Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАШТУМ Тасаллӣ барои имондорон. Даъват кардан ба имоноварӣ ба Худои Ҳай.

1 Ва Худованд ба ман гуфт: «Варақи калоне барои худ бигир, ва бар он бо хати маъмул бинавис: „Маҳер шолол, ҳош баз“».

2 Ва ман барои худ шоҳидони амин — Уриёи коҳин ва Закарьё ибни Баракьёро гирифтам,

3 Ва ба набия наздикӣ кардам, ва ӯ ҳомила шуда, писаре зоид; ва Худованд ба ман гуфт: «Номи ӯро чунин бихон: Маҳер‐шолол‐ҳош‐баз;

4 Зеро, пеш аз он ки кӯдак тавонад „Падарам“ ва „Модарам“ бигӯяд, сарвати Димишқ ва ғанимати Сомарияро пеши подшоҳи Ашшур хоҳанд бурд».

5 Ва Худованд суханашро ба ман давом дода, боз гуфт:

6 «Азбаски ин қавм аз обҳои Шилӯаҳ, ки оҳиста‐оҳиста ҷорӣ мешавад, нафрат карда, аз Расин ва писари Рамальёҳу ба ваҷд меоянд,

7 Бинобар ин, инак Худованд обҳои наҳри пурталотум ва бузургро — подшоҳи Ашшур ва тамоми ҳашамати ӯро — бар онҳо хоҳад овард; ва он аз ҳамаи шохобҳояш боло хоҳад баромад, ва аз ҳамаи канорҳояш берун хоҳад рафт;

8 Ва туғьёнаш ба Яхудо гузашта, онро зер хоҳад кард, ва саршор гардида, то ба гардан хоҳад расид; ва болҳои он тамоми арзу тӯли замини туро, эй Имонуил, фаро хоҳад гирифт».

9 Талотум хоҳед кард, эй қавмон, вале шикаст хоҳед хӯрд! Ва гӯш андозед, эй ҳамаи кишварҳои дурдаст: камари худро хоҳед баст, вале шикаст хоҳед хӯрд! Камари худро хоҳед баст, вале шикаст хоҳед хӯрд!

10 Қасд хоҳед кард, вале он ботил хоҳад шуд! Сухан хоҳед ронд, вале он ба амал нахоҳад омад, зеро ки Худо бо мост!

11 Зеро Худованд ба ман чунин гуфт, дар сурате ки дасти қавми Ӯ бар ман буд, ва ба ман талқин намуд, ки бо роҳи ин қавм наравам; ва гуфт:

12 «Ҳар он чиро, ки ин қавм суиқасд ҳисоб мекунанд, шумо суиқасд ҳисоб накунед; ва аз он чи онҳо метарсанд, натарсед, ва биме надошта бошед.

13 Худованди лашкарҳоро, — танҳо Ӯро, — тақдис намоед, ва Ӯ тарси шумо бошад, ва Ӯ бими шумо бошад.

14 Ва Ӯ макони муқаддас барои шумо хоҳад буд, ва санги пешпо ва сахраи монеа — барои ҳар ду хонадони Исроил, ва тузоқу қуллоб — барои сокинони Ерусалим.

15 Ва бисьёре аз онҳо пешпо хоҳанд хӯрд, ва фурӯ хоҳанд ғалтид, ва ба шикаст дучор хоҳанд гардид, ва дар тузоқ хоҳанд афтод, ва гирифтори куллоб хоҳанд шуд.

16 Шаҳодатро мисли лӯлае бипечон, ва шариатро дар миёни шогирдони Ман мӯҳр намо».

17 Ва ман ба Худованде ки рӯи Худро аз хонадони Яъқуб пинҳон кардааст, интизорӣ кашида, умедвори Ӯ хоҳам шуд.

18 Инак ман ва фарзандоне ки Худованд ба ман додааст, аз ҷониби Худованди лашкарҳо, ки дар Сион сокин аст, барои Исроил аломот ва ишорот ҳастем.

19 Ва чун ба шумо гӯянд: «Аз ҷодугарон ва азоимхононе ки суфу куф ва ириму ҷирим мекунанд, дархост намоед», — бигӯед: «Ҳар қавм, охир, аз Худои худ дархост менамоянд, на ин ки ба воситаи мурдаҳо дар бораи зиндаҳо!».

20 Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред! Ба яқин сухане мисли ин хоҳанд гуфт, ки он ҳеҷ маъное надорад.

21 Ва қавм бо машаққат ва гуруснагӣ бар замин хоҳанд гашт; ва чун гурусна монанд, хашмгин шуда, подшоҳи худ ва Худои худро лаънат хоҳанд кард; ва ба боло рӯй хоҳанд овард,

22 Ва бар замин хоҳанд нигарист, ва инак тангӣ ва тирагист, зулмоти нокомист, ва дар торикӣ андохта хоҳанд шуд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan