Ишаъё 64 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ШАСТУ ЧОРУМ Тарс ва умедҳои бақияи кавм. Дуо дар бораи наҷом. 1 Кошки Ту осмонро дарронда, нузул менамудӣ! Кӯҳҳо аз ҳузури Ту гудохта мешуд, 2 Мисли он ки хасу хошок аз оташ аланга мезанад, ва об аз оташ ба ҷӯш меояд, — нузул намо, то ки исми Худро ба душманони Худ машҳур созӣ, ва халқҳо аз дидори Ту ба ларза оянд. 3 Вақте ки Ту корномаҳои аҷоибе ки мо чашми интизор надоштем, ба ҷо оварда, нузул менамудӣ, кӯҳҳо аз ҳузури Ту гудохта мешуд. 4 Ва ҳаргиз нашнидаанд, ва гӯш накардаанд, ва чашм Худоеро ғайр аз Ту надидааст, ки барои умедворонаш чунин амал карда бошад. 5 Ту бо онҳое ки шодмонанд, ва адолатро ба амал меоваранд, ва дар роҳҳои Ту Туро зикр менамоянд, бо хушӣ мулоқот мекунӣ; лекин Ту ба ғазаб омадаӣ, чунки мо гуноҳ кардаем, ва муддати зиёде дар он ғӯтидаем, — ва оё метавонем наҷот ёбем? 6 Ва ҳамаамон мисли палиде гардидаем, ва тамоми адолати мо мисли либоси чиркин аст; ва ҳамаамон мисли барг пажмурда шудаем, ва гуноҳҳоямон мисли боде моро бардошта мебарад. 7 Ва касе нест, ки исми Туро бихонад, ва бедор шуда, Туро пайравӣ намояд, зеро ки Ту рӯи Худро аз мо пинҳон кардаӣ, ва моро гузоштаӣ, ки аз гуноҳҳои худ нобуд шавем. 8 Ва акнун, эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ; мо гил ҳастем, ва Ту — кӯзагари мо, ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем. 9 Худовандо! Бениҳоят дар ғазаб нашав, ва гуноҳро то абад дар хотир нигоҳ надор; лутфан назар андоз, ки ҳамаамон қавми Ту ҳастем. 10 Шаҳрҳои муқаддаси Ту биёбон шудааст; Сион биёбон, ва Ерусалим харобазор гардидааст. 11 Хонаи қудси мо ва ҷалоли мо, ки падарони мо дар он Туро ҳамду сано мехонданд, тӯъмаи оташ гардидааст, ва ҳар он чи барои мо азиз буд, харобазор шудааст. 12 Оё баъд аз ҳамаи ин, эй Худованд, боз худдорӣ менамоӣ? Ва хомӯш монда, моро бениҳоят хорузор мекунӣ? |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden