Ишаъё 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ШАШУМ Худованд ба Ишаъё дар ҷалоли Худ зоҳир мешавад. 1 Дар соле ки подшоҳ Узиё вафот кард, Худовандро дидам, ки бар курсии баланд ва олӣ нишаста буд, ва домони Ӯ маъбадро пур карда буд. 2 Сорофиён дар гирди Ӯ истода буданд, ки ҳар яке аз онҳо шаш бол дошт: бо дутояш вай рӯи худро мепӯшид, ва бо дутояш пойҳои худро мепӯшид, ва бо дутояш парвоз мекард. 3 Ва яке ба дигаре нидо карда, мегуфт: «Қуддус аст, қуддус аст, қуддус аст Худованди лашкарҳо! Тамоми замин аз ҷалоли Ӯ пур аст!» 4 Ва паҳлудариҳо аз овози нидокунандагон ба ларза омад, ва хона аз дуд пур шуд. 5 Ва ман гуфтам: «Вой бар ман, ки тамом шудам! Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам, ва дар миёни қавми ҳаромлаб сукунат дорам, — ва чашмонам Подшоҳро, Худованди лашкарҳоро дидааст». Натиҷаи ин рӯъё; оташи поккунанда. 6 Ва яке аз сорофиён назди ман парида омад, ва дар дасташ ахгаре буд, ки бо оташгирак аз курбонгоҳ гирифта буд, 7 Ва онро ба даҳонам расонда, гуфт: «Инак, ин ба лабҳоят расид, ва гуноҳат дур шуд, ва хатоят кафорат ёфт». 8 Ва ман овози Худовандро шунидам, ки мегуфт: «Ман киро бифиристам? Ва кист, ки барои Мо биравад?» Ва ман гуфтам: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист». Супориши наве ба зиммаи Ишаъё гузошта шуд. 9 Ва Ӯ гуфт: «Бирав, ва ба ин қавм бигӯй: „Ба шунидан хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид, ва ба дидан хоҳед дид, вале нахоҳед донист“. 10 Дили ин қавм кундфаҳм, ва гӯшҳошон вазнин, ва чашмҳошон баста шудааст, мабодо бо чашмони худ бубинанд, ва бо гӯшҳои худ бишнаванд, ва дили онҳо бифаҳмад, ва руҷӯъ кунанд, ва шифо ёбанд». 11 Ва ман гуфтам: «То ба кай, эй Худованд?» Ва Ӯ гуфт: «То даме ки шаҳрҳо валангор шуда, ғайримаскун гардад, ва хонаҳо бе одам бимонад, ва замин ба харобазор табдил ёбад. 12 Ва Худованд одамонро дур хоҳад кард, ва дар замин харобӣ бисьёр хоҳад шуд. 13 Ва агар даҳьяке дар он боз бимонад, бори дигар он низ хонавайрон хоҳад шуд; чунон ки аз дарахти писта ва аз дарахти булут пас аз буридан решаи онҳо боқӣ мемонад, ончунон насли муқаддас решаи он хоҳад буд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden