Ишаъё 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФТУМ Иттифоқи ҳалокатовари Расин бо Фақаҳ дар айёми подшоҳии Оҳоз. 1 Ва дар айёми Оҳоз ибни Ютом ибни Узиё подшоҳи Яҳудо воқеъ шуд, ки Расин подшоҳи Арам ва Фақаҳ ибни Рамальёҳу подшоҳи Исроил бар зидди Ерусалим баромаданд, то ки бо он ҷанг кунанд, валекин натавонистанд онро забт намоянд. 2 Ва ба хонадони Довуд хабар дода, гуфта шуд: «Арамиён дар хоки Эфроим ӯрду задаанд». Ва дили вай ва дили қавмаш ларзид, чунон ки дарахтони ҷангал аз бод меларзанд. 3 Ва Худованд ба Ишаъё гуфт: «Ту бо писарат Шеорьёшуб ба охири ҷӯи ҳавзи боло, ба роҳи саҳрои гозурон ба истиқболи Оҳоз баро, 4 Ва ба Ӯ бигӯй: худдорӣ намо ва ором бош; натарс, ва дили ту аз ин ду кундаи нимсӯзи пурдуд, яъне аз шиддати ғазаби Расин ва Арам ва писари Рамальёҳу хавотир нашавад. 5 Азбаски Арам, Эфроим ва писари Рамальёҳу дар ҳаққи ту қасди бад карда, мегӯянд: 6 „Бар зидди Яҳудо бароем, ва онро муҳосира карда, ба ҳарос андозем, ва рахна кушода, барои худ забт намоем, ва писари Тобъалро дар вай подшоҳ таъин кунем“, — 7 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: ин ба амал нахоҳад омад ва иҷро нахоҳад шуд! 8 Зеро ки сари Арам Димишқ аст, ва сари Димишқ — Расин; ва баъд аз шасту панҷ сол Эфроим шикаст хӯрда, дигар қавм нахоҳад шуд. 9 Ва сари Эфроим Сомария аст, ва сари Сомария — писари Рамальёҳу. Агар имонатон устувор набошад, шумо устувор нахоҳед монд». Аломати бузург: Писари бокира — Имонуил. 10 Ва Худованд суханашро ба Оҳоз давом дода, гуфт: 11 «Барои худ аз Худованд Худои худ аломате талаб намо: онро ё аз умқи фарш талаб намо, ё аз афрози арш». 12 Ва Оҳоз гуфт: «Талаб нахоҳам кард, ва Худовандро имтиҳон нахоҳам намуд». 13 Ва Ишаъё гуфт: бишнавед, эй хонадони Довуд! Оё одамонро безор карданатон барои шумо кам аст, ки боз Худои маро безор мекунед? 14 Бинобар ин Худованд Худаш ба шумо аломате хоҳад дод: инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳад номид. 15 Ӯ қаймоқ ва асал хоҳад хӯрд, то даме ки рад кардани чизи бад ва ихтиёр кардани чизи хубро ёд гирад. 16 Зеро, пеш аз он ки он кӯдак рад кардани чизи бад ва ихтиёр кардани чизи хубро ёд гирад, замине ки аз ду подшоҳи он ту метарсӣ, тарк карда хоҳад шуд. Пешгӯӣ дар бораи тохтутозе ки ба Яҳудо маҳдид мекунад. 17 Худованд бар ту, ва бар қавми ту, ва бар хонадони падари ту рӯзҳое хоҳад овард, ки аз замоне ки Эфроим аз Яҳудо ҷудо шуд, наомада буд, яъне подшоҳи Ашшурро хоҳад овард. 18 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд ба магасе ки дар резишгоҳи наҳрҳои Миср аст, ва ба занбӯре ки дар замини Ашшур аст, хитоб хоҳад кард, 19 Ва ҳамаашон омада, дар водиҳои вайрона, ва дар шикофҳои сахраҳо, ва бар ҳамаи хорбӯттаҳо, ва бар ҳамаи чарогоҳҳо ҷойгир хоҳанд шуд. 20 Дар он рӯз Худованд бо устурае ки аз он тарафи наҳр киро карда шуда бошад, яъне ба воситаи подшоҳи Ашшур, мӯйсар ва мӯи пойҳоро хоҳад тарошид; ва ҳатто ришро он устура нест хоҳад кард. 21 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кас як ғуноҷин ва ду меш нигоҳ хоҳад дошт, 22 Ва аз бисьёрии шире ки медӯшад, қаймоқ хоҳад хӯрд, зеро ҳар кӣ дар ин замин боқӣ монда бошад, хӯрокаш қаймоқ ва асал хоҳад буд. 23 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар ҷое ки дар он ҳазор ток ба баҳои ҳазор сиқли нуқра мавҷуд буд, ҷои явшон ва хори шутур хоҳад гардид. 24 Бо тирҳо ва камонҳо мардум ба он ҷо хоҳанд омад, зеро ки тамоми замин аз явшон ва хори шутур пур хоҳад шуд. 25 Ва ба ҳар кӯҳе ки бо каланд кор карда мешуд, ту аз тарси явшон ва хори шутур нахоҳӣ омад: ба он ҷо барзаговонро хоҳанд фиристод, ва гӯсфандон онро поймол хоҳанд кард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden