Ишаъё 65 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ШАСТУ ПАНҶУМ Ҷавоби Худованд ба дуо. 1 Ман барои онҳое ки Маро намепурсиданд, муҳайё будам; барои онҳое ки Маро намеҷустанд, ёфт мешудам; ба қавме ки намехостанд ба исми Ман номида шаванд, мегуфтам: «Инак Ман ҳозирам, инак Ман ҳозирам!» 2 Тамоми рӯз Ман дастҳои Худро сӯи қавми саркаше дароз мекардам, ки аз паи фикрҳои худ бо роҳи нодуруст мерафтанд, 3 Сӯи қавме ки Маро доимо рӯйрост ба ғазаб меоваранд, дар боғҳо қурбонӣ мекунанд, ва бар хиштҳо бухур месӯзонанд, 4 Дар миёни қабрҳо менишинанд, ва дар мағораҳо шаб мегузаронанд; гӯшти хук мехӯранд, ва хӯриши зиште дар зарфҳои онҳост; 5 Ва мегӯянд: «Дар ҷои худ биист, ба ман наздик нашав, зеро ки ман аз ту муқаддастарам!» Инҳо дуде дар бинии Ман мебошанд, ва оташе ки тамоми рӯз фурӯзон аст. 6 Инак пеши Ман навишта шудааст: «Хомӯш нахоҳам монд, то даме ки сазое бидиҳам, — ва сазои онҳоро хоҳам дод 7 Барои гуноҳҳои шумо ва гуноҳҳои падарони шумо бо якҷоягӣ, — мегӯяд Худованд, — ки онҳо бар кӯҳҳо бухур месӯзониданд, ва бар теппаҳо Маро хорӣ медоданд; ва Ман подоши онҳоро аввал андоза карда, ба онҳо хоҳам расонид». 8 Худованд чунин мегӯяд: «Чунон ки ширае дар хӯшаи ангур ёфт мешавад, ва мегӯянд: „Онро нобуд накун, зеро ки баракат дар он аст“ — ончунон Ман ба хотири бандагони Худ амал хоҳам кард, то ки ҳамаашонро нобуд насозам. 9 Ва насле аз Яъқуб, ва ворисе аз Яҳудо барои кӯҳҳои Худ ба вуҷуд хоҳам овард, ва баргузидагони Ман онро мерос хоҳанд гирифт, ва бандагони Ман дар он ҷо сокин хоҳанд шуд. 10 Ва Шорӯн чарогоҳи гӯсфандон, ва водии Охӯр макони фароғати говон барои қавми Ман, ки Маро талабидаанд, хоҳад шуд. 11 Валекин шумо, ки Худовандро тарк карда, кӯҳи муқаддаси Маро аз хотир баровардаед, барои Ҷод суфра ороста менамоед, ва барои Манот косаҳоро аз машруботи дорувордор пур мекунед, — 12 Шуморо Ман ба дами шамшер хоҳам супурд, ва ҳамаатон барои куштор зону хоҳед зад, чунки Ман даъват намудам, шумо ҷавоб надодед, Ман сухан рондам, шумо нашнидед, балки он чи дар назари Ман бад буд, ба амал овардед, ва он чи Ман нахостам, ихтиёр кардед». 13 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: «Инак, бандагони Ман хоҳанд хӯрд, вале шумо гурусна хоҳед монд; инак, бандагони Ман хоҳанд нӯшид, вале шумо ташна хоҳед монд; инак, бандагони Ман шодӣ хоҳанд кард, вале шумо хиҷил хоҳед шуд; 14 Инак, бандагони Ман аз хушии дил тараннум хоҳанд намуд, вале шумо аз дарди дил фарьёд хоҳед зад, ва аз шикастагии рӯҳ вовайло хоҳед кард. 15 Ва номи худро дар миёни баргузидагони Ман барои лаънат боқӣ хоҳед гузошт; ва Худованд Худо туро ба қатл хоҳад расонид, ва бандагони Худро ба исми дигар хоҳад номид. 16 Пас, ҳар кӣ бар замин фотиҳа диҳад, ба Худои ҳақ фотиҳа хоҳад дод, ва ҳар кӣ бар замин қасам хӯрад, ба Худои ҳақ қасам хоҳад хӯрд, зеро ки андӯҳҳои пештара фаромӯш гардида, аз чашмони Ман пинҳон шудааст. Бараками абадӣ ба Исроил дар замини нав. 17 Зеро, инак Ман осмони нав ва замини нав меофарам, ва чизҳои пештара ба хотир нахоҳад расид, ва ба дил нахоҳад омад; 18 Балки аз он чи Ман меофарам, шодӣ кунед ва то абад ба ваҷд оед: зеро, инак Ман Ерусалимро ҳамчун манбаи ваҷд, ва қавми онро ҳамчун манбаи шодӣ меофарам. 19 Ва аз Ерусалим ба ваҷд хоҳам омад, ва аз қавми Худ шодӣ хоҳам кард; ва дар он дигар овози гирья ва овози фиғон шунида нахоҳад шуд. 20 Дар он ҷо дигар хурдсоле ва пире нахоҳад буд, ки ба пурии рӯзҳои худ нарасида бошад, зеро касе ки дар синни садсолагӣ бимирад, ҷавон ҳисоб меёбад, ва агар гуноҳкор дар синни садсолагӣ бимирад, ба лаънат дучор мешавад. 21 Ва хонаҳо бино карда, дар онҳо сокин хоҳанд шуд, ва токҳо шинонда, меваи онҳоро хоҳанд хӯрд. 22 Онҳо бино нахоҳанд кард барои он ки дигарон сокин шаванд; онҳо нахоҳанд шинонд барои он ки дигарон бихӯранд; зеро ки рӯзҳои қавми Ман мисли рӯзҳои дарахт хоҳад буд, ва баргузидагони Ман аз амали дастҳои худ то ба охир истифода хоҳанд бурд. 23 Бар абас онҳо меҳнат нахоҳанд кард, ва барои изтироб нахоҳанд зоид, зеро ки онҳо, ва зурьёташон бо онҳо, насли мубораки Худованд мебошанд. 24 Ва воқеъ хоҳад шуд, ки пеш аз он ки онҳо бихонанд, Ман ҷавоб хоҳам дод, ва пеш аз он ки онҳо сухане гӯянд, Ман хоҳам шунид. 25 Гург ва барра бо ҳам хоҳанд чарид, ва шер мисли гов коҳ хоҳад хӯрд, ва ғизои мор хок хоҳад буд; онҳо дар тамоми кӯҳи муқаддаси Ман бадӣ нахоҳанд кард ва осебе нахоҳанд расонид», — мегӯяд Худованд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden