Ишаъё 54 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶОҲУ ЧОРУМ Исроили аз нав барпошуда дар симои Арӯси Худованд. 1 «Шод бош, эй безурьёт, ки назоидаӣ; тараннум намо ва хурсандӣ бикун, ки дарди зоиш накашидаӣ; зеро писарони зане ки матрук аст, назар ба зани шавҳардор зиёдтаранд, — мегӯяд Худованд. 2 Ҷои хаймаи худро васеътар бикун, то ки пардаҳои масканҳоят паҳн шавад; дареғ надор: танобҳоятро дароз карда, мехҳоятро маҳкамтар бизан. 3 Зеро ки ту ба тарафи рост ва чап паҳн хоҳӣ шуд, ва насли ту халқҳоро тасарруф хоҳанд намуд ва шаҳрҳои харобаро маскун хоҳанд кард. 4 Натарс, зеро ки хиҷил нахоҳӣ шуд; ва ошуфта нашав, зеро ки бадном нахоҳӣ гардид, чунки хиҷолати ҷавонии худро фаромӯш хоҳӣ кард, ва бадномии бевагии худро дигар ба ёд нахоҳӣ овард. 5 Зеро ки Офаринандаи ту шавҳари туст, ки исми Ӯ Худованди лашкарҳост; ва Қуддуси Исроил Раҳокунандаи туст; Ӯ Худои тамоми замин хонда хоҳад шуд. 6 Зеро ки Худованд туро мисли завҷаи матрук ва афтодарӯҳе даъват менамояд, ва мисли завҷаи айёми ҷавонӣ, ки мардуд буд, — мегӯяд Худои ту. 7 Ба андак муддате Ман туро тарк кардаам, ва бо марҳамати бузурге туро фароҳам хоҳам овард. 8 Дар оташи ғазаб рӯи Худро як лаҳза аз ту пинҳон доштаам, ва бо эҳсони абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард, — мегӯяд Худованди Раҳокунандаи ту. 9 Зеро ки ин дар назари Ман мисли обҳои Нӯҳ аст: чунон ки Ман қасам хӯрдаам, ки обҳои Нӯҳ дигар бар замин ҷорӣ нахоҳад шуд, ончунон Ман қасам хӯрдаам, ки бар ту ғазаб накунам ва туро мазаммат нанамоям. 10 Зеро ки кӯҳҳо аз ҷои худ дур хоҳад шуд, ва теппаҳо футур хоҳад рафт, вале эҳсони Ман аз ту дур нахоҳад шуд, ва аҳди сулҳу осоиштагии Ман футур нахоҳад рафт, — мегӯяд Худованде ки ба ту раҳм мекунад. Исроили аз нав барпошуда дар амният. 11 Эй шӯрбахт, ки дар изтироб афтодаӣ ва тасаллӣ наёфтаӣ! Инак, Ман сангҳои туро бар сурма хоҳам ниҳод, ва буньёди туро бар ёқути кабуд. 12 Ва кунгураҳои туро аз ёқути руммонӣ, ва дарвозаҳои туро аз сангҳои баҳрамон, ва тамоми девори туро аз сангҳои гаронбаҳо хоҳам сохт. 13 Ва ҳамаи писарони ту аз Худованд таълим хоҳанд ёфт, ва писарони туро осоиштагии бузурге хоҳад буд. 14 Бар адолат асос хоҳӣ ёфт; аз ситам дур хоҳӣ буд, зеро ки нахоҳӣ тарсид, ва аз даҳшат, — зеро ки он ба ту наздик нахоҳад шуд. 15 Агар барои ҷанг ҷамъ шаванд, аз ҷониби Ман нахоҳад буд. Ҳар кӣ бар зидди ту ҷамъ шудааст, пеши ту фурӯ хоҳад ғалтид. 16 Инак, Ман оҳангареро офаридаам, ки вай ангиштро дар оташ дам медиҳад, ва олате барои кори худ месозад; ва Ман низ вайронкорро барои хароб кардан офаридаам. 17 Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт; ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад, айбдор хоҳӣ кард. Ин аст насибаи бандагони Худованд, ва сафед кардани онҳо аз ҷониби Ман аст», — мегӯяд Худованд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden