Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 58 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶОҲУ ҲАШТУМ Мазаммат дар ҳаққи порсоии зоҳирӣ. Некуӣ насиби порсоии ҳақиқист.

1 «Бо тамоми овоз хитоб намо, худдорӣ накун! Овози худро мисли шох баланд карда, ба қавми Ман ҷинояташонро, ва ба хонадони Яъқуб гуноҳашонро эълон намо.

2 Ба яқин, онҳо Маро ҳар рӯз меҷӯянд, ва роҳҳои Маро зоҳиран мехоҳанд, мисли халқе ки адолатро риоя намудаанд, ва шариати Худои худро тарк накардаанд; аҳкоми адолатро аз Ман пурсида, гӯё мехоҳанд ба Худо наздик бошанд:

3 „Чаро рӯза доштем, вале Ту намебинӣ? Ҷонҳои худро азоб додем, вале Ту намедонӣ?“ Шумо, охир, дар рӯзи рӯзаи худ низ корубори худро меёбед, ва ҳамаи коргарони худро ба танг меоваред.

4 Шумо, охир, барои низоъ ва нифоқ рӯза медоред, ва барои он ки бо мушти шарорат бизанед; имрӯз шумо тавре рӯза намедоред, ки овозатон дар афроз шунида шавад.

5 Оё чунин аст рӯзае ки гузидаи Ман бошад, — рӯзе ки одамизод ҷонашро азоб медиҳад? Оё ин барои он аст, ки кас сари худро мисли най хам созад, ва палосу хокистар зери худ андозад? Оё инро рӯза ва рӯзи писандидаи Худованд мехонӣ?

6 Охир, рӯзае ки гузидаи Ман бошад, чунин аст: завлонаҳои шароратро бикшо, гиреҳҳои юғро воз кун, ва мазлумонро озод намо, ва ҳар юғро бишкан;

7 Нони худро ба гуруснагон тақсим кун, ва бенавоёни оворагардро ба хонаи худ биёр; вақте ки бараҳнаро бинӣ, ӯро либос пӯшон, ва аз ақрабои худ пинҳон нашав.

8 Он гоҳ нури ту мисли шафақ ҷило хоҳад дод, ва шифои ту ба зудӣ фаро хоҳад расид, ва адолати ту пешопеши ту хоҳад рафт, ва ҷалоли Худованд соқаи ту хоҳад буд.

9 Он гоҳ ту дуо хоҳӣ гуфт, ва Худованд иҷобат хоҳад намуд; ту истиғоса хоҳӣ кард, ва Ӯ хоҳад гуфт: „Инак, Ман ҳозирам!“ Агар юғ, ишорати ангушт ва бадгапиро аз миёни худ дур созӣ,

10 Ва ҷони худро ба гуруснае бидиҳӣ, ва ҷони ситамкашеро сер кунӣ, — он гоҳ нури ту дар зулмот хоҳад дурахшид, ва торикии ту мисли нимирӯзӣ хоҳад буд;

11 Ва Худованд туро ҳамеша ҳидоят хоҳад намуд, ва дар хушксолиҳо туро сер хоҳад кард, ва ба устухонҳои ту қувват хоҳад дод, ва ту мисли боғи сероб хоҳӣ буд, ва мисли чашмае ки обаш ҳаргиз адо намешавад.

12 Ва онҳое ки аз ту ба вуҷуд меоянд, харобаҳои қадимро бино хоҳанд кард, ва ту асосҳои чандин асрро барпо хоҳӣ намуд, ва туро таъмиркунандаи рахнаҳо, ободкунандаи роҳҳо барои сукунат хоҳанд номид.

13 Агар пои худро ба хотири шанбе аз иҷрои корубори худ дар рӯзи муқаддаси Ман боздорӣ, ва шанберо ҳаловат, ва рӯзи муқаддаси Худовандро мӯҳтарам бихонӣ, ва онро эҳтиром намоӣ бе он ки ба роҳҳои худ равона шавӣ, коруборе барои худ пайдо кунӣ ва дар ин хусус суханони беҳуда ронӣ, —

14 Он гоҳ дар Худованд ҳаловат хоҳӣ бурд, ва туро бар баландиҳои замин хоҳам баровард, ва ирси падарат Яъқубро ба ту хоҳам чашонид, зеро ки даҳони Худованд инро гуфтааст».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan