Ишаъё 52 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶОҲУ ДУЮМ Рӯъёи Ерусалим дар айёми Малакути Худованд. 1 Бедор шав, эй Сион, бедор шав, ва ҷомаи қудрати худро дар бар кун! Либоси шавкати худро бипӯш, эй Ерусалим, эй шаҳри муқаддас! Зеро ки номахтун ва палид дигар вориди ту нахоҳад шуд. 2 Худро аз хок биафшон, бархоста, бинишин, эй Ерусалим! Завлонаҳоро аз гардани худ бикшо, эй духтари асиршудаи Сион! 3 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: «Муфт фурӯхта шудаед, ва бе нуқра раҳо хоҳед шуд». 4 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: «Қавми Ман дар ибтидо ба Миср фурӯд омадаанд, то ки дар он ҷо сукунат кунанд, ва пас аз он Ашшур беҳуда бар онҳо ситам кардааст. 5 Ва акнун Маро дар ин ҷо чӣ мақсуд аст, — мегӯяд Худованд, — дар сурате ки қавми Ман муфт гирифта шудаанд? Ҳокимонашон онҳоро ба дод меоваранд, — мегӯяд Худованд, — ва ҳамеша, ҳар рӯз исми Ман хор дошта мешавад. 6 Бинобар ин қавми Ман исми Маро хоҳанд шинохт; бинобар ин дар он рӯз хоҳанд донист, ки Ман ҳамон ҳастам, ки мегӯяд: „Инак, Ман ҳозирам!“» 7 Чӣ гуна зебост бар кӯҳҳо пойҳои мубашшир, ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳад, аз некӣ башорат медиҳад, наҷотро зълон мекунад, ба Сион мегӯяд: «Худои ту салтанат меронад!» 8 Овози дидбонони туст, ки овоз баланд карда, якҷоя тараннум менамоянд, зеро бо чашмони худ мебинанд, ки Худованд ба Сион бармегардад. 9 Бо шодӣ овоз баланд карда, якҷоя тараннум намоед, эй харобаҳои Ерусалим! Зеро ки Худованд қавми Худро тасаллӣ дода, Ерусалимро раҳо кардааст. 10 Худованд бозуи муқаддаси Худро пеши назари хамаи халқҳо бараҳна кардааст, ва тамоми ақсои замин наҷоти Худои моро хоҳанд дид. 11 Дур шавед, дур шавед, аз он ҷо берун оед! Ба чизи нопок нарасед! Аз миёни он берун равед, худро тоза кунед, эй онҳое ки зарфҳои Худовандро мебардоред! 12 Зеро ки шитобон берун нахоҳед рафт, ва гурезон равона нахоҳед шуд, зеро ки пешопеши шумо Худованд хоҳад рафт, ва соқаи шумо Худои Исроил хоҳад буд. 13 Инак, бандаи Ман комьёб хоҳад гардид, олиқадр ва болодаст ва ниҳоятдараҷа баланд хоҳад шуд. 14 Чунон ки бисьёр касон аз Ту дар ҳайрат монда буданд, — зеро ки намуди Ӯ аз ҳар шахс, ва симои Ӯ аз банӣ‐одам бештар маиб шуда буд! — 15 Ончунон Ӯ халқҳои зиёдро дар ҳайрат хоҳад андохт; подшоҳон пеши Ӯ даҳони худро хоҳанд баст, зеро он чиро, ки ба онҳо ҳикоят карда нашуда буд, хоҳанд дид, ва он чиро, ки нашунида буданд, хоҳанд фаҳмид. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden