Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 63 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАСТУ СЕЮМ Рӯзи инмиқом.

1 Ин кист, ки аз Адӯм меояд, бо либоси сурх аз Басра меояд? Ин кист, ки дар либоси Худ пуршукӯҳ аст, ва дар камоли қуввати Худ қадам мегузорад? «Ман ҳастам, ки аз рӯи адолат сухан меронам ва барои наҷот додан тавоно мебошам».

2 Чаро либоси Ту сурх аст, ва ҷомаи Ту мисли касест, ки чархуштро поймол карда бошад?

3 «Танҳо Худам чархуштро поймол кардам, ва аз қавмон касе бо Ман набуд, ва Ман онҳоро дар ғазаби Худ поймол намудам, ва дар шиддати хашми Худ онҳоро лагадкӯб сохтам, ва хуни онҳо бар либоси Ман пошида шуд, ва Ман тамоми ҷомаи Худро олуда кардам;

4 Зеро ки рӯзи интиқом дар дили Ман аст, ва соли раҳо кардани Ман фаро расидааст.

5 Ва Ман нигаристам, ва мададгоре набуд, ва тааҷҷуб намудам, ки ёваре набуд, ва бозуи Ман Маро мададгор шуд, ва хашми Ман Маро ёварӣ намуд.

6 Ва Ман қавмонро дар ғазаби Худ поймол намудам, ва онҳоро аз шиддати хашми Худ маст кардам, ва хуни онҳоро бар замин рехтам».


Тарс ва умедҳои бақияи қавм дар рӯзи инмиқом.

7 Эҳсонҳои Худованд ва ҷалоли Худовандро зикр хоҳам кард, барои ҳар он чи Худованд ба мо ато намудааст, ва барои лутфи зиёде ба хонадони Исроил, ки Ӯ аз рӯи марҳамати Худ ва аз рӯи фаровонии эҳсонҳои Худ ба онҳо ато намудааст.

8 Ва Ӯ гуфтааст: «Ба яқин, онҳо қавми Ман ҳастанд, писароне ки хиёнат намекунанд». Ва Ӯ Наҷотдиҳандаи онҳо буд.

9 Дар ҳар тангии онҳо Ӯ дилсӯзӣ мекард, ва фариштае ки дар ҳузури Ӯ буд, онҳоро наҷот медод; аз рӯи муҳаббати Худ ва шафқати Худ Ӯ онҳоро раҳо мекард, ва дар тамоми айёми қадим онҳоро мебардошт ва баланд мекард.

10 Валекин онҳо беитоатӣ намуда, Рӯҳулқудси Ӯро маҳзун мекарданд, ва Ӯ душмани онҳо гашта, ба муқобили онҳо меҷангид.

11 Ва қавми Ӯ айёми қадими Мусоро ба ёд оварданд: куҷост Он ки онҳоро бо чӯпони рамаи Худ аз баҳр баровард? Куҷост Он ки Рӯҳулкудси Худро андаруни онҳо ниҳод?

12 Он ки бозуи пуршукӯҳи Худро ба ямини Мусо равона намуда, обҳоро пеши онҳо пора кард, то ки барои Худ исми ҷовидонӣ пайдо кунад?

13 Он ки онҳоро дар вартаҳо мисли аспе дар биёбон ҳидоят намуд, ва онҳо пешпо нахӯрданд?

14 Мисли чорпое ки ба водӣ фурӯд меояд, Рӯҳи Худованд онҳоро сӯи фароғат бурд. Ҳамин тавр Ту қавми Худро ҳидоят намудӣ, то ки барои Худ исми пуршукӯҳе пайдо кунӣ.

15 Аз осмон назар андоз ва аз маскани муқаддас ва пурҷалоли Худ бубин! Рашки Ту ва тавоноии Ту куҷост? Дилсӯзии Ту ва марҳаматҳои Ту нисбат ба ман боздошта шудааст.

16 Ту, охир, Падари мо ҳастӣ, агарчи Иброҳим моро намедонад, ва Исроил моро намешиносад; Ту, эй Худованд, Падари мо, Раҳокунандаи мо ҳастӣ, ва исми Ту аз азал чунин аст.

17 Чаро, эй Худованд, моро гузоштаӣ, ки гумроҳ шуда, аз роҳҳои Ту бароем? Ва дилҳои моро сахт кардаӣ, то ки аз Ту натарсем? Ба хотири бандагони Худ, ба хотири сибтҳои мероси Худ сӯи мо ручӯъ намо!

18 Қавми муқаддаси Ту муддати каме онро тасарруф намуданд; душманони мо қудси Туро поймол карданд.

19 Мо мисли касоне шудаем, ки Ту гӯё ҳаргиз бар онҳо ҳукмронӣ накарда бошӣ, ва онҳо ба исми Ту номида нашуда бошанд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan