Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 62 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАСТУ ДУЮМ Аз нав барпо шудани қавми Исроил.

1 Ба хотири Сион сукут нахоҳам кард, ва ба хотири Ерусалим хомӯш нахоҳам монд, то даме ки адолати он мисли нур тулӯъ намояд, ва наҷоти он — мисли машъали фурӯзон.

2 Ва халқҳо адолати туро, ва ҳамаи подшоҳон ҷалоли туро хоҳанд дид, ва ту бо исми наве ки даҳони Худованд онро муқаррар менамояд, хонда хоҳӣ шуд.

3 Ва ту тоҷи шавкат дар яди Худованд хоҳӣ буд, ва афсари подшоҳӣ дар дасти Худои худ.

4 Туро дигар «Матрук» нахоҳанд номид, ва замини туро дигар «Вайрона» нахоҳанд гуфт, балки туро «Дилхоҳ» ва замини туро «Шавҳардор» хоҳанд номид, зеро ки Худованд туро хостааст, ва замини ту шавҳар хоҳад кард.

5 Чунон ки ҷавоне дӯшизаро ба занӣ мегирад, ончунон писаронат туро тасарруф хоҳанд кард, ва чунон ки домод аз арӯс шод мегардад, ончунон Худои ту аз ту шод хоҳад шуд.

6 Бар ҳисорҳои ту, эй Ерусалим, Ман посбононро гузоштаам, ки тамоми рӯз ва тамоми шаб, ҳамеша сукут нахоҳанд кард. Эй онҳое ки Худовандро зикр менамоед! Сукут накунед,

7 Ва Ӯро оромӣ надиҳед, то даме ки Ерусалимро аз нав барқарор намуда, ҷалоли рӯи замин гардонад.

8 Худованд ба ямини Худ ва ба бозуи қавии Худ қасам хӯрдааст: «Ғаллаи туро дигар хӯроки душманонат нахоҳам сохт, ва аҷнабиён шароби туро, ки барояш меҳнат кардаӣ, нахоҳанд нӯшид,

9 Балки онҳое ки онро ҷамъ мекунанд, онро хӯрда, Худовандро мадҳ хоҳанд намуд, ва онҳое ки онро мечинанд, онро дар саҳнҳои қудси Ман хоҳанд нӯшид».

10 Аз дарвозаҳо бигзаред, бигзаред! Роҳи қавмро тайёр кунед! Ҷоддаро ҳамвор кунед, ҳамвор кунед! Аз сангҳо тоза кунед! Барои қавм ливо бардоред!

11 Инак, Худованд то ақсои замин эълон менамояд: ба духтари Сион бигӯед: «Инак, Наҷотдиҳандаи ту меояд! Инак, музди Ӯ бо Ӯст, ва подоши Ӯ пеши Ӯст».

12 Ва онҳоро қавми муқаддас, растагорони Худованд хоҳанд номид, ва ту матлуб ва шаҳри номатрук номида хоҳӣ шуд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan