Хуруҷ 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЁЗДАҲУМ Пешгӯӣ дар бораи ҳалокати нахустзодагон. 1 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Боз як зарбае бар фиръавн ва бар Миср хоҳам овард; баъд аз он вай шуморо аз ин ҷо равона хоҳад кард; ва ҳангоме ки вай шуморо равона карданӣ шавад, комилан шуморо аз ин ҷо бадар хоҳад ронд. 2 Пас, ба гӯши қавм бигӯ, ки ҳар мард аз ҳамсояи худ ва ҳар зан аз ҳамсояи худ колои нуқра ва колои тилло бипурсанд». 3 Ва Худованд қавмро дар назари мисриён мӯътабар гардонид; Мусо низ дар замини Миср, дар назари навкарони фиръавн ва дар назари қавм шахси бағоят бузург буд. 4 Ва Мусо гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: қарибҳои нисфи шаб Ман андаруни Миср берун хоҳам омад, 5 Ва ҳар нахустзода дар замини Миср хоҳад мурд, — аз нахустзодаи фиръавн, ки бар тахташ нишастааст, то нахустзодаи канизе ки назди дастос бошад; ва ҳар нахустзодаи чорпоён. 6 Ва нолаи азиме дар тамоми замини Миср хоҳад буд, ки мислаш нашудааст, ва мислаш дигар нахоҳад шуд. 7 Валекин бар ҳамаи банӣ‐Исроил саге забонашро нахоҳад ҷунбонид, — на бар одамон ва на бар чорпоён; то бидонед, ки Худованд дар миёни мисриён ва исроилиён чӣ гуна тафовуте гузоштааст. 8 Ва ҳамаи ин навкаронат пеши ман фурӯд хоҳанд омад ва ба ман саҷда бурда, хоҳанд гуфт: „Ту ва тамоми қавме ки пайрави ту бошанд, берун равед“. Ва баъд аз он ман берун хоҳам рафт». Ва ӯ бо шиддати ғазаб аз пеши фиръавн берун омад. 9 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Фиръавн ба шумо гӯш нахоҳад дод, то ки мӯъҷизоти Ман дар замини Миср афзун шавад». 10 Ва Мусо ва Ҳорун тамоми ин мӯъҷизотро ба ҳузури фиръавн ба амал оварданд; вале Худованд дили фиръавнро сахт кард, ва вай банӣ‐Исроилро аз замини худ равона накард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden