Ишаъё 59 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶОҲУ НӮҲУМ Ҳалокати қавми шарир. Ваъдаи омадани Раҳокунанда. 1 Охир, дасти Худованд кӯтоҳ нест, ки наҷот надиҳад, ва гӯши Ӯ вазнин нест, ки нашнавад, 2 Балки гуноҳҳои шумо дар миёни шумо ва Худои шумо ҷудоӣ андохтааст, ва хатоҳои шумо рӯи Ӯро аз шумо пӯшидааст, то ки нашнавад. 3 Зеро ки дастҳои шумо ба хун, ва ангуштҳои шумо ба гуноҳ олуда шудааст; лабҳои шумо дурӯғ мегӯяд, забони шумо ноинсофона сухан меронад. 4 Ҳеҷ кас толиби адолат нест, ва ҳеҷ кас аз рӯи ростӣ доварӣ намекунад: ба ҳеҷу пуч умед мебанданд ва суханони ботил мегӯянд, ба хабосат ҳомила мешаванд ва бадиро мезоянд. 5 Аз тухмҳои афъӣ бача мебароваранд, ва тори анкабӯт метананд; Ҳар кӣ аз тухмҳои онҳо бихӯрад, мемирад, ва агар пахш кунад, афъӣ берун меояд. 6 Тори анкабӯти онҳо барои либос кор намеояд, ва онҳо худро бо самари аъмолашон наметавонанд пӯшонанд; аъмоли онҳо аъмоли ҷафост, ва кори ситам дар дасти онҳост. 7 Пойҳои онҳо сӯи шарорат медавад, ва ба рехтани хуни шахси бегуноҳ мешитобад; фикрҳои онҳо фикрҳои ҷафост; тороҷ ва шикаст дар ҷоддаҳои онҳост. 8 Онҳо роҳи осоиштагиро намедонанд, ва дар тариқҳои онҳо инсофе нест; ҷоддаҳои худро качу килеб кардаанд: ҳар кӣ бо онҳо қадамгузор бошад, осоиштагиро намедонад. 9 Бинобар ин инсоф аз мо дур шудааст, ва адолат ба мо намерасад; ба нур умедвор мешавем, ва инак зулмот аст, ба дурахшҳо нигарон ҳастем — дар торикӣ қадам мемонем. 10 Мисли кӯрон деворро даст‐даст мекунем, ва мисли касони бечашм даст‐дасткунон роҳ меравем; дар нимирӯзӣ мисли торикии шом пешпо мехӯрем, дар миёни тандурустон мисли мурдагонем. 11 Ҳамаамон мисли хирсон наъра мезанем, ва мисли кабӯтарон нолиш мекунем; ба инсоф умедворем — ва нест, ба наҷот умедворем — аз мо дур аст. 12 Зеро ки ҷиноятҳои мо пеши Ту бисьёр шудааст, ва хатоҳои мо ба муқобили мо шаҳодат медиҳад; зеро ки ҷиноятҳои мо бо мост, ва гуноҳҳои худро медонем. 13 Хиёнат карда, мункири Худованд шудаем, ва аз Худои худ дурӣ гузидаем; каломи зулм ва куфрро ба забон рондаем, суханони дурӯғро аз дил гузаронида, ифода намудаем. 14 Ва инсоф ақиб гаштааст, ва адолат дар ҷои дур истодааст, зеро ки ростӣ дар майдон пешпо хӯрдааст, ва дурусткорӣ наметавонад биёяд. 15 Ва ростӣ нест шудааст, ва ҳар кӣ аз бадӣ канорагирӣ кунад, гирифтори таҳқир мешавад; ва Худованд дид, ва дар назари Ӯ бад омад, ки инсофе нест. 16 Ва дид, ки одаме нест, ва тааҷҷуб намуд, ки пуштибоне нест; ва бозуи Ӯ ба Ӯ мададгор шуд, ва адолати Ӯ Ӯро дастгирӣ намуд. 17 Ва Ӯ адолатро мисли зиреҳ дар бар кард, ва хӯди наҷотро бар сари Худ ниҳод, ва пероҳани интиқомро дар ивази либос дар бар кард, ва рашкро мисли ҷомае пӯшид, — 18 Бар тибқи аъмоли онҳо; бар тибқи он Ӯ подош хоҳад дод: ғазабро ба адуёни Худ, подошро ба душманони Худ, сазоро ба ҷазираҳо хоҳад дод. 19 Ва дар ғарб аз исми Худованд, ва дар тарафи тулӯи офтоб аз ҷалоли Ӯ хоҳанд тарсид; вақте ки душман мисли наҳре ба ҳуҷум ояд, нафаси Худованд варо хоҳад ронд. Раҳокунандаи Сион меояд. 20 «Ва Раҳокунандае барои Сион хоҳад омад, ва барои онҳое ки дар Яъқуб аз маъсият баргашта бошанд, — мегӯяд Худованд. 21 Ва Ман, чунин аст аҳди Ман бо онҳо, — мегӯяд Худованд: Рӯҳи Ман, ки бар туст, ва каломи Ман, ки Ман дар даҳони ту гузоштаам, аз даҳони ту, ва аз даҳони насли ту, ва аз даҳони насли насли ту дур нахоҳад шуд, — мегӯяд Худованд, — аз алҳол ва то абад». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden