Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 60 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАСТУМ Давоми он.

1 Бархез, мунаввар шав, зеро ки нури ту омадааст, ва ҷалоли Худованд бар ту тулӯъ намудааст.

2 Зеро инак, торикӣ заминро, ва меғ қабилаҳоро мепӯшонад, вале бар ту Худованд тулӯъ хоҳад кард, ва ҷалоли Ӯ бар ту зоҳир хоҳад шуд.

3 Ва халқҳо сӯи нури ту, ва подшоҳон сӯи дурахши тулӯи ту равона хоҳанд шуд.

4 Чашмони худро ба ҳар ҷониб баланд намуда, бингар: ҳамаашон ҷамъ шуда, сӯи ту меоянд: писаронат аз дур хоҳанд омад, ва духтаронат дар канор гирифта хоҳанд шуд.

5 Онҳоро дида, чеҳраат аз шодӣ хоҳад дурахшид, ва дилат ба тапиш афтода, васеъ хоҳад шуд, зеро ки сарвати баҳр сӯи ту рӯ хоҳад овард, дороии халқҳо назди ту хоҳад омад.

6 Анбӯҳи шутурон — шутурони ҷавони Мидьён ва Эйфо — туро пур хоҳад кард; ҳамаашон аз Шабо хоҳанд омад, тилло ва лебӯно хоҳанд овард, ва ҳамду санои Худовандро башорат хоҳанд дод.

7 Ҳамаи гӯсфандони Қедор назди ту ҷамъ хоҳанд шуд; қӯчқорҳои Набойӯт ба ту хизмат хоҳанд кард: бар қурбонгоҳи Ман баромада, мақбул хоҳанд шуд, ва Ман хонаи шавкати Худро ҷалол хоҳам дод.

8 Инҳо кистанд, ки мисли абр парвоз мекунанд, ва мисли кабӯтарон сӯи равзанҳои худ?

9 Ба яқин, ҷазираҳо, ва пешопешашон киштиҳои Таршиш назди Ман ҷамъ хоҳанд шуд, то ки писарони туро аз дурдаст, ва нуқраю тиллои онҳоро бо онҳо биёранд, ба хотири исми Худованд Худои ту, ва ба хотири Қуддуси Исроил, зеро ки Ӯ туро ҷалол додааст.

10 Ва аҷнабиён ҳисорҳои туро бино хоҳанд кард, ва подшоҳони онҳо хизмати туро ба ҷо хоҳанд овард, зеро ки дар ғазаби Худ туро зарба задаам, вале дар таваҷҷӯҳи Худ ба ту раҳм хоҳам кард.

11 Ва дарвозаҳои ту ҳамеша воз хоҳад буд, рӯз ва шаб баста нахоҳад шуд, то ки дороии халқҳоро назди ту биёранд, ва подшоҳони онҳо низ оварда шаванд.

12 Зеро ҳар халқ ва мамлакате ки ба ту хизмат накунад, нобуд хоҳад шуд, ва он халқҳо тамоман нест хоҳанд гардид.

13 Ҷалоли Лубнон, сарв, коҷ ва шамшоди он бо якҷоягӣ назди ту хоҳад омад, то ки макони муқаддаси Маро зинат диҳад, ва Ман қадамгоҳи Худро ҷалол хоҳам дод.

14 Ва писарони онҳое ки туро ба танг меоварданд, сар фурӯд оварда, назди ту хоҳанд омад, ва ҳамаи онҳое ки аз ту нафрат доштанд, ба кафи пойҳои ту саҷда хоҳанд кард, ва туро шаҳри Худованд, Сиони Қуддуси Исроил хоҳанд номид.

15 Дар ивази он ки ту матрук ва манфур будӣ, ва касе аз ту гузар намекард, Ман туро ифтихори ҷовидонӣ, шодии наслҳои зиёд хоҳам гардонид.

16 Ва аз шири халқҳо сер хоҳӣ шуд, ва пистони подшоҳонро хоҳӣ макид, ва хоҳӣ донист, ки Ман Худованди Наҷотдиҳандаи ту ва Раҳокунандаи ту, Неруманди Яъқуб ҳастам.

17 Ба ҷои мис тилло хоҳам овард, ва ба ҷои оҳан нуқра хоҳам овард, ва ба ҷои чӯб — мис, ва ба ҷои санг — оҳан; ва осоиштагиро ҳокими ту, ва адолатро нозири ту хоҳам гардонид.

18 Зулм дар замини ту, тороҷу шикаст дар ҳудуди ту дигар шунида нахоҳад шуд; ва ҳисорҳои худро наҷот, ва дарвозаҳои худро ҷалол хоҳӣ номид.

19 Офтоб барои ту дигар рӯшноии рӯз нахоҳад буд, ва дурахши моҳ барои ту равшанӣ нахоҳад дод, балки Худованд барои ту нури ҷовидонӣ, ва Худои ту шавкати ту хоҳад буд.

20 Офтоби ту дигар ғуруб нахоҳад кард, ва моҳи ту пинҳон нахоҳад шуд, зеро ки Худованд барои ту нури ҷовидонӣ хоҳад буд, ва рӯзҳои мотами ту тамом хоҳад шуд.

21 Ва қавми ту ҳамаашон одил хоҳанд буд, ба сурати абадӣ вориси замин хоҳанд шуд; онҳо ниҳоли шинондаи Ман, амали дастҳои Ман ҳастанд, то ки ҷалол ёбам.

22 Камшумор ба ҳазорҳо мубаддал хоҳад шуд, ва бемаҷол — ба халқи зӯровар. Ман — Худованд инро дар вақташ хоҳам тезонид.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan