Ишаъё 50 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶОҲУМ Ба залолат афтодани Қуддуси Худо. 1 Худованд чунин мегӯяд: «Талоқномаи модаратон, ки Ман бо он ӯро рондаам, куҷост? Ё кист аз қарзхоҳони Ман, ки шуморо ба вай фурӯхтаам? Шумо, охир, ба сабаби гуноҳҳои худ фурӯхта шудаед, ва модаратон ба сабаби ҷиноятҳои шумо ронда шудааст. 2 Чаро, вақте ки Ман омадам, касе набуд? Вақте ки Ман нидо кардам, касе ҷавоб надод? Оё дасти Ман аз раҳо кардан кӯтоҳ шудааст? Ва оё дар Ман қуввате нест, ки халосӣ диҳам? Бо итоби Худ, охир, Ман баҳрро хушк мекунам, наҳрҳоро ба биёбон табдил медиҳам, ба тавре ки моҳии онҳо аз беобӣ бӯй мегирад ва аз ташнагӣ мемирад. 3 Ман осмонро кисвати сӯгворӣ мепӯшонам, ва палосро пардаи он мегардонам». 4 Худованд Худо забони донишҷӯёнро ба Ман додааст, то ки тавонам бемачолеро бо калом дастгирӣ намоям; Ӯ субҳ ба субҳ бедор мекунад, гӯши Маро бедор мекунад, то ки мисли донишҷӯён бишнавам. 5 Худованд Худо гӯши Маро кушодааст, ва Ман муқобилат накардаам, ақиб нагаштаам. 6 Ман тахтапуштамро ба зарбазанҳо, ва рухсорамро ба ришканҳо додаам; рӯямро аз хориҳо ва туфкуниҳо пинҳон накардаам. 7 Ва Худованд Худо ба Ман ёварӣ мекунад; бинобар ин Ман хиҷолат намекашам; бинобар ин Ман рӯи Худро мисли санги чақмоқ нигоҳ медорам, ва медонам, ки хиҷил нахоҳам шуд. 8 Сафедкунандаи Ман наздик аст. Кист, ки тавонад бо Ман мубоҳиса намояд? Якҷоя биистем! Кист, ки тавонад ба Ман даъво кунад? Бигзор наздик ояд! 9 Худованд Худо, охир, ба Ман ёварӣ мекунад. Кист, ки тавонад Маро айбдор кунад? Ҳамаи онҳо, охир, мисли ҷомае ҷиғда‐ҷиғда хоҳанд шуд: онҳоро куя хоҳад зад. 10 Кист аз шумо, ки аз Худованд метарсад ва ба овози Бандаи Ӯ гӯш медиҳад? Ҳар касе ки дар торикӣ қадамгузор буда, рӯшноӣ надошта бошад, бигзор ба исми Худованд таваккал намояд ва ба Худои худ такья кунад. 11 Инак ҳамаи шумо, ки оташ меафрӯзед, ва шарораҳо мепошед, дар алангаи оташи худ ва дар шарораҳое ки барафрӯхтаед, қадамгузор бошед! Ин барои шумо аз дасти Ман аст: дар андӯҳ хоҳед хобид. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden