Ишаъё 56 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶОҲУ ШАШУМ Дастурҳо оид ба ахлоқ. Пешвоёни нобоб ҷазо хоҳанд дид. 1 Худованд чунин мегӯяд: «Инсофро нигоҳ доред ва адолатро ба амал оваред, зеро ки наҷоти Ман ба зудӣ хоҳад омад, ва адолати Ман зоҳир хоҳад шуд. 2 Хушо касе ки инро ба ҷо меоварад, ва одаме ки ба ин пайравӣ менамояд, шанберо нигоҳ дошта, палид намекунад ва дасти худро аз ҳар бадкирдорӣ бозмедорад». 3 Ва бигзор аҷнабие ки ба Худованд ҳамроҳ шуда бошад, нагӯяд: «Худованд маро аз қавми Худ тамоман ҷудо кардааст», ва хоҷасарой нагӯяд: «Ман, охир, дарахти хушк ҳастам». 4 Зеро ки Худованд дар бораи хоҷасароён чунин мегӯяд: «Онҳое ки шанбеҳои Маро нигоҳ медоранд, ва он чиро, ки дилхоҳи Ман аст, интихоб мекунанд, ва ба аҳди Ман пайравӣ менамоянд, — 5 Ба онҳо дар хонаи Худ ва андаруни деворҳои Худ ёдгорӣ ва исме беҳтар аз писарон ва духтарон хоҳам дод; исми ҷовидоние ки маҳвнопазир аст, ба онҳо хоҳам дод. 6 Ва аҷнабиёне ки ба Худованд ҳамроҳ шуда бошанд, то ки ба Ӯ хизмат кунанд ва исми Худовандро дӯст дошта, бандагони Ӯ гарданд, яъне ҳамаи онҳое ки шанберо нигоҳ дошта, палид намекунанд ва ба аҳди Ман пайравӣ менамоянд, — 7 Онҳоро Ман ба кӯҳи муқаддаси Худ хоҳам овард, ва онҳоро дар хонаи ибодати Худ шод хоҳам кард; қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои онҳо бар қурбонгоҳи Ман мақбул хоҳад буд, зеро ки хонаи Ман хонаи ибодат барои ҳамаи қавмҳо хонда хоҳад шуд». 8 Худованд Худо, ки рондашудагони Исроилро ҷамъ меоварад, мегӯяд: «Ба замми онҳое ки ҷамъ омадаанд, Ман боз ҷамъ хоҳам овард». 9 Эй тамоми ҳайвоноти саҳро, омада бихӯред! Эй тамоми ҳайвоноти ҷангал! 10 Посбонони вай ҳамаашон кӯр ҳастанд ва нодон; ҳамаашон сагони гунг ҳастанд, ки наметавонанд ак‐ак кунанд; хобида сафсата мегӯянд, пинак рафтанро дӯст медоранд. 11 Ва инҳо сагони ҳарисанд, ки сериро намедонанд; ва онҳо чӯпононанд, ки наметавонанд фаҳм кунанд; ҳамаашон ба роҳи худ мераванд, ҳар яке, саросар, фоидаи худро хоҳон аст. 12 Мегӯянд: «Биёед! Шароб биёрам, ва мо арақ нӯшида маст шавем; ва фардо мисли имрӯз, балки боз ҳам зиёдтар хоҳад буд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden