Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ишаъё 48 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧИЛУ ҲАШТУМ Наҷоти Исроил ба воситаи Бандаи Муқаддаси Худо хоҳад омад.

1 Инро бишнавед, эй хонадони Яъқуб, ки ба номи Исроил хонда мешавед, ва аз чашмаи Яҳудо ба вуҷуд омадаед, ва ба исми Худованд қасам мехӯред, ва Худои Исроилро зикр мекунед, лекин на аз рӯи ростӣ ва на аз сидки дил.

2 Зеро онҳо, ки худро аз фуқарои шаҳри муқаддас мехонанд, бар Худои Исроил эътимод менамоянд; исми Ӯ Худованди лашкарҳост.

3 «Вақоеи пешинаро Ман аз қадим эълон намудаам, ва аз даҳони Ман баромадааст, ва Ман онҳоро баён кардаам, ногаҳон ба амал овардаам, ва иҷро шудааст.

4 Азбаски Ман медонистам, ки ту сахтдил ҳастӣ, ва рагу паи гарданат оҳанин, ва пешониат мисин аст,

5 Бинобар ин ба ту аз қадим эълон намудаам, пеш аз вуқӯъ туро хабардор кардаам, ки мабодо бигӯӣ: „Бути ман инро ба амал овардааст, ва санами ман ва ҳайкали рехтаи ман инро амр фармудааст“.

6 Он чи шунидаӣ, ба ҳамааш назар андоз; шумо, охир, инро метавонед тасдиқ кунед. Аз ҳоло низ чизҳои тозаро ба ту эълон намудаам, ва чизҳои ниҳониеро, ки ту намедонистӣ.

7 Ҳоло, ва на аз қадим, ин чизҳо офарида шудааст, ва ту дирӯз онҳоро нашнидаӣ, ки мабодо бигӯӣ: „Инак, онҳоро медонистам“.

8 Ҳам нашнидаӣ, ҳам надонистаӣ, ва ҳам гӯши ту он вақт воз набуд; зеро Ман медонистам, ки ту бисьёр хиёнаткор ҳастӣ, ва аз батн осӣ номида шудаӣ.

9 Ба хотири исми Худ ғазабамро нигоҳ медорам, ва барои ҷалоли Худ ба нафъи ту худдорӣ менамоям, то ки туро нобуд накунам.

10 Инак, Ман туро гудохтаам, вале на дар бӯтаи нуқра: туро дар кӯраи азиятҳо имтиҳон намудаам.

11 Ба хотири Худам, ба хотири Худам ин корро хоҳам кард, зеро ки чаро исми Ман хор шавад? Ва ҷалоли Худро ба дигаре нахоҳам дод.

12 Маро бишнав, эй Яъқуб, ва эй Исроили даъватшудаи Ман! Ман ҳамон ҳастам, Ман аввалин ҳастам, ва Ман охирин ҳастам.

13 Дасти Ман заминро буньёд кардааст, ва ямини Ман афлокро густурдааст; чун онҳоро даъват намоям, яқҷоя хоҳанд истод.

14 Ҳамаатон ҷамъ шавед ва бишнавед: кист аз миёни бутҳо, ки ин вақоеъро пешгӯӣ карда бошад? Худованд варо дӯст доштааст, — вай иродаи Ӯро дар Бобил ба ҷо хоҳад овард, ва бозуи Ӯро бар калдониён зоҳир хоҳад кард.

15 Ман, Ман гуфтаам, ва ӯро даъват намудаам: ӯро овардаам, ва ӯ дар роҳи худ муваффақият хоҳад ёфт.

16 Ба Ман наздик омада, инро бишнавед: аз ибтидо ҳам Ман ба таври ниҳонӣ сухан нарондаам; аз замоне ки ин ба вуқӯъ меояд, Ман дар он ҷо ҳастам». Ва алҳол Худованд Худо Маро фиристодааст, ва Рӯҳи Ӯ бар Ман аст.

17 Худованд, ки Раҳокунандаи ту ва Қуддуси Исроил аст, чунин мегӯяд: «Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ, ва туро ба роҳе ҳидоят менамоям, ки бояд бо он биравӣ.

18 Кошки ба аҳкоми Ман гӯш медодӣ! Он гоҳ осоиштагии ту мисли наҳр, ва адолати ту мисли мавҷҳои баҳр мебуд,

19 Ва насли ту мисли рег, ва зурьёти камари ту мисли зарраҳои он мебуд: номи вай аз ҳузури Ман маҳв ва нобуд намешуд».

20 Аз Бобил берун оед, аз миёни калдониён шитобон биравед; инро бо овози тараннум хабар диҳед ва эълон намоед; то ақсои замин инро интишор кунед; бигӯед: «Худованд бандаи Худ Яъқубро раҳо кард!»

21 Ва онҳо ташнагӣ накашиданд, гарчанде ки Ӯ онҳоро бо роҳҳои харобазор бурд; аз кӯҳпора барои онҳо об баровард: кӯҳпораро шикоф кард, ва об ҷорӣ шуд.

22 «Барои шарирон осоиштагӣ нахоҳад буд», — мегӯяд Худованд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan