Ишаъё 57 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶОҲУ ҲАФТУМ Осоиштагӣ насиби одилон аст; шарирон дар ташвиши доимӣ хоҳанд буд. 1 Одил нобуд мешавад, ва касе нест, ки инро ба дил гирад; ва мардуми порсо аз миён мераванд, ва касе фаҳм намекунад, ки одил ба сабаби шӯру шар аз миён меравад. 2 Вай ба макони сулҳу осоиштагӣ дохил мешавад; онҳое ки бо роҳи рост равонанд, бар ҷогаҳҳои худ ором хоҳанд ёфт. 3 Вале шумо, эй писарони ҷодугар, эй зурьёти фосиқ ва фоҳиша, ба ин ҷо наздик оед! 4 Шумо бар кӣ истеҳзо менамоед? Бар кӣ даҳонро воз ва забонро дароз мекунед? Шумо, охир, фарзандони ҷиноят, зурьёти кизб ҳастед, 5 Ки дар сояи дарахтони писта, ба зери ҳар дарахти сабз худро барои ҷимоъ ба ҷӯш меоваред, ва кӯдаконро дар водиҳо, ба зери шикофҳои сахраҳо забҳ мекунед! 6 Дар миёни сангҳои суфтаи водӣ қисмати туст; ҳаминҳо насиби туст; барои онҳо низ ҳадияҳои рехтанӣ мерезӣ, ҳадияҳои ордӣ меоварӣ; оё Ман метавонам аз инҳо сарфи назар кунам? 7 Бар кӯҳи баланд ва саркаш ту ҷогаҳи худро гузоштаӣ; ба он ҷо низ баромада, забҳ мекунӣ. 8 Ва бар пушти дар ва паҳлудариҳо ёдоварди бути худро овехтаӣ, зеро ки аз Ман рӯ тофта, бараҳна шудаӣ, ва бар ҷогаҳи худ баромада, онро васеъ кардаӣ, ва бо баъзе аз онҳо аҳд бастаӣ, ҷогаҳи онҳоро дӯст доштаӣ, вақте ки ҷои мувофиқе дидаӣ. 9 Ва бо равғани атрафшон назди Мӯлик низ рафтаӣ, ва атриёти худро афзун кардаӣ, ва элчиёни худро ба ҷойҳои дур фиристодаӣ, ва худро то ба дӯзах паст гардонидаӣ. 10 Аз роҳи дуру дарози худ лакот шудаӣ, лекин нагуфтаӣ: «Умеде нест!» Боз қуввате дар дасти худ пайдо кардаӣ, бинобар ин ба ташвиш наафтодаӣ. 11 Пас ту аз кӣ тарсидаӣ ва ҳаросон шудаӣ, ки хиёнат кардаӣ, ва Маро ба ёд наовардаӣ, оқибати инро ба дил нагирифтаӣ? Оё на аз он сабаб ки Ман дер вақт хомӯш мондаам, ва ту аз Ман натарсидаӣ? 12 Ман адолати ту ва аъмоли туро маълум хоҳам кард, ва онҳо ба ту фоидае нахоҳад бахшид. 13 Вақте ки доду фарьёд бардорӣ, оё андӯхтаи бутхоят туро халосӣ медиҳад? Ҳамаи онҳоро боде хоҳад бардошт ва нафасе хоҳад бурд, валекин ҳар кӣ ба Ман паноҳ мебарад, вориди замин хоҳад шуд, ва кӯҳи муқаддаси Маро тасарруф хоҳад намуд. 14 Ва гуфт: «Ҳамвор кунед, ҳамвор кунед, роҳро холӣ кунед, монеаро аз роҳи қавми Ман дур кунед!» 15 Зеро Ӯ, ки Олӣ ва Баланд аст, ва дар абадият Сокин мебошад, ва исмаш Қуддус аст, чунин мегӯяд: «Ман дар макони олӣ ва муқаддас, вале бо мазлум ва афтодарӯҳ сукунат дорам, то ки рӯҳи афтодагонро зинда созам, ва дили мазлумонро эҳьё намоям. 16 Зеро ки то абад додгарӣ нахоҳам кард, ва беинтиҳо ғазаб нахоҳам намуд, вагар на рӯҳ ва ҷонҳое ки Ман офаридаам, пеши Ман бемаҷол хоҳанд шуд. 17 Барои гуноҳи тамаъкории ӯ Ман ба хашм омада, ӯро зарба задам, рӯи Худро пинҳон доштам ва ғазаб намудам, вале ӯ густохона бо роҳи дили худ рафтан гирифт. 18 Роҳҳои ӯро Ман дидаам, вале ӯро шифо хоҳам дод, ва ӯро ҳидоят хоҳам кард, ва ӯ ва мотамдорони ӯро тасаллӣ хоҳам дод. 19 Ман самари лабҳоро ба вуҷуд хоҳам овард, ки чунин аст: осоиштагӣ, осоиштагӣ ба касе ки дур аст, ва ба касе ки наздик аст, — мегӯяд Худованд, — ва ӯро шифо хоҳам дод». 20 Валекин шарирон мисли баҳри пурталотуманд, ки он наметавонад ором шавад, ва обҳояш лой ва лӯшро берун мепартояд. 21 «Барои шарирон осоиштагӣ нахоҳад буд», — мегӯяд Худои ман. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden