Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 61 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАСТУ ЯКУМ Масеҳе ки меояд, баъд аз рӯзи инмиқом манбаи файз хоҳад буд.

1 Рӯҳи Худованд Худо бар Ман аст, зеро ки Худованд Маро тадҳин намудааст: Маро фиристодааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва фатҳи зиндонро ба бандиён эълон намоям;

2 Соли таваҷҷӯҳи Худованд ва рӯзи интиқоми Худои моро эълон намоям, ҳамаи мотамзадагонро тасаллӣ бахшам;

3 Мотамзадагони Сионро ато намуда, ба онҳо афсаре ба ҷои хокистар бидиҳам, ва равғани шодмонӣ — ба ҷои мотам, ва ридои ҷалол — ба ҷои рӯҳи андӯҳгин; ва онҳо дарахтони адолат номида хоҳанд шуд, ки Худованд барои ҷалоли Худ шинондааст.

4 Ва онҳо вайронаҳои бостониро бино хоҳанд кард, харобаҳои қадимро барпо хоҳанд намуд, ва шаҳрҳои вайронаро, ки аз даврҳои пешина харобазор шуда мондааст, аз нав барқарор хоҳанд кард.

5 Ва бегонаҳо ба хизмат истода, гӯсфандони шуморо хоҳанд чаронид, ва аҷнабиён зироаткорону токдорони шумо хоҳанд буд.

6 Ва шумо коҳинони Худованд номила хоҳед шуд, — шуморо хизматгузорони Худои мо хоҳанд хонд; аз дороии халқҳо ғизо хоҳед гирифт, ва аз ҷалоли онҳо ифтихор хохед дошт.

7 Дар ивази хиҷолати худ дучандон подош хоҳед гирифт, ва дар ивази расвоӣ аз насиби худ шод хоҳанд шуд, чунки дар замини худ насиби дучанд хоҳанд ёфт, ва хурсандии ҷовидонӣ барои онҳо хоҳад буд.

8 Зеро Ман, ки Худованд ҳастам, адлу инсофро дӯст медорам, аз ғоратгарӣ ва ноинсофӣ нафрат дорам, ва мукофоти онҳоро аз рӯи ростӣ хоҳам дод, ва аҳди ҷовидонӣ бо онҳо хоҳам баст.

9 Ва насли онҳо дар миёни халқҳо, ва зурьёти онҳо андаруни қавмон машҳур хоҳанд шуд; ҳар кӣ онҳоро бинад, хоҳад донист, ки онҳо насле ҳастанд, ки Худованд баракат додааст.

10 Дар Худованд шодии бисьёр мекунам, ва ҷони ман дар Худои ман ба ваҷд меояд, зеро ки Ӯ маро либоси наҷот пӯшонидааст, ва ҷомаи адолат бар дӯшам гузоштааст, чунон ки домод афсарро мисли коҳине бар сари худ мениҳад. ва чунон ки арӯс худро бо зеварҳо оро медиҳад.

11 Зеро, чунон ки замин набототи худро мерӯёнад, ва чунон ки боғ тухмҳои дар он кошташударо месабзонад, ончунон Худованд Худо адолат ва ҷалолро пеши ҳамаи халқҳо нумӯ хоҳад дод.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan