.

10 Чун Ӯ боло мебаромад, ва онҳо ба осмон менигаристанд, ногоҳ ду марди сафедпӯш назди онҳо пайдо шуданд

11 Ва гуфтанд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргашт».


Интизорӣ ба Рӯҳулқудс.

12 Он гоҳ онҳо аз кӯҳи Зайтун, ки дар наздикии Ерусалим ба масофати роҳравии рӯзи шанбе воқеъ аст, сӯи Ерусалим равона шуданд

13 Ва, чун расиданд, ба болохонае баромаданд, ки дар он ҷо Петрус ва Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс, Филиппус ва Тумо, Барталмо ва Матто, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъӯни Ғаюр ва Яҳудо ибни Яъқуб иқомат доштанд;

14 Ҳамаи онҳо якдилона ба дуо машғул буданд, ва ҳамроҳашон занон ва Марьям модари Исо ва бародарони Ӯ низ буданд.


Интихоб шудани Матьёс.

15 Дар он рӯзҳо Петрус дар миёни шогирдон, ки дар ҷамъомад тақрибан саду бист нафар буданд, бархоста, гуфт:

16 «Эй бародарон! Мебоист он Навишта иҷро мешуд, ки Рӯҳулқудс бо забони Довуд дар бораи Яҳудо пешгӯӣ кард, ки вай роҳнамо буд ба онҳое ки Исоро дастгир карданд;

17 Вай ба мо мансуб гардида, насибе дар ин ҳизмат ёфт;

18 Ва инак, вай ба музди бадкирдории худ мазраае харид ва бар он рӯйнокӣ афтода, шикамаш кафид, ва тамоми амъояш берун шуд;

19 Хабари ин ба гӯши ҳамаи сокинони Ерусалим расид, ва он мазраа ба забони онҳо Ҳақалдамо, яъне „Мазрааи хунин“ номида шудааст.

20 Зеро ки дар китоби Забур навишта шудааст: „Манзили вай хароб гардад ва касе дар он сокин нашавад“; ва: „Ҷоҳу ҷалоли варо дигаре бигирад“.

21 Бинобар ин аз касоне ки ҳамроҳи мо буданд дар тамоми он муддате ки Исои Худованд бо мо рафтуомад дошт,

22 Яъне аз вақти таъмиди Яҳьё то рӯзе ки Ӯ аз пеши мо боло бурда шуд, — яке аз онҳо бояд бо мо шоҳиди эҳьёи Ӯ бишавад».

23 Ва ду нафарро: Юсуфро, ки Барсаббо ном дошта, лақабаш Юстус буд, ва Матьёсро пешниҳод карданд

24 Ва дуо карда, гуфтанд: «Ту, эй Худованд, ки Орифулқалб ҳастӣ, бинамо якеро, ки аз ин ду баргузидаӣ,

25 То ки вай насиби ин хизмат ва ҳаввориятро пайдо кунад, ки Яҳудо аз он маҳрум шуда, ба макони худ рафтааст».

26 Қуръае барои онҳо партофтанд, ва қуръа ба номи Матьёс баромад, ва ӯ ба ёздаҳ ҳаввориён мансуб гашт.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan