Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 66 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАСТУ ШАШУМ Давоми сухан дар бораи баракам.

1 Худиванд чунин мегӯяд: «Осмон курсии Ман аст, ва замин — қадамгоҳи Ман; чӣ гуна хонае барои Ман бино хоҳед кард, ва чӣ гуна маконе барои оромиши Ман?

2 Ва ҳамаи ин чизҳоро дасти Ман офаридааст, ва ҳамаи онҳо ба вуҷуд омадааст, — мегӯяд Худованд. — Ва Ман бар инҳо назар хоҳам кард: бар мискин ва шикастарӯҳ, ва бар касе ки пеши каломи Ман ба ларза меояд.

3 Касе ки гове мекушад, мисли одамкуш аст; касе ки баррае забҳ менамояд, мисли касест, ки гардани сагро шикаста бошад; касе ки ҳадияи ордӣ меоварад, мисли касест, ки хуни хукро оварда бошад; касе ки лебӯно месӯзонад, мисли касест, ки пеши буте дуо гуфта бошад; чунон ки онҳо роҳҳои худро ихтиёр кардаанд, ва ҷонашон корҳои зишташонро хостааст,

4 Ончунон Ман азиятҳои онҳоро ихтиёр хоҳам кард, ва бимҳои онҳоро бар сарашон хоҳам овард, зеро ки Ман даъват намудам, касе ҷавоб надод, Ман сухан рондам, онҳо нашниданд, балки он чи дар назари Ман бад буд, ба амал оварданд, ва он чи Ман нахостам, ихтиёр карданд».

5 Каломи Худовандро бишнавед, эй онҳое ки пеши каломи Ӯ меларзед! «Бародарони шумо, ки аз шумо нафрат доранд, ва шуморо ба хотири исми Ман рад кардаанд, мегӯянд: „Бигзор Худованд ҷалоли Худро зоҳир намояд, ва мо шодмонии шуморо бинем“. Вале онҳо хиҷил хоҳанд шуд.

6 Овози ғулғула аз шаҳр, овозе аз маъбад меояд: овози Худованд аст, ки душманони Худро сазо медиҳад.

7 Пеш аз он ки дарди зоиш бикашад, зоидааст; пеш аз он ки дард варо фаро гирад, писаре ба дуньё овардааст.

8 Кист, ки чизеро мисли ин шунида бошад? Кист, ки чизҳоеро мисли ин дида бошад? Оё мамлакате дар як рӯз таваллуд меёбад? Оё халқе якбора зоида мешавад? Зеро ки Сион, дарди зоишро ҳис кардан замон, писарони худро зоидааст.

9 Оё Ман ба дами зоиш мерасонаму намезоёнам? — мегӯяд Худованд. — Оё Ман, ки Волид ҳастам, аз зоидан бозмедорам? — мегӯяд Худои ту.

10 Бо Ерусалим дилхушӣ кунед ва аз он ба ваҷд оед, эй ҳамаи онҳое ки онро дӯст медоред! Бо якҷоягии он шодии бисьёр кунед, эй ҳамаи онҳое ки барояш мотам доштед,

11 То ки аз синаи тасаллиҳои он ғизо гиред ва сер шавед; то ки аз пистони ҷалоли он бимакед ва лаззат гиред».

12 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман осоиштагиро мисли наҳр, ва ҷалоли халқҳоро мисли селоби саршор сӯи он равона мекунам, ва шумо ғизо хоҳед гирифт; дар канор гирифта хоҳед шуд, ва бар зонуҳо навозиш хоҳед ёфт.

13 Чунон ки инсонро модараш тасаллӣ медиҳад, ончунон Ман шуморо тасаллӣ хоҳам дод, ва шумо дар Ерусалим тасаллӣ хоҳед ёфт».

14 Ва инро хоҳед дид, ва дили шумо шод хоҳад шуд, ва устухонҳои шумо мисли алаф сабз хоҳад шуд; ва дасти Худованд бар бандагони Ӯ зоҳир хоҳад гардид, ва Ӯ бар душманони Худ ғазаб хоҳад кард.

15 Зеро, инак, Худованд дар оташ хоҳад омад, ва аробаҳои Ӯ мисли тундбод хоҳад буд, то ки бо шиддати хашми Худ подош диҳад, ва итоби Худро бо шӯълаҳои оташ бишнавонад.

16 Зеро ки Худованд бо оташ ва шамшери Худ бар тамоми башар доварӣ хоҳад кард, ва мақтулони Худованд бисьёр хоҳанд буд.

17 «Онҳое ки аз қафои як нафар, ки дар миёна бошад, ба боғот рафта, худро тақдис ва татҳир мекунанд, ва гӯшти хук ва ҳайвонҳои наҷис ва муш мехӯранд, якҷоя талаф хоҳанд шуд, — мегӯяд Худованд.

18 Ва Ман, ки аз аъмол ва фикрҳои онҳо воқиф ҳастам, хоҳам омад, то ки ҳамаи халқҳо ва забонҳоро фароҳам оварам, ва онҳо омада, ҷалоли Маро хоҳанд дид.

19 Ва Ман дар миёни онҳо аломате ба амал хоҳам овард, ва онҳоеро, ки аз байнашон растагор шуда бошанд, сӯи халқҳо: ба Таршиш, ба Фул ва Луд, ки камонгир ҳастанд, ба Тубол ва Юнон, ба ҷизираҳои дурдаст, ки овозаи Маро нашнидаанд ва ҷалоли Маро надидаанд, хоҳам фиристод, ва онҳо ҷалоли Маро дар миёни халқҳо хабар хоҳанд дод.

20 Ва ҳамаи бародарони шуморо аз ҷониби ҳамаи халқҳо бар аспон ва аробаҳо ва тахтҳои равон, ва бар хачирон ва шутурони бидав ба кӯҳи муқаддаси Ман — Ерусалим — барои Худованд ҳадия хоҳанд овард, — мегӯяд Худованд, — мисли он ки банӣ‐Исроил ҳадияро ба хонаи Худованд дар зарфи пок меоваранд.

21 Ва аз онҳо низ ба вазифаи коҳинон ва левизодагон хоҳам гирифт, — мегӯяд Худованд.

22 Зеро, чунон ки осмони нав ва замини наве ки Ман меофарам, дар хузури Ман поянда хоҳад монд, — мегӯяд Худованд, — ончунон насли шумо ва номи шумо поянда хоҳад буд.

23 Ва воқеъ хоҳад шуд, ки дар ҳар навмоҳ ва дар ҳар шанбе ҳар башар хоҳад омад, то ки ба ҳузури Ман саҷда кунад, — мегӯяд Худованд.

24 Ва чун берун оянд, ҷасадҳои мардуми ба Ман осишударо хоҳанд дид: зеро кирми онҳо намемирад, ва оташи онҳо хомӯш намешавад, ва онҳо барои ҳар башар зишт хоҳанд буд».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan