Хуруҷ 33 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮ СЕЮМ Давоми сафар. 1 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Роҳсипор шуда, аз ин ҷо баро, — ту ва ин қавме ки аз замини Миср баровардаӣ, сӯи замине ки Ман дар бораи он ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрда, гуфтаам: „Онро ба насли ту хоҳам дод“, — 2 Ва фариштае пешопеши ту хоҳам фиристод, ва канъониён, амӯриён, ҳиттиён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиёнро бадар хоҳам ронд, — 3 Сӯи замине ки шир ва асал дар он ҷорист; зеро ки Ман дар миёни шумо нахоҳам рафт, чунки шумо қавми гарданкаш ҳастед, мабодо шуморо дар аснои роҳ маҳв кунам». 4 Ва ҳамин ки қавм ин сухани бадро шуниданд, мотам гирифта, ҳеҷ яке зебу зинати худро бар худ нагузоштанд. 5 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба банӣ‐Исроил бигӯ: „Шумо қавми гарданкаш ҳастед; агар Ман лаҳзае дар миёни шумо биравам, шуморо маҳв менамоям. Ва алҳол зебу зинати худро аз худ дур созед, ва Ман мебинам, ки бо шумо чӣ кунам“». 6 Ва банӣ‐Исроил зебу зинати худро аз кӯҳи Ҳӯриб аз худ дур карданд. Хаймаи ҷомеъ берун аз ӯрдугоҳ. 7 Ва Мусо хаймаи худро гирифта, берун аз ӯрдугоҳ, дур аз ӯрдугоҳ барафрошт, ва онро хаймаи чомеъ номид; ва ҳар касе ки толиби Худованд буд, сӯи хаймаи ҷомеъ, ки берун аз ӯрдугоҳ буд, мебаромад. 8 Ва ҳангоме ки Мусо сӯи хайма мебаромад, тамоми қавм бархоста, ҳар яке ба дари хаймаи худ меистоданд, ва аз ақиби Мусо то даме ки ӯ ба хайма медаромад, нигоҳ мекарданд. 9 Ва ҳангоме ки Мусо ба хайма медаромад, сутуни абр фурӯд омада, ба дари хайма меистод, ва Ӯ бо Мусо сухан меронд. 10 Ва ҳангоме ки тамоми қавм сутуни абри ба дари хайма истодаро медиданд, тамоми қавм бархоста, ҳар яке ба дари хаймаи худ саҷда мебурданд. 11 Ва Худованд ба Мусо рӯ ба рӯ сухан меронд, чунон ки касе бо ёри худ сухан меронад; ва ӯ ба ӯрдугоҳ бармегашт, ва хизматгузори ӯ, Еҳушаъ ибни Нуни ҷавон, аз хайма дур намешуд. Дуои Мусо. 12 Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Инак, Ту ба ман мегӯӣ: „Ин қавмро бибар“, вале Ту маро огоҳ накардаӣ, ки ҳамроҳи ман киро мефиристӣ, агарчи гуфтаӣ: „Ман туро ба номат шинохтаам, ва ту манзури назари Ман шудаӣ“. 13 Ва алҳол, агар ман манзури назари Ту шуда бошам, лутфан, роҳҳои Худро ба ман маълум намо, то ки Туро бишносам ва манзури назари Ту гардам; ва Ту ба эътибор гир, ки ин мардум қавми Ту ҳастанд». 14 Ва Ӯ гуфт: «Худам хоҳам омад, то ки ба ту оромӣ бахшам». 15 Ва ба Ӯ гуфт: «Агар Худат наоӣ, моро аз ин ҷо набар. 16 Зеро, аз чӣ маълум шавад, ки ман ва қавми Ту манзури назари Ту шудаем? Оё на аз он ки Ту бо мо биёӣ? Ва дар он сурат ман ва қавми Ту аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, мумтоз хоҳем шуд». 17 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ин корро низ, ки гуфтаӣ, Ман хоҳам кард, зеро ки ту манзури назари Ман шудаӣ, ва Ман туро бо номат шинохтаам». 18 Ва ӯ гуфт: «Лутфан, ҷалоли Худро ба ман бинамой». 19 Ва Ӯ гуфт: «Ман тамоми ҷалолати Худро аз пеши ту мегузаронам, ва исми Худовандро пеши ту мехонам; ва карим мешавам ба ҳар кӣ сазовори карам аст, ва раҳим мешавам ба ҳар кӣ сазовори раҳм аст». 20 Ва Ӯ гуфт: «Ту рӯи Маро наметавонӣ бубинӣ, зеро ки одамизод наметавонад Маро бубинад ва зинда монад». 21 Ва Худованд гуфт: «Инак ҷое назди Ман аст: бар ин сахра биист. 22 Ва ҳангоме ки ҷалоли Ман гузар кунад, Ман туро дар шикофи сахра гузошта, бо кафи дасти Худ туро хоҳам пӯшонид, то даме ки бигзарам. 23 Ва ҳамин ки кафи дастамро дур кунам, ту қафои Маро хоҳӣ дид; вале рӯи Ман намудор нахоҳад шуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden