Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 51 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶОҲУ ЯКУМ Наҷоти ояндаи Исроил.

1 «Маро бишнавед, эй муштоқони адлу инсоф, эй толибони Худованд! Ба сахрае ки аз он канда шудаед, ва ба умқи ҳафрае ки аз он берун оварда шудаед, назар андозед.

2 Ба падаратон Иброҳим, ва ба Соро, ки шуморо зоидааст, назар андозед; зеро вақте ки Ман ӯро даъват намудам, ӯ як нафар буд, ва ӯро баракат додам, ва ӯро афзун гардонидам.

3 Ба яқин, Худованд Сионро тасаллӣ хоҳад дод, тамоми харобазори онро тасаллӣ хоҳад дод, ва биёбони онро мисли Адан, ва саҳрои онро мисли боғи Худованд хоҳад гардонид; шодӣ ва хурсандӣ, шукрона ва овози суруд дар он шунида хоҳад шуд.

4 Эй қавми Ман, ба Ман диққат намоед, ва эй қабилаи Ман, ба Ман гӯш диҳед! Зеро ки шариат аз ҷониби Ман хоҳад баромад, ва Ман инсофи Худро мисли нуре бар қавмон хоҳам пошид.

5 Адолати Ман наздик аст, наҷоти Ман зоҳир шудааст, бозуҳои Ман қавмонро доварӣ хоҳад намуд; ҷазираҳо ба Ман умедвор шуда, ба бозуи Ман таваккал хоҳанд кард.

6 Чашмони худро сӯи осмон баланд кунед, ва ба поён, сӯи замин назар андозед, зеро ки осмон мисли дуд пароканда хоҳад гардид, ва замин мисли ҷомае ҷиғда‐ҷиғда хоҳад шуд, ва сокинонаш низ хоҳанд мурд, валекин наҷоти Ман то абад боқӣ хоҳад монд, ва адолати Ман хотима нахоҳад ёфт.

7 Маро бишнавед, эй адолатшиносон, эй қавме ки шариати Ман дар дили шумост! Аз мазаммати мардум натарсед, ва аз таҳқири онҳо наҳаросед,

8 Зеро ки онҳоро мисли либосе куя хоҳад зад, ва кирм онҳоро мисли пашме хоҳад хӯрд, валекин адолати Ман то абад, ва наҷоти Ман ба таври доимӣ боқӣ хоҳад монд».

9 Бедор шав, эй бозуи Худованд, бедор шав, ва ҷомаи қудратро дар бар кун! Мисли айёми қадим ва даврҳои дерин бедор шав! Оё ту ҳамон нестӣ, ки Раҳабро куштаӣ, ва наҳангро нобуд кардаӣ?

10 Оё ту ҳамон нестӣ, ки баҳр ва обҳои вартаи азимро хушк кардаӣ, ва умқҳои баҳрро ба роҳе табдил додаӣ, то ки растагорон убур намоянд?

11 Ва растагорони Худованд баргашта, бо тараннум ба Сион хоҳанд омад, ва хурсандии абадӣ бар сари онҳо хоҳад буд; онҳо ба шодӣ ва хурсандӣ ноил хоҳанд гардид, ва андӯҳу фиғон нест хоҳад шуд.

12 «Ман, Ман Тасаллидиҳандаи шумо ҳастам. Ту кистӣ, ки аз инсони миранда метарсӣ, ва аз писари одам, ки мисли гиёҳ аст?

13 Ва ту Худовандро, ки Офаринандаи туст, ва Ӯ осмонро густурдааст ва заминро буньёд кардааст, фаромӯш мекунӣ, ва ҳамеша, ҳар рӯз аз хашми ситамгар, вақте ки вай барои нобуд кардан омода мегардад, ҳаросон мешавӣ. Вале хашми ситамгар куҷост?

14 Ба зудӣ бандӣ раҳо хоҳад шуд, ва андаруни чоҳ нахоҳад мурд, ва нонаш камӣ нахоҳад кард.

15 Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки баҳрро ба ҷӯшу хурӯш меоварам, то ки мавҷҳояш наъра кашад; Худованди лашкарҳо исми Ман аст.

16 Ва Ман каломи Худро дар даҳони ту гузоштаам, ва дар сояи дасти Худ туро пинҳон кардаам, то ки осмонро барқарор намоям, ва заминро буньёд кунам, ва ба Сион бигӯям: „Ту қавми Ман ҳастӣ“».

17 Хушьёр шав, ҳушьёр шав, бархез, эй Ерусалим, ки ту аз дасти Худованд косаи ғазаби Ӯро нӯшидаӣ, дурди косаи заҳролудро нӯшида, холӣ кардаӣ.

18 Аз ҳамаи писароне ки вай зоидааст, яке набуд, ки варо раҳбарӣ намояд, ва аз ҳамаи писароне ки вай ба воя расонидааст, яке набуд, ки дасти варо гирад.

19 Ду фалокат ба сари ту омадааст, — кист, ки ба ту ҳамдардӣ изҳор кунад? Таҳлука ва шикаст, қаҳтӣ ва шамшер! Кист, ки туро тасаллӣ диҳад?

20 Писарони ту бемаҷол гардида, дар сари ҳар кӯча мисли говмеши ба домафтодае хобидаанд, дар ҳолате ки аз ғазаби Худованд, аз итоби Худои ту пур шудаанд.

21 Пас, инро бишнав, эй шӯрбахт, ва эй масту мадҳуш, вале на аз шароб.

22 Худованди ту, Худованд ва Худои ту, ки қавми Худро пуштибонӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Инак, Ман косаи заҳролудро, дурди косаи ғазаби Худро аз дасти ту мегирам: ту онро дигар нахоҳӣ нӯшид.

23 Ва онро ба дасти касоне ки бар ту ситам мекунанд, медиҳам, ки онҳо ба ҷони ту мегуфтанд: „Сарнагун шав, то аз болоят бигзарем“, ва ту тахтапушти худро мисли замин ва мисли кӯча барои роҳгузарон гардондаӣ».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan